Амнияти иттилоотӣ ва истифодаи дурусти интернет

№56 (4639) 25.04.2023

22222Солҳои охир дар интернет шумораи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дорои имконияти хеле зиёд мебошанд. Айни замон онҳо ба як воситаи муҳими муошират табдил ёфтаанд. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «FACEBOOK», «YOUTUBE», «WHATSAPP», «МESSENGER» ва «INSTAGRAM» мебошанд.

Зимнан, тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сол то сол дар ҷаҳон таҳдидҳо ва ихроҷи маълумот зиёд мегардад. Экстремизм ва зуҳуроти шадиди он – терроризм, ки ҳоло мушкили глобалӣ барои башарият ба ҳисоб меравад ва бисёр кишварҳоро фаро гирифтааст, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Хусусан, зуҳуроти ифротгароӣ тайи солҳои охир дар байни ҷавонон бештар ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, як идда ҷавононро рафтору муносибату тафаккурашон ифротӣ шудааст, ки сарчашмааш иттилооти зиёди манфӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯҳу равони онҳост. Ин амал, яъне паҳн кардани ахбору маълумоте, ки қишри ҷавони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ҳадаф қарор додааст, аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ифротгаро сурат мегирад.

Гурӯҳҳои ифротӣ зери ниқоби дини мубини ислом бо истифода аз сатҳи пасти саводи динии баъзе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тавонистанд ин шабакаҳоро ба майдони таблиғи ақидаҳояшон табдил диҳанд. Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки амнияти иттилоотиро дар мадди аввал гузоранд, ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаёти худу фарзандонашонро дар хатар нагузоранд.

Дар робита ба таҳдидҳои интернетӣ, истифодаи нодурусту бемавқеи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ифротгароӣ ва амнияти иттилоотӣ бо мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Силмон Мавлонназаров суҳбат намудем.

- Муҳтарам Силмон Мавлонназаров, ҳоло интернет яке аз воситаҳои асосии дарёфти маълумот, корбарии муфиди байниидоравӣ ва муоширати осон байни аҳолӣ гардидааст. Вале бо вуҷуди он ки интернет кори сокинонро дар ҳама самтҳо осон намудааст, барои аҳолӣ ва давлату давлатдорӣ хатарҳои зиёд низ дар пай дорад. Шумо дар мавриди истифодаи дуруст ва нодурусти интернет аз тарафи шаҳрвандон чӣ андеша доред?

- Имрӯз дар ҷаҳон 4,5 миллиард истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус интернет, аст ва онҳо интернетро чӣ гуна ва бо кадом мақсад истифода мебаранд, ба худашон вобаста аст. Мутаассифона, дар мактаб барои омӯзиш ва истифодабарии телефони мобилӣ дарс гуфта намешавад, ҳол он ки имрӯз таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба телефони мобилӣ бештар шудааст. Кӯдакон ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳр вобастаи телефон шудаанд, ҳамзамон вобастаи иттилои гуногуне, ки аз тариқи он мерасад. Дар дохили ҳамин телефон интернет аст. Онҳо аллакай ба ин технология роҳ ёфтанд ва шурӯъ аз хурдсолон то сатҳи болоӣ ҳама истифодабарандаи интернет ҳастем.

