Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи фармонҳои Президент

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

DSC_0832 копияҲабдаҳуми апрели соли 2020 ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор шуд, ки ба он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода раисӣ кард.

 РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 62 нафар дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ҳузур доранд.

Тибқи талаботи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади аниқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат!

Ҳоло дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини арҷманд!

Чунон ки ба мо маълум аст, имрӯз Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гашт, ки дар он муҳтарам Рустами Эмомалӣ якдилона Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ман шахсан аз номи худам ва аз номи иштирокчиёни ҷаласа Рустами Эмомалиро самимона табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳатии комил, сарбаландию барор ва дар фаъолияти масъулиятнокашон баҳри шукуфоии диёр ва фардои дурахшони кишвар муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз, раиси Суди Олӣ Шоҳиён Шермуҳаммад, раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар, раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, раиси Бонки миллӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Бобозода Умед ва дигар шахсони расмӣ, инчунин, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳайати котиботи ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро ташкил намоем.

Пешниҳод аст, ки котибот иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати шахсони зерин ташкил карда шавад:

Раиси  котибот:

Ашурзода Гулбаҳор Сангилло — вакили Маҷлиси намояндагон

Аъзои котибот:

Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон – узви Маҷлиси миллӣ

Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб – вакили Маҷлиси намояндагон.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойи худ гузаранд ва ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 10 банди 2 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб намоем.Пешниҳод аст, ки ҳайати комиссияи мазкур 5 нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шаванд:

1. Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — узви Маҷлиси миллӣ

2. Обидов Фозил Саидович — вакили Маҷлиси намояндагон

3. Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна — вакили Маҷлиси намояндагон

4. Матробиён Саодатшо Қосимзода — вакили Маҷлиси намояндагон

5. Хоҷазода Фарзона Ҳамдам — узви Маҷлиси миллӣ.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Аз Комиссияи баҳисобгирии овозҳо хоҳиш карда мешавад, ки фаъолиятро тибқи тартиботи муқарраргардида ба роҳ монад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамчунин, мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян созем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад. Марҳамат!

ФАТТОҲЗОДА Саидмурод Самад: — Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, муҳтарам  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дас­тури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод мекунам, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъвати шашум дар шакли зерин муқаррар карда шавад:

1. Кори ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври фишурда дар барномаҳои бегоҳирӯзӣ инъикос ва  шунавонида шавад.

2. Рафти ҷаласа дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.

3. Рафти ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Нисбати лоиҳа ягон таклифу пешниҳоди дигар доред?

Пешниҳод шуд, ки лоиҳа ба овоз монда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Акнун лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Пешниҳод аст, ки ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

1.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокирзода М. З.»

2.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Шоҳмурод Р.»

3.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Тағойзода С. С.»

4.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Н.»

5.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Орумбекзода Ш. Ш.»

6.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Саид Н. С.»

7.   Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатторӣ И.»

8.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Исматуллозода Ш. И.»

9.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.»

10.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ашуриён М. Қ.»

11.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷабборзода Г.»

12. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Завқизода З. А.»

13.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Давлатзода З. Д.»

14.  Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Имомзода М. С.»

15. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. Ф.».

Дар ин бора лоиҳаи қарор дар дасти шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон мавҷуд аст.

Вобаста ба ин масъала таклифу пешниҳодоти дигар бошад, марҳамат!

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул ва рӯзнома тасдиқ гардид.

Ташаккур.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокирзода М. З.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат!

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Зокирзода Маҳмадтоир  Зоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 январи соли 2020, № 1406».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала ягон андеша ҳаст? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шоҳмурод Р.» мегузарем.

Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам.

1. Шоҳмурод Рустам  бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 январи соли 2020, № 1407».

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала ягон андеша ҳаст? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии шумо масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Тағойзода С. С.» пешниҳод карда мешавад.

Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Тағойзода Сумангул Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 январи соли 2020, № 1408».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала чӣ гуна андешаҳо ҳаст?

