Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасдиқи Созишномаҳои грантии идоракунии захираҳои об ва хавфи офатҳои табиӣ

№152 (3946) 22.12.2018

Нуздаҳуми декабри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

DSC_7874РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 -уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Самизода М. Р. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Файзализода Н. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Кучакшозода А. Д. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Алиаҳмадиён Р. М.»

 5. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Давроншоҳиён Р. Д.»

6. Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус №0576-TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ — маблағгузории иловагӣ»

7. Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна №0577-TAJ (EF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ»

8. Дар бораи Созишномаи грантӣ (№0614-TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

Оид ба масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Самизода Муҳаммадалӣ Ризо аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Роҷеъ ба масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Файзализода Назаралӣ аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Оид ба масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Кучакшозода Акрам Давлатхон аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад» шурӯъ менамоем.

Вакилони муҳтарам!

Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад солҳои зиёд дар соҳаи молия ифои вазифа кардаанд. Аз ҷумла, солҳои охир (аз соли 2013) дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мутахассис, мудири бахш ва аз соли 2014 сардори раёсат кор мекунанд.

Марҳамат, ба Алиаҳмадиён ­Рустам Мираҳмад савол доред? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад, бинобар ба вазифа таъин шуданаш, савганд ёд кард.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Давроншоҳиён Рамеш Давроншо» шурӯъ менамоем.

Давроншоҳиён Рамеш Давроншо дар ноҳияи Мурғоб таваллуд шудааст. Дорои ду маълумоти олӣ – ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарз мебошад. Тӯли қариб 20 сол ҳамчун нозир, корманди молия дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (то соли 2009), аз соли 2010 ҳамчун сардори шуъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукии минтақаи гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, солҳои минбаъда сардори раёсати минтақавии гумрук дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2015 сармутахассис, сардори шуъба дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ба Давроншоҳиён Рамеш Давроншо кӣ савол дорад? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Давроншоҳиён Рамеш Давроншо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давроншоҳиён Рамеш Давроншо, бинобар ба вазифа таъин шуданаш, савганд ёд кард.

РАИС: - Дар бораи масъалаҳои Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус №0576 – TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» ва Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна №0577-TAJ (EF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаҳои грантии зикршуда 3 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, маблағи умумии ҷалбгардида 11,5 млн. доллари амрикоиро ташкил менамояд. Аз он 6,5 млн. доллари амрикоӣ гранти Бонки Осиёии Рушд (Гранти № 0576- TАJ (SF) ва 5,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Фонди Иқлими Сабз (Гранти № 0577 – TAJ (EF)) мебошад.

Маблағҳои иловагии ҷалбшуда барои насби дастгоҳҳои назоратӣ ва низоми огоҳонӣ, инчунин таҳияи модели нави пешгӯии обхезиҳо барои ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон, Шамсиддин Шоҳин, бо дарназардошти фарогирии дигар ноҳияҳои ҳавзаи мазкур, таҳкими сатҳи касбияти мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ доир ба системаҳои огоҳонӣ вобаста ба обхезиҳо, пешгӯӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, таҷдиди маркази амалиётии Агентии обуҳавошиносӣ, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасони он, мушаххасан сохтмони се бинои алоҳида барои фаъолияти Агентӣ ва ду бинои 11- ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони соҳа, дастгирии ҳуқуқӣ ҷиҳати такмили низоми идоракунӣ ва ташкилии Агентии обуҳавшиносӣ, таҳия ва амалисозии бизнес – модул тавассути ҷорӣ намудани хизматрасониҳои пулакӣ, сарф хоҳад шуд.

Татбиқ шудани лоиҳа маҷмӯан ба рушди соҳа, бахусус дастрасӣ ба таҷҳизоту барнома ва технологияҳои муосири соҳавӣ, пешгӯии саҳеҳи вазъи боду ҳаво, идораи босамари захираҳои обии кишвар, амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳа мусоидат менамояд. Амалишавии лоиҳа соли 2018 оғоз ёфта, татбиқи он то соли 2023 пешбинӣ гардидааст.

Аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо ду Созишномаҳои грантӣ (гранти № 0576- TAJ(SF)) ва (гранти №0577-TAJ(ЕF)) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ — маблағгузории иловагӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Онҳо бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 10 декабри соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд.

Ҳадафи асосии созишномаҳои мазкур муяссар гардидан ба афзоиши ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва банақшагирии самарабахш дар ҳавзаи дарёи Панҷ, беҳтар намудани обёрӣ, зироаткорӣ ва идоракунии захираҳои обӣ дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйирёбии иқлим равона карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаҳои зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул созишномаҳоро 13 декабри соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба муқаррароти санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо -вакилони гиромӣ хоҳиш менамояд, ки созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил Сафаров Зайнудин дода мешавад.

Зайнудин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис! Масъала барои рушди минбаъдаи Агентии обуҳавошиносӣ хеле муҳим мебошад. Соли 2014 дар Маҷлиси намояндагон оид ба вазъи соҳа муҳокимаи парламентӣ доир шуда буд. Қабл аз баргузории он бо вазъи соҳа, аз ҷумла дар минтақаи дарёи Панҷ, шинос шудем. Бояд зикр намуд, ки бинову иншооте, ки он ҷо мавҷуд буд. хеле пеш сохта шуда, таҷҳизоташон низ куҳнаву фарсуда гардида, ба ягон талабот ҷавобгӯ набуд. Ҳоло ҳам вазъ дар он ҷо тағйир наёфтааст. Биноан, сипосгузорем аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вазорати молия, ки лоиҳаро тарҳрезӣ ва барои амалӣ шуданаш иқдом намуданд. Хоҳиш менамоям лоиҳаи қарорро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус № 0576- TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна № 0577- TAJ (EF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишномаи грантӣ (№ 0614 — TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи миллии «Идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» 9 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, маблағи умумии ҷалбгардида 11,0 млн. доллари амрикоиро ташкил менамояд. Аз он 10,0 млн. доллари амрикоӣ гранти Бонки Осиёии Рушд ва 1,0 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Ҳадафи лоиҳа таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили механизми устувор ҷиҳати идораи хавфҳои офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад.

Он аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

- ҷорӣ намудани идораи хатарҳои офатҳои табиӣ дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла таҳияи нақшаи мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалӣ ва ҳуқуқии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ;

- таҳияи Харитаи роҳ барои сармоягузорӣ ва маблағгузории устувор. Харитаи мазкур бо мақсади дарёфти манбаъҳои сармоягузорӣ барои солҳои 2022-2030, аз ҷумла, барои идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ, баҳисобгирии пиряхҳо, инчунин таҷдиди иншоотҳои огоҳкунандаи кӯли Сарез, пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ таҳия мегардад;

- таҳкими низоми идоракунии маълумоти касбӣ, инчунин гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба пешгирии хавфи офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ.

Амалишавии лоиҳа соли 2019 оғоз ёфта, татбиқи он то соли 2023 пешбинӣ гардидааст.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рус­там Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (№0614 — TAJ(SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он аз дебоча ва 7 модда иборат буда, бо мақсади паст намудани талафоти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар хавфи офатҳои табиӣ, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 17 декабри соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намоян­дагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Созишномаи грантӣ (№0614-TAJ(SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро тасдиқ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (№0614 –TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин пешгирии ҷилавгирии бемориҳои сироятӣ байни кӯдакону ҷавонон, азбаркунии асос­ҳои гигиенаи шахсӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Шафеиён Ислом ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 25 июни соли 2018 №1839 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил 36 таклиф пешниҳод кардаанд, ки аз онҳо 20-тояш пурра ва чортои дигар қисман қабул гардид.