Интернет барои мардум ду роҳи истифода дорад, ки яке дар он зиндагӣ мебинанду дигаре зарар. Як мисол меорам. Ширкати «Хуавей» тавассути хизматрасонии электронӣ дороияш аз 736 миллион доллар (ба ҳисоби 21-уми декабри соли 2021) ба 834 миллиард доллар расид. Лекин аз 2 миллион коргари он ширкат ягон нафараш роҳбари худашонро надидаанд. Яъне, фаъолияти корӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ пурра тавассути интернет сурат мегирад, ки ин ба манфиат аст. Лекин мушкилӣ дар он аст, ки тадриҷан ҷавононро тавассути интернет аз даст дода истодаем. Вақте ки ҷавонон вориди шабака мешаванду фарҳанги истифодабарии интернет ва телефони мобилиро надоранд, баъзе шахсони манфиатҷӯ мафкураи онҳоро хароб карда, ба гурӯҳҳои махсус ҷалб менамоянд. Аз надонистани фарҳанги истифодабарии интернет ва телефони мобилӣ онҳоро чунон мағзшӯӣ мекунанд, ки тавре огоҳ ҳастем, баъзеи онҳо бо оилаҳояшон ба хориҷа рафта, дар беназмиҳои дигар кишварҳо иштирок карданд ва ахиран баъзеашон беному нишон ва баъзеи дигар пушаймон гаштанд, ки ҳамаи ин тавассути интернет сурат гирифтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари аввалин кишваре дар ҷаҳон буд, ки ба хотири таъмини амнияти миллии мамлакат кӯдакони бесоҳибмондаи ­тоҷикро аз майдони ҷанги дигар кишварҳо ба Ватан баргардонд. Ҳатто онҳо ному насаб надоранд, падару модар надоранд, ягона чизе доранд ин имконотест, ки номашон тоҷик аст. Ба ин хотир бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ин кӯдакон ба Ватан баргардонида шуданд. Ин аст бадбахтии кор ва сабаби истифодаи ­нодурусти интернету телефони мобилӣ.

Масъалаи дигар. Мо медонем, ки тавассути интернет хизматрасониҳои электронӣ амал мекунанд, мубодилаҳои байниидоравӣ, фиристодани маълумоту мактубҳои расмӣ ва иҷрои дастрасӣ ба маълумот сурат мегирад. Мардум маълумоти барояшон даркориро дастрас мекунанд, китобҳои дарсии электрониро пайдо карда, ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, муносибатҳои дӯстона ба роҳ мемонанд, дар сатҳи байналмилалӣ ҳатто гуфтушунидҳо тавассути онлайнӣ ба роҳ монда мешаванд. Бахусус, вохӯриву ҷаласаҳои корӣ тавассути видеоконфронсҳо доир мегарданд, ки сарфаи вақту маблағ аст. Ҳамаи ин бошад, бозгӯи он аст, ки интернет ва имкониятҳои онро мешавад дар роҳи дуруст ва самаранок истифода бурд.

Имрӯз аксар сокинони сайёра бо интернет ҳамроҳанд, зиндагиашон бо интернет пайвастагӣ дорад.

Як мисоли дигар меорам. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой додугирифти молӣ дорад. Муносибатҳои фарҳангӣ ва дигар ҳамкориҳои байнидавлатӣ дорем. Лекин имрӯз соҳибкорони мо дигар ба Хитой намераванд, аз Тоҷикис­тон тариқи интернет фармоиш медиҳанд мол ба онҳо тариқи гуфтугӯи онлайнӣ дастрас мешавад. Ин хизматрасонии интернетӣ аст.

Ҳамчунин, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар карда, то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сис­темаҳои махсуси дохилӣ, аз ҷумла ба таври шаффоф супоридани имтиҳонҳо, донистани натиҷаи имтиҳони супорида, дастрасии падару модар ба таҳсили фарзандонашон тариқи системаи «Е-donish» дар шаҳри Душанбе сурат мегиранд. Вазоратҳо мактуби расмию фавриро сари вақт дастрас менамоянд. Ҳамин ҳам як хизматрасонии интернетии дохилист, ки ба манфиат аст.

- Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза дар мавриди истифодаи интернет амнияти иттилоотӣ мебошад. Назари Шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин коре барои ҳамватанонамон кард: ба Тоҷикистон сулҳро баргардонд ва он ваҳдати миллие, ки фароҳам оварда шудааст, амнияти моро имрӯз таъмин карда истодааст. Тоҷикистон имрӯз сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст ва ин робитае, ки байни кишварҳои ҷаҳон ҳаст, дар чаҳорчӯбаи дарки дунявӣ ва сиёсӣ амалӣ карда мешавад. Айни ҳол амнияти моро Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ таъмин карда истодаанд. Амниятро дар шабакаи интернет бояд худамон таъмин кунем. Маълумоти нодурустро, ки дар интернет паҳн кардем, амниятамон халалдор мешавад ё ба гурӯҳу сайтҳои ғайри­расмӣ, ки ақидаҳои бадхоҳона доранд, агар ворид шудем, гирифтори бадхоҳон мешавем ва худамон амнияти худамонро дар хатар мегузорем. Вазифаи ҳар як тоҷикистонӣ он аст, ки амнияти худу наздиконашонро таъмин намоянд. Ба ин хотир дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратура зери ихтисоси «амнияти иттилоотӣ» амал мекунад, ки ҳар сол то 20 — 25 нафар онро хатм карда истодааст, ки таъмини мутахассис дар ин бахш мебошад. Дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат низ омода кардани кадрҳо ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҷиноятҳои киберие, ки содир мешаванд, тавассути интернет сурат мегиранд. Баъзе ҷанҷолҳое, ки дар мактабҳо байни хонандагон сар мезанад, сабаб истифодаи интернет аст. Таҳқирҳои хонандагон ба ҳамдигар тавассути интернет ва мессенҷерҳо ба муноқиша сар мезанад ва ба ҷиноятҳои куштор низ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мо бояд амнияти худро таъмин кунем ва карда тавонем. Сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар кӯшиши амнияти давлату миллат буда, иқтидори бузург низ доранд, ки оромии моро шабу рӯз таъмин намоянд. Кормандони сохторҳои амниятӣ он гурӯҳҳоеро, ки дар дохил вазъро тариқи интернет ноором карданӣ мешаванд, дар шабака онҳоро мебинанду зуд корбарӣ карда мешавад. Вазифаи ҳар яки мо амниятро таъмин кардан аст ва он сар мешавад аз оила, мактаб, Ҷамоат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бояд дар ин маврид бо мардум кор бурда шавад.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо наворҳо ва нашри хабарҳои гуногун аксари ҷавонону наврасонро тавассути сайтҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо ба доми худ мекашанд. Ба андешаи Шумо барои гирифтани пеши роҳи ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар шабакаҳои террористӣ, ки тавассути интернет сурат мегиранд, кадом корҳоро ба сомон расонидан зарур аст?

- Агар назорат аз тарафи волидайн ва ҷомеа нисбат ба ҷавонону наврасон дар масъалаи истифодаи интернет пурзӯр нагардад, мо онҳоро шабу рӯз аз даст медиҳем. Дар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои бадхоҳи миллат барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мекунанд. Панҷ роҳе муайян шуд, ки онҳо чӣ гуна ҷавононро ба доми худ мекашанд:

Якум, истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ. Истифода аз шабакаҳои интернетӣ яке аз роҳҳои паҳн кардани хабарҳо ва алоқаҳои бемаҳдуд байни инсон аст. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ маҳз барои ҷалби ҷавонон ба сафҳояшон аз интернет истифода мебаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ному насаби гуногун пайдо мешаванд ва мардумро ба домашон мекашанд. Бо ҷавонон тариқи интернет суҳбатҳо барпо мекунанд. Масалан, дар бораи истифодаи фейсбук. Шабу рӯз ҳар касе, ки барои қабули дӯстӣ паём мефирис­тад, онро дарҳол қабул мекунанд, лекин сурат дигар аст, маълумот дигар аст ва ӯ дар бораи мо маълумот ҷамъ кардан мегирад ва оҳиста-оҳиста бо мафкураи мо кор мекунад ва майнаи моро хароб мекунад ва баъд бо роҳҳои дигар моро тавсия медиҳад барои шомил шудан ба дигар гурӯҳҳо ва ахиран ба бадбахтӣ гирифтор мекунад. Далели равшану мушаххас донишҷӯдухтаре аз кишвари мутамаддини ҷаҳон, ки тамоми шароити зиндагиро доро буд, ҳамагӣ дар 22-23 дақиқа мафкураи ӯро тағйир доданд. Гарчанде ӯ дар бузургтарин донишгоҳ мехонд ва шароити хуб ҳам дошт. Яъне, гурӯҳи калоне ба мафкураи одамон кор мегиранд ва онҳоро мағзшӯӣ мекунанд.

