Зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар чӣ буд?

№136 (4086) 12.11.2019

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави ҳуқуқӣ тавлид ёфт, рушд кард ва ба системаи муайян даромад. Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимтарине, ки ба ҷорӣ намудани низоми нави ҳуқуқӣ мусоидат намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бори аввал, соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Қобили қайд аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Бинобар ин, дар давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷой дорад.

Дар назария ва амалияи илми конститутсионии ҷаҳони имрӯза ду намуди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия: — бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ва аз ҷониби парламенти кишвар мавҷуд мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки танҳо бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия институти нави ҳуқуқӣ нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин кор дар ҳар кишвар бо ҳар тарз анҷом дода мешавад. Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи мо ҳаллу фасли ин масъала бевосита ба худи мардум вогузор карда шудааст. Ҷараёни омодагӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсия нишон дод, ки гуногунандешии сиёсӣ дар ҷомеаи мо хеле таҳким ёфтааст».

Бинобар ин, тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуданд.

Омӯзиш ва таҳлил шаҳодат медиҳад, ки субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз назария ва амалияи пешқадамтарин кишварҳои ҷаҳон дар самти қонунгузорӣ истифода бурда, ба се раванди такмили ҳуқуқэҷодкунӣ диққати махсус дода, тағйиру иловаҳоро ба вазъи низоми ҳуқуқӣ ва талаботи замони муосир мутобиқ намудаанд:

Якум, ворид намудани тағйироти таҳрирӣ матни як қатор моддаҳои ­Конститутсияи амалкунандаро дар бар гирифтаанд, меъёрҳо нисбатан бо забони сода, мухтасар ва фаҳмо баён шудаанд.

Дуюм, таҳиягарон бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва номуайянии меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда то андозае меъёрҳоро дар лоиҳаи тағйиру иловаҳои мазкур дақиқ ва мушаххас баён кардаанд, то ин ки ҳангоми татбиқи онҳо духӯрагӣ ба миён наояд, аз ҷумла:

1. Дар қисми 4 моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шуданд. Ин тағйирот ба истифодаи амалии ин истилоҳҳо вобаста аст. Калимаи «марз» бештар сарҳад, хатти сарҳадро ифода мекунад, «ҳудуд» бошад, маънои васеъ дошта, ҳудуди давлат — хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад.

2. Дар қисми 4 моддаи 8 калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои» иваз карда шуд. Қобил ба зикр аст, ки мафҳуми ибораи «иттиҳодия» назар ба «ташкилот» васеъ буда, навъҳои гуногуни созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро фаро мегирад. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истилоҳи «иттиҳодия» истифода шудааст.

Сеюм, хизмати асосии субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар он аст, ки онҳо бо истифода аз таҷрибаи биступанҷсолаи қонунгузории кишвари соҳибистиқлоламон ва таҷрибаи давлатҳои пешқадам бо роҳи ворид намудани меъёрҳои нав ба Конститутсия, меъёрҳои онро хеле мукаммал гардониданд.

Дар маҷмӯъ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз мукаммал гардонидани мазмун ва муҳтавои меъёрҳои он, аз ҷумла, ба таври мушаххас муайян кардани шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ­масъалаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии инсон ва шаҳрванд, интихоб ва таъин шудан ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулияти аъзои Ҳукумат, тартиби интихоб ва таъин шудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе иборат буда, барои пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва қадамҳои устувор гузоштан дар таҳкими давлати демократӣ нигаронида шудааст.

Ҷолиби қайд аст, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда аз 40 қисм иборат мебошад, ки тавассути он зиёда аз 60 тағйиру илова ворид карда шудааст, аз ҷумла:

1. Доир ба хориҷ намудани калимаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия

Бояд қайд намуд, ки калимаи «Конститутсия» мафҳуми умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, маънои муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро ифода менамояд.

Аз тарафи дигар, калимаи «Сарқонун» паҳлуҳои мафҳуми «Конститутсия»-ро дар бар гирифта наметавонад. «Сарқонун» танҳо қувваи олӣ доштани конститутсияро ифода мекунад. Дигар паҳлуҳои «Конститутсия», аз ҷумла, «асос», «муайянкунанда» ва «муқарраркунанда» будани онро ифода намекунад.