Тағйироти пешниҳодгардида фарогири шаш моддаи қонуни амалкунанда буда, дар баробари хусусияти муайянкунандаву мутобиқкунанда доштан дорои хусусияти танзимкунанда низ мебошанд, ки он уҳдадориҳои нави падару модарро дар тарбияи фарзанд, аз қабили бартарияти манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ, мусоидат ба интихоби касб, омӯзонидани асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муошират пешбинӣ менамояд.

Зимнан, бо дарназардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва пешниҳоди кумитаи масъул бо дарназардошти бартарафсозии номутобиқатии меъёрҳои дар лоиҳа пешниҳодгардида ва мутобиқгардонии он ба матни қонуни амалкунанда ду қисми лоиҳа хориҷ ва чор қисми дигари он таҳрир карда, ҷиҳати аз байн бурдани номутобиқатии дохилӣ ба лоиҳа як қисми алоҳида, яъне қисми 7, илова шуд.

17 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур пурра ба инобат гирифта шуд.

Кумитаи масъул бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардидаро ба баррасии шумо — вакилони арҷманд пешниҳод карда, хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Маърӯза ба поён расид. Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Нест. Дар толор яке аз ташаббускорони лоиҳаи қонуни зикршуда Мансурӣ Дилрабо ҳузур дорад. Шумо ба маълумоти пешниҳодшуда ягон чиз илова кардан мехоҳед?

МАНСУРӢ Дилрабо: — Муҳтарам Раис. Аз номи муаллифони лоҳаи қонун ба шумо, муҳтарам Раис, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили лоиҳа миннатдорӣ изҳор менамоям. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Дар онро қонун ягон фикру пешниҳоди дигар ҳаст? Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Мехоҳам ду нуктаро баён намоям:

Тағйироте, ки ба моддаи 9 қонун пешбинӣ карда мешавад, саривақтӣ ва зарурӣ меҳисобам, зеро мушкилоти дар ҷомеа ҷойдоштаро сабуктар мегардонад.

Имрӯз, тибқи қонуни амалкунанда, падару модар уҳдадоранд, ки таҳсили фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд. Яъне, бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ, падару модар наметавонанд фарзандонашонро барои таҳсили динӣ ба хориҷи кишвар равон намоянд. Ин, албатта, сабабҳо дорад.

Чанде пеш мо соати парламентӣ баргузор гардид. Дар он яке аз сабабҳои асосии ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил гардидани ҷавонон таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии Эрон, Афғонистон, Покистон, Мисри Араб шумурда шуд. Дар натиҷа ин раванд аз мадди назари мақомоти давлатӣ дур монд. Ин ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти динии он кишварҳо дониш андӯхта, баъд барои паҳн кардани ақидаҳои мутаассибонаву фитнаангез дар кишвар пардохтанд.

Ҳарчанд 3520 нафар ҷавон аз ин кишварҳо баргардонида шуданд, вале ҳанӯз ҳам 282 нафар дар хориҷа ба таҳсили ғайрирасмӣ машғуланд. Мутаассифона, аз ҷумлаи ҷавонони ғайрирасмию ғайриқонунӣ таҳсилкарда як қисматашон ба ҳайси сархатибу имомхатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият намуда, бо созмонҳои террористию экстремистӣ пинҳонӣ робита доштанд. Аз ҷумла, дар солҳои 2015 – 2018 беш аз 20 нафар сархатибу имомхатибон дастгир карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки маҳдудияти дар қонун пешниҳодшуда ҷавобгӯи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 18 Паймони байналмалалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки он бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқи ҷомеа раво дониста шудааст.

Тағйироти ба моддаи 8 пешниҳодшаванда низ саривақтӣ мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки солҳои охир бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории вируси норасоии масунияти одам ва хатари зиёдшавии бемории гепатит, афзудааст. Тағйиру иловаҳои пешбинигардида ба беҳ шудани вазъ дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