Дуюм, истифода аз ақидаҳои динӣ. Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ дини мубини исломро барои худ сипар кардаанд. Бо мафҳуми дини мубини ислом, «Қуръон» ва биҳишту дӯзах ҷавонон ва дигар шахсони ноогоҳро ба худ ҷалб месозанд. Шахсоне, ки динро намедонанд ­«Қуръон»-ро намедонанд ва намефаҳманд, ана ҳамонҳоро метавонанд дар як лаҳза фирефта кунанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллат ташаббусе дар олами ислом нишон доданд, ки он дар ҷаҳон ногузир аст. Бо дастури Роҳбари давлат ­«Қуръон» бо тоҷикӣ тарҷума шуда, бо ҳарфи кириллӣ ба нашр расид, то ки мардум дар хонаҳояшон бихонанд ва огоҳ бошанд. Вале он бадхоҳони миллат ва гурӯҳҳои даҳшатафкан, ки дар ҳаёташон исломро омӯхтаанд ё не, онро барои худ сипар мекунанд ва барои мақсадҳои нопокашон истифода мебаранд. Мо тавассути ин роҳ садҳо ҷавони тоҷикро аз даст дода истодаем, зеро чунин ҷавонон, ки аз илми дунявӣ огоҳ нестанд, фирефтаи онҳо мешаванд.

Сеюм роҳи ҷалби ҷавонон маб­лағгузорӣ аст. Ин маблағгузории терроризм ё бо роҳи ҷиноят бадастоварда мебошад. Баъзе ҷавонон, ки дониши кофии дунявӣ надоранд, фирефтаи пешниҳоди онҳо шуда, ба хотири дарёфти маблағи муфт ба он гурӯҳҳо шомил мегарданд ва оқибат ба бадбахтӣ дучор мешаванд. Баъзеҳо бо ин роҳ оилаву кӯдаконашонро низ ҳамроҳ бурданд ва дар нимароҳ монданд ва то ҳанӯз баъзеи онҳо чӣ аҳвол доранд, касе намедонад.

Чорум, бо роҳи оммавӣ-даъвати шахсони шинос ё хешу таборон. Ҷавонон бо даъвати шиносу наздикон ба ин роҳ мераванд. Бадбахтии ҷомеаи имрӯза дар он аст, ки имрӯзҳо тақлидкорӣ миёни ҷавонон авҷ гирифтааст ва ҳангоми дидани баъзе наворҳо аз ҷониби дӯстон, дидани дӯстони худ савори мошинҳо ё фарҳанги либоспӯшӣ ҳисси тақлидкории онҳо авҷ гирифтаву онҳоро ба ин роҳ гирифтор менамоянд. Ин ҳам яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст.

Панҷум, иродаи суст. Яке аз сабаб­ҳои пайвастани баъзе ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ сустиродагӣ ва боварӣ ба ҳар гуна ақидаҳои бемантиқ аст. Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат аст.

Ҳамчунин, хотиррасон бояд намуд, ки ҳодисаҳои ваҳшатборе, ки зери ниқоби дини ислом бо қатли ваҳшонияти одамон, ҳатто занҳои мусалмон, рух дода истодааст, бори дигар исбот намуд, ки чунин аъмоли ваҳшиёна ба дини ислом умуман иртибот надорад ва шариати ислом онро дар ҳама шакл ва ба чӣ хотире набошад, қатъиян маҳкум мекунад.