2. Доир ба шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд қайд намуд, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ-парламентӣ ё парламентӣ-президентӣ) ва одатан хусусиятҳои ҷумҳуриҳо дар конститутсияи онҳо дарҷ мешаванд. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон, дарҷ гардидааст. Тоҷикис­тон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, иловаи зикргардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд.

3. Доир ба масъалаи шаҳрвандӣ

Якум. Қисми 1 моддаи 15 дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар он омадааст, ки «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад».

Бояд қайд намуд, ки матни пешниҳодшуда ба таври пурра эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи қабули Конститутсияи соли 1994 ва соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода кардааст.

Қобил ба зикр аст, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони ин давлат дар як вақт шаҳрвандони ҷумҳурии иттифоқӣ низ маҳсуб меёфтанд. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба миён омад. Азбаски масъала конститутсионӣ буда, бояд дар Конститутсия танзими худро пайдо мекард, ҳангоми таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994, Конститутсия ва баъдан Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) эътироф намуданд, ки шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсия дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳисоб мешавад. Агар дигар шахсон хоҳиши шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданро дошта бошанд, тибқи талаботи қонуни конститутсионии дар боло зикргардида ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба он соҳиб шаванд.

Дуюм. Дар қисми 2 моддаи 15-и амалкунанда сухан дар бораи он меравад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт метавонад тибқи қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Пайвандаки «ва» дар ин ҷо талаб мекунад, ки танҳо дар асоси ин ду санад шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад. Аммо, дар амалия, ҳолатҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар асоси яке аз ин санадҳо (ё қонун ё шартномаи байнидавлатӣ) шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии дигар давлат­ро соҳиб шавад. Аз ин лиҳоз, пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шудааст.

4. Доир ба масъулияти «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар» (қисми 2 моддаи 34)

Пешниҳоди зикргардида ­масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар тақвият медиҳад.

5. Талабот доир ба интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Якум. «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Назар ба меъёри амалкунанда дар ин ҷо чунин меъёрҳои нав пешбинӣ шудаанд:

1. Танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Шахсе вакили Маҷлиси намояндагон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, шаҳрвандии давлати дигарро надошта бошад (душаҳрвандӣ ва бисёршаҳрвандиро доро набошад). Ин талабот аз муҳим будани вазифаи узви парлумон ва амнияти давлат шаҳодат медиҳад. Чунин талабот дар тағйироти пешниҳодшуда, инчунин, нисбат ба ишғоли дигар мансабҳои олии давлатӣ низ пешбинӣ шудааст (Президент, аъзои Ҳукумат ва судяҳо).

2. Синну соли вакили Маҷлиси намояндагон набояд аз 30 кам бошад. Дар меъёри амалкунандаи Конститутсия синни 25 пешбинӣ шудааст, яъне синни вакил 5 сол боло бурда шудааст. Албатта, ин тағйирот тасодуфӣ нест. Вазифаи вакили Маҷлиси намояндагон бисёр муҳим буда, масъулияти баландро талаб мекунад. Ин талабот тақозо менамояд, ки шаҳрванд дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, малакаи корию касбӣ ва фаъолияти сиёсӣ бошад. Дар асоси ин омилҳо синни вакилӣ 5 сол зиёд карда шудааст. Вобаста ба ин хусусиятҳо, ҳангоми интихоб ва таъин гардидан ба дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ низ чунин синну сол (30) ба инобат гирифта мешавад.

Дуюм. «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ин пешниҳод аз талаботе бармеояд, ки дар қисми 1 ҳамин модда нисбати вакили Маҷлиси намояндагон низ пешбинӣ шудаанд, яъне дорои танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва синни на кам аз 30 доштан.

Сеюм. «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Ин тағйирот ба муҳим ва масъулиятнок будани вазифаи узви парлумон (узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон), инчунин ҳамчун намояндаи халқ дар назди халқ масъул будани онҳоро таъкид мекунад. Чунин меъёр дар бисёр конститутсияҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар давлатҳо (Қазоқистон, Қирғизистон, Юнон, Чехия, Словакия, Полша, Литва ва дигарҳо) пешбинӣ шудааст.

6. Талабот доир ба интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Якум. «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад». Ба ин қисми модда ду тағйироти нав илова шудааст.

1. Шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад (шаҳрвандии дигар давлатро надошта бошад). Ҳамон тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, барои интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои муҳими давлатӣ танҳо доштани шаҳрвандии Тоҷикистон зарур мебошад. Ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шахси (номзади) пешбаришаванда бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дошта бошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин, ба амнияти давлат, шаҳодат медиҳад.

2. Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд синнаш аз 30 кам набошад. Тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ пешниҳод мешаванд, дар Конститутсия якхела, яъне синни 30 пешбинӣ мешавад (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе). Аз ин сабаб синну соли номзад ба Президент низ аз 35 ба 30 поён фароварда шудааст.

Дуюм. Доир ба интихоби Президент ба моддаи 65 қисми 5 илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат татбиқ намегардад.

Бояд қайд кард, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Ин тағйирот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат чунин ҳуқуқро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ, мавҷуд аст.

7. Талабот доир ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Якум. «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд».

Бояд қайд намуд, ки чунин меъёр дар як қатор конститутсияҳои дигар давлатҳо низ пешбинӣ шудааст. Ба монанди, Австрия, Албания, Булғористон, Маҷористон, Қазоқистон, Литва, Полша, Руминия, Чехия ва ғайра. Меъёри пешниҳодшуда ба муҳимияти мансаби аъзои Ҳукумат вобаста буда, масъулияти онҳоро зиёд мекунад. Аъзои Ҳукуматро водор месозад, ки барои рушди ҷомеа, давлату миллат бештару хубтар фаъолият намоянд.

Дуюм. Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, ин амал ба муҳимияти вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла аъзои Ҳукумат ва амнияти давлат, вобаста мебошад.

8. Талабот доир ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Якум. «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд». Ин пешниҳод ду тағйиротро дар бар мегирад.

1. Ифодаи «Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал» ба «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз гардидааст ва ин тағйирот хусусияти мушаххаскунанда дорад.

2. Меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия аз Конститутсия хориҷ карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки мансаби раиси вилоят, шаҳр, ноҳия мансабҳои алоҳида мебошанд ва тибқи қонун салоҳияту ваколатҳои мушаххаси худро доранд. Ҳамчун мансаби алоҳида ин шахсон аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва мақомоти болоии худ, маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ­масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд. Чунин хусусияти ин мансабҳо тақозо менамояд, ки нисбати онҳо меъёри намояндаи Президент истифода бурдан мувофиқи мақсад намебошад.

9. Талабот доир ба Мақомоти судӣ

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Дар ин қисм доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав мебошад. Ба мисли дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ (аъзои парлумон, Президент, аъзои Ҳукумат) судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад.

Дар қисми дуюми модда талабот нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба вазифаи судягӣ ба судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъин мешаванд, пешбинӣ шудааст. Дар қатори таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро доро будан, инчунин танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштан пешбинӣ мегардад.

Дар қисми 3 моддаи 85 «синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Ин тағйирот хусусияти ҳаволакунанда дошта, таъкид мекунад, ки синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Минбаъд синну соли ба нафақа баромадани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.

Дар қисми 4 моддаи 85 пешбинӣ мегардад: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад». Дар ин ҷо Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки дар баробари вакили парлумон ва аъзои Ҳукумат судя низ бояд дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд кунад. Ин тағйирот муҳим будани вазифаи судягӣ ва масъулиятнок будани онро таъкид мекунад.

Талабот доир ба Суди конститутсионӣ.

Якум. «Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Дар ин қисми модда се тағйироти нав пешниҳод шудааст.

1. Доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамон тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор зикр гардид, барои вазифаҳои муҳими давлатӣ (Президент, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо) доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Нисбат ба судяи Суди конститутсионӣ низ ин талабот пешбинӣ мегардад.

2. Барои интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ собиқаи кории касбии ҳадди ақал 7 сол муқаррар карда шудааст, ки ин меъёр ба синни интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ (30) мувофиқ мебошад.

3. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намудан, яъне синни ба нафақа баромадани судяҳои Суди конститутсионӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муқаррар карда мешавад.

Дуюм. «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад». Бояд қайд намуд, ки ин меъёр то ҳол дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конситутсионӣ» муқаррар шуда буд. Айни замон, ки дар Конститутсия савганди вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо пешбинӣ мешавад, савганди судяи Суди конститутсионӣ низ дар сатҳи Конститутсия муқаррар мегардад.

Равшан РАҶАБЗОДА, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,

Ҳокимҷон ХОЛИҚЗОДА, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