Табодули таҷриба фаъолиятро беҳбуд мебахшад

№36 (4619) 13.03.2023

DSC_7028.JPGЁздаҳуми марти соли 2023 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии раиси комиссия, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова ҷаласаи комиссияи мазкур баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода суханронӣ намуданд.

Муовини раиси комиссия, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ оид ба таҷдиди муқаррароти Қонуни намунавӣ «Дар бораи асосҳои фаъо­лияти ҷавонон» маърӯза ва роҷеъ ба лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаи истифодаи зеҳни сунъӣ, дастгирии молиявии фаъолияти инноватсионӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ барои мактаб­бачагон ва олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ибрози андеша намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин кормандони Котиботи Шӯрои АБ ИДМ таҳти роҳбарии Котиби генералии Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский иштирок доштанд.

Вакилон ва сенаторҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил татбиқи «Нақшаи нави қонуни намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025» — ро, ки дар сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар Самарқанд тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷаласа Виолетта Ладутко, муовини сардори Маркази таҳлили низоми Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус дар бораи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи фонд­ҳои мақсадноки дастгирии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ» сухан гуфт.

Қабули қонун, ба ноил шудан ба стандартҳои баланди байналмилалӣ ва давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, инчунин ба такмили сиёсати давлатии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи илмию инноватсионӣ мусоидат мекунад, — қайд кард Виолетта Ладутко.

Иштирокчиёни ҷаласа бо рафти таҳрири Қонуни намунавӣ «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» шинос шуданд. Қабули он ба таҳкими ҳамкории олимон дар кишварҳои ИДМ ва баланд бардош­тани мақоми субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Вакилони парлумон пешниҳодҳоро оид ба рушди шаклҳои шабакавии ҳамкорӣ дар татбиқи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ баррасӣ карданд. Дар ин бора Андрей Рудской, раиси Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи ИДМ, ректори Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербурги Пётри Кабир маърӯза кард.

Иван Мушкет, муовини раиси котиботи Шӯрои АБ ИДМ, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мониторинги рушди демократияи АИ ИДМ ба аъзои комиссия пешниҳод кард, ки баргузории Олимпиадаи байналмилалии илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ барои мактаббачагони мамлакатҳои ИДМ баррасӣ шавад.

- Мақсади асосии озмуни зеҳнӣ паҳн кардани дониш дар бораи принсипҳои рушди демократии ҷомеаи муосир, парламентаризм ва ҳуқуқи инсон мебошад. Олимпиада, инчунин ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ошкор ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд мусоидат мекунад, — гуфт Иван Мушкет.

Институти байналмилалии мониторинги рушди демократияи АБ ИДМ соли сеюм аст, ки олимпиадаи донишҷӯёнро бахшида ба омӯзиши низоми интихоботии кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият гузаронида истодааст. Соли гузашта дар он 1465 донишҷӯ аз 149 давлат иштирок доштанд.

Директори Кумитаи байналмилалии Делфия Владимир Понявин дар бораи Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе баргузор шуд, сухан гуфт. Лозим ба ёдоварист, ки дар он 500 ҷавони аз 10 то 25-сола аз ҳафт кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат доштанд.

Дар ин раванд доир ба баргузории Бозиҳои паралимпӣ табодули афкор сурат гирифт.