Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавеаи фаъолияти волонтёрӣ

№171 (3472) 14.12.2015

DSC_0012Чордаҳуми декабри соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор гардид, ки дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ зимни  суханронии хеш моҳият ва ҳадафи  қонуни мазкурро шарҳ дод. Аъзои кумита М.Бобобекова ва С.Аминҷонова низ доир ба ин масъала андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҷаласа хулосаи кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»