18 август-Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Абармарди тибби классикӣ

№97 (3243) 18.08.2014

Таърихи башарият на танҳо шоҳиди дигаргуниҳои хотирмони иҷтимоӣ, балки хотирнависи симои қаҳрамонони маънавии давру замонҳост. Бо ибораи дигар, таърих на танҳо нигоҳдорандаи симои пешвоёни майдони набард, балки посдорандаи хиради сарварону мутафаккирон ва хирадмандони давру замон гардидааст.

Бисёре аз чунин абармардҳо дар гӯшаи фаромӯшӣ афтида, аз ёд рафтаанд. Қисме бе ному нишон аз чорчӯбаи таърих берунанд. Бахт ба рӯйи қисми дигаре хандида, онҳоро шароити зиндагии замони худ маълуму машҳур гардонидааст ва эшон бо фаъолияти шахсӣ симои асри худро дигаргун сохтаанд. Абӯалӣ ибни Сино аз зумраи чунин мутафаккироне буд, ки дар зиндагӣ  пойдевори илми тибро гузошта буд. Вай дар ҳақиқат яке аз хирадмандони нотакрорест, ки фарҳанги форсизабону арабзабонро дар маънои фалсафӣ-тиббӣ аз нав эҳё намуд. Дар ҷодаи тиб вай эҳёгар, такмилдиҳанда ва танзимгари тибби анъанавии Юнону Осиёи Марказӣ гардид.

Хизмати беназири Ибни Сино, бидуни эҷодиёти фалсафӣ ва илми замона, дар ҷодаи тиб баръало намоён аст.

Дар таърихи фарҳангҳои башарӣ мактабу равияҳои тиббӣ мақоми хосеро доро буданд. Пойдор мондани чунин мактабу равияҳо аз мутафаккироне вобаста буд, ки худ бунёдгари он ба ҳисоб рафта, қобилияти тафсиру такмил ва танзими андешаҳои гуногунро ба чорчӯбаи системаи муайян ворид сохтанро дошта бошанд. Ибни Сино дар фарҳанги исломӣ соҳиби чунин қобилият будааст.

Дар замони нав ва навтарин, яке аз меъёрҳои илмияти дониш масъалаи «системавӣ» будани андеша эътироф шуд, ки тибқи он мутафаккир метавонист поягузори ин ва ё он равияи илмӣ шинохта шавад. Чунин меъёр, ки асосан ба илмҳои табиатшиносӣ мутааллиқ буд, ба илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ интиқол дода шуд.

Агар мутафаккир андешаҳои фалсафӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дошта бошаду онҳоро дар шакли пароканда, номураттаб бидуни система боқӣ гузорад, вай ҳамчун асосгузори ин ва ё он бахши илм пазируфта намешавад. Чунонки маълум аст, ин нуқтаи назар аз Афлотун боқӣ мондааст. Тавре ӯ фармудааст: «Андешаҳои ҳақиқӣ ҳам камарзишанд, агар кас онҳоро бо алоқаи сабаб ва натиҷа пайваст насозад».

Ибни Сино — муаллифи «Ал-қонун-фит-тиб», соҳиби чунин системаи илмӣ эътироф гардидааст. Бо ин далел андешаи нафароне, ки тибби Ибни Синоро тибби системавӣ номидаанд, дуруст ва қобили қабул аст.

Мутобиқи анъанаҳои тибби классикӣ, табиб бояд дармонбахши табиати кулли инсон бошад. Чунин талабот табибро маҷбур месохт, ки дониши ҳаматарафа дар бораи анатомия, физиология ва психологияи инсон дошта бошад. Аз тарафи дигар, марзи муайяне миёни тибби анъанавӣ ва тибби ба илми ҳамонвақта такякунанда, яъне тибби расмии илмӣ мавҷуд набуд. Дар чунин шароит Ибни Сино тибби анъанавӣ ё худ мардумиро бо дастовардҳои илми замони хеш махлут сохта, системаи муайяни тиббиро бунёд намуд.

Масалан, тибби расмии муосир зиёда аз 40 самти илмӣ-ихтисосиро дар бар мегирад. Дар замони Ибни Сино ва пеш аз он низ чунин самтҳои ҷудогонаи нисбатан мустақили тиббӣ вуҷуд надоштанд. Акнун бо ҳадафи ҳар чӣ бештар ба расмият даровардани самтҳои гуногуни табобати инсон ба ибни Сино лозим омад, ки ин самтҳоро ба меъёрҳои дониши илмӣ (таҷрибавӣ, ақлонӣ, системавӣ) санҷидаву мувофиқ сохта, дар асри худ онҳоро бо таълифи китоби «Ал-қонун-фит-тиб» ба як системаи муайян оварад.

Агар ин корнамоии беназири Ибни Синоро аз назари шинохти табиати инсон нигарем, пас равшан аст, ки ин системаи тиббии ӯ то андозае  ҳама  паҳлуҳои анатомӣ, физиологӣ ва равонии инсонро дар бар мегирад.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ин китоб баррасӣ шудааст, масъалаи табиати анатомии инсон аст. Ибни Сино дар асоси омӯзиши тибби ниёгон (ба маънои васеи ин мафҳум),  тавонистааст, ки на танҳо сохтори узвҳои дарунии инсонро мушаххас созад, балки вазифаи ҳар кадоми онҳоро равшан намояд.

Масъалаҳои умумии маризӣ дар «Ал-қонун-фит-тиб» ба тариқи фаҳмо ва ба ҳар хонандаи арабзабон дастрас матраҳ шудаанд. Агар самтҳои гуногуни амиқ  муайяннашудаи тибби он замонро ба инобат гирем, пас дараҷаи таҷриба, фаҳмиш, қобилияти таҳлил ва танзим доштани Ибни Синоро хуб дарк менамоем.

