Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи чор созишнома аз ҷониби Маҷлиси намояндагон

№52 (4635) 12.04.2023

DSC_871312 — уми апрели соли 2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рафизода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласаи нав­батӣ чор масъала пешниҳод шудааст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории сил

2. Дар хусуси Созишномаи грантӣ (кумаки техникӣ) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ»

3. Дар хусуси Протокол оид ба қатъи амали протоколи байни ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи мутобиқкунии корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз 15 майи соли 1992

4. Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ).

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи ­масъалаи якум сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ дода мешавад. Марҳамат.

Абдухолиқ АМИРЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Васеъшавии равандҳои глобалӣ, аз ҷумла муҳоҷират ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсир гузошта истодааст. Мутаассифона, дар ҳолатҳои гуногуни муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ дар ҷойи будубоши муваққатӣ, аз ҷумла бемории сил, ки асосан бемории хусусияти иҷтимоидошта аст, ба чашм мерасад.

Созишномаи мазкур барои давом ва вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмин намудани мувофиқати тадбирҳои давлатии зиддиэпидемиологӣ ва санитарию гигиенӣ барои ҳифзи санитарии минтақаҳои тарафҳо мусоидат намуда, дастрасии шаҳрвандони тарафҳоро ба хизматрасониҳои тиббию санитарӣ фароҳам хоҳад овард. Барои татбиқи созишномаи мазкур маблағи иловагӣ пешбинӣ намешавад. Баргузории чорабиниҳои муштарак пешакӣ аз ҷониби тарафҳо муайян шуда, хароҷоти он бо назардошти захираҳои молиявии мавҷудаи шарикон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи тарафҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад. Созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки тарафҳо аҳамияти ҳамкориро дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ байни ҳар ду кишвар, ки ба аҳолии давлатҳои тарафҳо хатари калон дорад, ба ­эътибор гирифта, дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳар ду кишвар бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ баҳрамандӣ аз таҷрибаҳои мусбати тарафҳо ба роҳ монад. Ин иқдом барои таҳкими минбаъдаи дурнамои соҳаи иҷтимоии аҳолии кишвар аз лиҳози иқтисодию молиявӣ манфиатовар ҳисобида мешавад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи зикршуда овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашӯрзода Гулбаҳор дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории сил аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон таҳия гардида, дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 20 — уми майи соли 2021 ба имзо расид. Доир ба Созишнома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал маълумот дод.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 – уми марти соли 2023 таҳти №1592 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи мазкур бо моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқ шудани созишнома овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шароф­зода Гавҳар дода мешавад. Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ҳамкориҳо дар пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои сироятӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ аҳамияти хеле калон дорад. Созишномаи мазкур барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмин намудани мувофиқати тадбирҳои давлатии зиддиэпидемиологӣ ва санитарию гигиенӣ барои ҳифзи санитарии минтақа бамаврид аст. Бинобар ин, аз вакилони гиромӣ хоҳишмандам созишномаи мазкурро дастгирӣ намоянд. Қазоқистон яке аз ҳамсояҳои стратегӣ ва наздики Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин лаҳзаҳои ҷаҳонишавии фарҳангу мазҳабҳо ва рафтуои муҳоҷирони меҳнатӣ, қабули ин санади меъёриву ҳуқуқиро дар доираи талаботи мавҷудаи ҳар ду ҷониб зарур мешуморам.

РАИСИКУНАНДА: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории сил» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии Созишномаи грантӣ (кумаки техникӣ) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 — уми декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи «Алянс барои фарогирии молиявӣ» (АФМ) мебошад. Фаъолияти АФМ ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона гардидааст.

14 — уми декабри соли 2022 лоиҳаи фарогирии молиявии гендерӣ оғоз гардид, ки он тавассути баимзорасонии Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ» (АФМ) сурат грифт.

Мақсади асосии созишномаи мазкур дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар АФМ барои солҳои 2022 ва 2023 тавассути пешниҳоди грант ба маблағи 90 000,00 (навад ҳазор) доллари ИМА мебошад.

Аъзогӣ дар АФМ ба Бонки миллии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ, бахусус дастгирии фарогирии молиявии занон, имкон фароҳам меорад.

Тибқи шартҳои қисми 3.01 Созишномаи грантӣ, Бонки миллии Тоҷикистон пардохти якуми грантро қабул намуда (Ҳаққи узвияти солонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар АФМ (45 000,00) барои соли 2022 аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пардохт шуд), ба АФМ барои пардохти аъзоҳаққӣ ирсол намуд.

Дар доираи гранти мазкур гузаронидани чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки барои татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, бо мақсади қабули пардохти дуюм тибқи қисми 3.01 созишнома Бонки миллиро зарур аст, ки гурӯҳи кории дахлдорро таъсис дода, чорабиниҳои заруриро иҷро намояд.

Созишномаи грантӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим ба ҳисоб меравад ва бо мақсади омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ дар татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои соҳибкорони хурду миёна, бахусус занону бонувон, рушди минбаъдаи низоми бонкӣ дар ин самт, иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои кории АФМ манфиатовар мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи санади мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ (кумаки техникӣ) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ» 14 — уми декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Амалишавии созишнома имкон медиҳад, ки занони соҳибкор ба хизматрасониҳои молиявӣ мутобиқ ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

 РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (кумаки техникӣ) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии «Протокол оид ба қатъи амали протоколи байни ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи мутобиқкунии корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз 15 майи соли 1992» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протоколи мутобиқкунандаи корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият бо мақсади истифодаи созишномаи намунавӣ байни ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо давлатҳои сеюм ба имзо расида буд.

Протокол оид ба қатъи амали протоколи зикршуда бинобар дар алоҳидагӣ байни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расидани созишномаҳо оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата омода шудааст.

Қобили қайд аст, ки Протоколи мазкурро ҷониби давлатҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, 4 -уми марти соли 2021 ба имзо расонидааст.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Протоколи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Абдусаломзода Мунаввар дода мешавад. Марҳамат.

Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба қатъи амали протоколи байни ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи мутобиқкунии корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз 15 — уми майи соли 1992 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Протоколи зикршуда бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба қатъи амали протоколи байни ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи мутобиқкунии корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз 15 майи соли 1992» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафизода Мирзоамон Ҳамдам дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон РАФИЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

27 — уми августи соли 2022 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабис­тони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноягҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти дар самти муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) ба имзо расидааст.

Ҳуҷҷати мазкур имкон медиҳад, ки табодули маълумот ва таҷриба оид ба низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҳар ду кишвар сурат гирад, гузаронидани тадқиқот ва курсҳои омӯзишӣ, конференсияҳо, семинарҳо, муҳокимаҳои тарафайн ва ташрифоти байниякдигарӣ аз рӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб имконпазир гардад, инчунин дар табодули маълумоти тафтишотӣ ва дархостҳои истирдод корбарӣ шавад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагашт. Инчунин, санади мазкур барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикис­тон зарур ва бамаврид буда, барои оянда заминаи ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Тасдиқи ёддошти тафоҳуми мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории ҷории кишвар тақозо намекунад ва инчунин, ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки қабули санади мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ёддошти тафоҳуми баррасишаванда байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки 27 – уми августи соли 2022 дар шаҳри Ҷидда аз ҷониби прокуророни генералии ҳар ду кишвар ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гаштааст.

Ёддошти мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Ёддошт ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 7, 8, 9, ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ)» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