Тибқи таклифи пешниҳодгардида, лоиҳаи қарорро  ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Масъалаи — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Н.» ба баррасии шумо пешниҳод карда мешавад.

Марҳамат, сухан ба шумо, муҳтарам Зариф Ализода.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳикматуллозода Неъматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 1419».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала низ ягон андеша ҳаст?

Тибқи пешниҳоди баёнгардида, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  озод намудани Орумбекзода Ш. Ш.» мегузарем.

Марҳамат, муҳтарам Ализода Зариф, сухан ба шумо.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Орумбекзода Шамсиддин Шодибек бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020,  №1420».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала ягон андеша ҳаст?

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии шумо масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Н. С.» пешниҳод мегардад.

Марҳамат, муҳтарам Ализода Зариф, сухан ба шумо.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Саид Нуриддин  Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 1421».

РАИСИКУНАНДА: Муҳтарам ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала чӣ андеша доред?

Ба овоз монда шавад? Тибқи пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии шумо масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатторӣ И.» пешкаш мегардад.

Сухан ба шумо, муҳтарам Ализода Зариф.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сатторӣ Изатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи  вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 27 январи соли 2020, № 1432».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала чӣ андеша доред? Тибқи пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро  ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии масъалаи  — Оид ба  тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Исматуллозода Ш. И.» мегузарем.

Марҳамат, муҳтарам  Ализода Зариф!

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020,  № 1455».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала ягон андеша ҳаст? Тибқи пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии шумо масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.» пешниҳод карда мешавад.

Марҳамат, муҳтарам Ализода Зариф, сухан ба шумо.

АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020,  № 1454».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала чӣ андеша доред?

Тибқи пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ашуриён М. Қ.» мегузарем.

Марҳамат, сухан ба шумо, муҳтарам Ализода Зариф.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 январи соли 2020,  № 1410».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала чӣ андеша доред? Тибқи пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин намудани Ҷабборзода Г.» ба баррасии шумо пешниҳод карда мешавад.

Сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад, марҳамат.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад.

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҷабборзода Гулрӯ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 январи соли 2020,  № 1411».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Марҳамат, чӣ андеша доред?

Ба овоз монда шавад?

Бо дарназардошти пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Завқизода З. А.» мегузарем.

Марҳамат, муҳтарам Ализода Зариф, сухан ба шумо.

АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Завқизода Завқӣ Амин вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020,    № 1424».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала кӣ чӣ андеша дорад?

Пешниҳоди шуморо ба инобат гирифта, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии шумо масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Давлатзода З. Д.» пешниҳод карда мешавад.

Сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат!

 АЛИЗОДА Зариф фармони ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Давлатзода Зулфия Давлат вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,  24 январи соли 2020,   № 1426».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Марҳамат, чӣ андеша доред?

Ба овоз монда шавад? Бо пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба баррасии шумо масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Имомзода М. С.» пешниҳод мегардад.

Сухан ба муҳтарам Ализода Зариф  дода мешавад, марҳамат!

АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур  барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020,  № 1425».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Марҳамат, чӣ андеша доред?

Ба овоз монда шавад?

Бо пешниҳоди иброзшуда, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ниҳоят, барои баррасӣ масъалаи охирин – Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. Ф.» пешниҳод карда мешавад.

Сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

 АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Салимзода Амонулло Файзулло вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  Эмомалӣ Раҳмон

шаҳри Душанбе, 27 январи соли 2020, №1431».

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Марҳамат, чӣ андеша доред?

Ба овоз монда шавад? Бо дарназардошти пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам раиси  котиботи ҷаласа, Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, шумо ягон гуфтание доред?

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло: — Муҳтарам Раисикунанда, унвонии ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон мактуб, дархост ё барқия ворид нашудааст.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони  Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум дохил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Оид ба кори ҷаласаи якҷоя таклиф, пешниҳод ва ё эрод доред? Нест.

Ман ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагон, барои иштироки фаъолона дар кори ҷаласаи якҷоя изҳори ташаккур менамоям.

Бо ҳамин ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир  Неъматулло АЛИЕВ