Гузориши масъалаҳои табобати умумӣ, усулҳои ҷарроҳӣ, масъалаи бемориҳои кӯдакона, момопизишкӣ, дилшиносӣ, бемориҳои асаб, пӯст, сироятӣ, равонӣ ва ғайра фаҳмиши универсалии тиббиро тақозо доштанд, ки Ибни Сино худ поягузори ин самтҳои илмӣ пазируфта шуд.

Системаи тиббии Ибни Синоро дар се намуд (шакл) мавриди арҷгузорӣ қарор додан мумкин аст. Шакли якум аз доираи истифодабарӣ ва танзими маълумоти тиббии фарҳангҳои гуногун, аз он ҷумла маълумоти тиббӣ дар доираи мамлакатҳои исломӣ, тибби анъанавии Ҳинд, Юнон, Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад. Чунин системаро аз ҳисоби миқдор ва ҷуғрофияи ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, такмил ва танзими масъалаҳои тиббӣ бояд баҳо дод. Шакли дуввумро бошад, баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои гуногун, ки ба ошкор сохтани табиати инсон бахшида шудаанд ва дар асарҳои тиббии мутафаккирон матраҳ гардидаанд, ташкил менамояд.

Аз арҷгузории баъзе аз таҳқиқотчиёни асарҳои Ибни Сино бармеояд, ки ҳама маълумоти тиббии Ибни Сино дар «Ал-қонун-фит-тиб» (иборат аз 5 ҷилд) ва панҷоҳ тазкираи гуногунҳаҷм ҷамъ омадаанд, ки дар маҷмуъ онҳо шумораи системаи асарҳои тиббии мутафаккирро ташкил медиҳанд. Шакли сеюмро аз дидгоҳи гузориш ва ҳалли масъалаҳои тиббӣ, ки хосса ҷанбаҳои анатомӣ, физиологӣ ва равониро дар бар гирифтаанд, мебояд арҷгузорӣ намуд.

Аз дидгоҳи меъёри «системавӣ» ба назар мерасад, ки ду системаи аввалин, ки дар боло зикр шуданд, фикру андешаҳои таҳқиқотчиёни эҷодиёти Ибни Сино мебошанд. Вале шакли сеюм муҳимтарин ва арзандатарин системаест, ки ба худи Ибни Сино тааллуқ дорад. Масъалаи шинохти табиати инсон, ки худ системаи ба тариқи табиӣ танзимшуда аст, дар замони Ибни Сино ниёз ба баррасии системавӣ дошт. Аз тарафи дигар, чунонки қайд гардид, усули системавӣ яке аз меъёрҳои асосиест, ки хусусияти илмӣ доштани донишро равшан месозад. Бузургии Ибни Сино низ дар ҳамин аст, ки дар он замон ин меъёри асосии дониши илмиро ба инобат гирифта буд. Бинобар ин, сабаби дар муддати панҷсад сол китоби рӯйимизӣ қарор доштани «Ал-қонун-фит-тиб» низ тавассути риоя намудани ин меъёри асосӣ буд.

Бояд гуфт, ки аз кифоя набудани баррасии табиати ҷисмониву равонӣ ва ақлонии инсон танҳо аз дидгоҳи тиббӣ мутафаккир хуб огоҳ буд. Аз ин рӯ, Ибни Сино бештари масъалаҳои ба ошкор сохтани табиати инсон дахлдоштаро дар асарҳои дигари худ, ба монанди «Шифо», «Рисолаи нафс», «Ишорот ва танбеҳот», «Тадбири манзил» ва ғайра баён намудааст. Яке аз масъалаҳои мушкил ва ба ҳамагон дастнорас, ки дар шакли ақлонӣ танҳо хоси табиати инсон мебошад, масъалаи нафс аст. Аҳамияти омӯзиши нафси инсонӣ, ки пас аз «колбад»-и ақлӣ муҳимтарин «колбад»-и инсонист, имрӯз дар тибби муосир низ диққати мутахассисонро ба дараҷаи лозимӣ ҷалб накардааст.

Бояд зикр кард, ки антропологияи муосир табиати инсонро ҳамчун объекти омӯзиш дар ду бахш, яъне бахши назарӣ ва бахши амалӣ қарор додааст. Ин бахшҳо понздаҳ самти илмиро дар бар мегиранд, ки аз ин миқдор ҳафт самти илмиаш ба масъалаи равоншиносӣ тааллуқ дорад. Аҳамият ва зарурати шинохти нафсро Ибни Сино хуб дарк намудааст. Мутафаккир муҳим будани ин «колбад»-и инсониро бо шарҳи мафҳумҳои муродифӣ оварда, мегӯяд: «… он чизро, ки нафс хонанд, шояд, ки вайро қувват низ хонанд ва шояд, ки вайро «сурат» хонанд ва шояд, ки «камол» хонанд ва ин ҳар номе ба сабаби изофате аст, ба чизи дигар».

Яке аз дастовардҳои асосии Ибни Сино дар соҳаи тиб, ба андешаи мо, ба системаи табиати анатомӣ ва физиологӣ бо далел ворид намудани масъалаи равоншиносӣ буд. Аз замони Арасту то ба асрҳои миёна масъалаи равонии инсон бо чунин мазмун ва мундариҷа, ки Ибни Сино анҷом додааст, дар тибби Осиёи Марказӣ ва Аврупо баррасӣ нашуда буд.

Бо дарназардошти хизматҳои беназир дар соҳаи тиб, бидуни дастовардҳои ӯ дар фалсафа ва дигар илмҳо, бешакку шубҳа Ибни Сино яке аз абармардони тибби классикист.

М.Музаффарӣ, мудири курси антропологияи тиббии Донишкадаи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, профессор