Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи созишнома баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон

№30-31 (4450-4451) 11.03.2022

DSC_1788Нуҳуми марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон» сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон РОФИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мавриди зикр аст, ки 18 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд.

Он имкони ҳамкориро дар самти интиқоли шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ дар яке аз кишварҳо маҳкум шудааст, бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазо дар кишваре, ки маҳкумшуда шаҳрванди он мебошад, ба миён меорад.

Созишнома, тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №355 тасдиқ шудааст, мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудаанд.

Созишнома барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур ва бамаврид мебошад.

Айни замон дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон адои ҷазои ҷиноятӣ надорад.

Дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон адои ҷазо дорад. Чунончи, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 7 январи соли 2022, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Резвониён Сайёдҳусейн, соли таваллудаш 21 марти соли 1972 бо моддаҳои 32 қ.3-104 қисми 2 ва 249 қисми 3 бандҳои «а, з, и» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Ба имзо расидани созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории ҷории кишвар тақозо намекунад. Он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Мувофиқи таҷрибаи қаблӣ дар ин самт ҳама хароҷоти интиқоли маҳкумшудагон дар сурати розӣ будан аз тарафи хешовандони наздики маҳкумшудагон ба амал бароварда мешавад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад.

Мавлудахон Мирзозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон 18 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он имкони ҳамкориро дар самти интиқоли шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ё ба дигар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар ҳудуди тарафи ҳукмкарда бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазои онҳо дар тарафи ҳукмиҷрокунанда мутобиқи муқаррароти созишнома ва шартҳои дар қонунгузории миллии онҳо пешбинишударо мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор медиҳад.

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур мебошад.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2022 таҳти №1069 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт ва пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Кумитаи масъул 2 марти соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро дар ҷаласаи васеъ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар Ашуриён:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади самаранокии ташкили фаъолият, истифодаи мувофиқи институти ҷойивазкунӣ ва бартараф намудани ихтилофот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия гардид.

Мутобиқи он ҷиҳати мутобиқ намудани моддаи 9 қонуни мазкур ба матни он номи модда дар таҳрири нав пешниҳод карда шуд.

Дар асоси моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Меъёри мазкур дар мухолифат ва такроршавӣ ба моддаи 261 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қарор дошта, дар амалия гуногунфаҳмиро ба миён овард.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кадр­ҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дар заминаи меъёри мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2019 таҳти №1328 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он, танҳо мансаб­ҳои категорияҳои олӣ, якум ва дуюм бо ҷойивазкунӣ фаро гирифта шуда, ҷойивазкунии дигар категорияҳо бо ҳавола ба қонунгузории соҳавӣ, инчунин, тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бинобар ин, тибқи лоиҳа, пешниҳод карда шуд, ки дар ном, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» калимаи «роҳбарикунанда» ба калимаҳои «роҳбарикунанда ва дигар кормандони» иваз карда шавад. Ҳамчунин, қисми 3 моддаи 30 қонуни мазкур дар таҳрири нав ифода гардида, ба модда қисми 4 илова карда шуд.

Зарурати ин тағйиру илова ба он асос меёбад, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мақомоти адлия воҳиди сохтории ягона надошта, ду зернизоми он — мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ алоҳида ва комилан мустақил фаъолият менамоянд.

Ҳарчанд моҳиятан бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ ҳамчун воҳиди мустақил аз лиҳози шумораи кормандон ва сарбории кор ба раёсат баробар бошанд ҳам, тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири бахш, нотариуси калон ва нотариус мувофиқан ба категорияҳои чорум, панҷум ва шашум мансуб дониста шуда, масъалаи ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и онҳо танзим нашудааст.

Мутобиқи меъёри пешниҳодшаванда минбаъд ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кормандони дигари мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти қонуни амалкунанда ба дигар қонунгузорӣ ва ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани дигар кормандони мақомоти адлия таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳа, ба моддаҳои 9 ва 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаи дахлдор ворид карда мешаванд.

Тибқи қисми 1 лоиҳаи қонуни мазкур, номи моддаи 9 дар таҳрири нав ифода мегардад.

Мувофиқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Меъёри мазкур дар мухолифат ва такроршавӣ ба моддаи 261 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии кадр­ҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорад.

Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани чунин мухолифат қисми 3 моддаи 30 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки дар асоси он ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кадр­ҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин, ба моддаи 30 қисми 4 илова карда мешавад, ки мутобиқи он, тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и дигар кормандони мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021 таҳти № 953 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 7 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Маҳмудҷон УСМОНОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