- Пӯшида нест, ки имрӯз бадхоҳони миллати тоҷик бо пуштибонӣ аз хоҷаҳои хориҷӣ тавассути интернет мехоҳанд ба ҳар роҳу восита ба сӯи Тоҷикистон сангандозӣ кунанд ва номи тоҷику Тоҷикистонро паст зананд. Нисбат ба амалкарди чунин афрод чӣ гуфтаниед?

- Дар хусуси он бадхоҳони миллат гуфтаниам, ки ҳеҷ яке аз онҳо муваффақ намешаванд, зеро мардуми тоҷик, ки як бор нооромиро дар соли 1992 таҷриба кард, дигар ба он роҳ барнамегардад, чунки тайи ин солҳо огоҳу бедортар шудааст. Он бадхоҳоне, ки берун аз кишваранд, бо он андешаҳои носолимашон имрӯз ба сӯйи Тоҷикистон санг мезананд ва дар байни кишварҳои ҷаҳон воҳимаҳо карда истодаанд, онҳоро касе маблағ дода истодааст. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва аз кадом телевизионҳои тиҷоратӣ истифода мебаранд ва баромадҳо мекунанд, аз кадом шабакаҳо истифода мебаранд, аз ҳисоби кӣ зиндагӣ мекунанд, ҳамаи ин маблағ аст ва ин маблағгузорӣ ба хотири ноором сохтани мамлакат аст. Фикр мекунам, ки барои онҳо касе имрӯз аз дохил ҳам кор карда истодааст. Ба онҳо маълумот мерасонад ва онҳо кор карда истодаанд. Аз ин ҳам мо бояд воқиф бошем

Фаромӯш набояд кард, ки агар мо сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст диҳем, мавқеамонро дар ҷаҳон аз даст медиҳем. Кӣ ба он бадхоҳон бовар мекунад? Онҳо аз куҷо барои мо ояндаи хуб месозанд? Охирин сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарии як конфронс-раисии бузургтарин саммитро бовар карданд ва қариб 200 давлати ҷаҳон ба Пешвои миллат бовар карда, эҳтиром гузоштанд ва аз қабули панҷумин пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ карданд. Боиси ифтихор аст, ки пешниҳодҳои глобалии ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ бештар қабул мешаванд. Ин шинохти давлат аст ва касе ба ин шинохт латма зада наметавонад ва касе номи пуршарафи Тоҷикистонро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи байналмилалӣ баланд бардош­таанд, паст зада наметавонад. Ҳар як пешниҳоди Пешвои миллат якдилона бо сиёсати оқилонаю хирадмандона қабул мешаванд. Ин саммит на танҳо як ­масъалаи ҳалли проблемаҳои соҳаи об ва ё ҳифзи пиряхҳо, балки масъалае буд, ки Тоҷикистон ба миён гузошт, бори дигар ҷалб кардани тамоми аъзои давлатҳои мутамаддини ҷаҳон буд ва огоҳӣ доданд, ки инсоният дар чӣ аҳвол аст. Як бори дигар воқиф шавед, ки табиат кори худро мекунад ва инсонҳо нест мешаванд. Олам чӣ мешавад? Ин самтҳое, ки ҳастанд, бояд бошуурона ва боақлона ҳал карда шаванд.

- Чӣ бояд кард, ки ҷавонону наврасони тоҷик интернетро дуруст ва ба манфиат истифода баранду фирефтаи суханони беҳуда ва даъватҳои манфиатҷӯёнаи бадхоҳону гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд?

- Якум, пеш аз ҳама, шурӯъ мешавад аз мактаб. Дар дарсҳо ё соатҳои тарбиявӣ як мавзӯъ бояд пурра дар бораи истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бахшида шавад. Албатта, ҳамарӯза шоҳиди он ҳас­тем, ки хонандагон дар хона, мактаб ва кӯча аз телефони мобилӣ истифода мебаранд, вале онҳо бояд донанд, ки кадом шабакаҳоро истифода мебаранд. Мисол, шабакаҳои якчанд мамнӯъ, ки ҳастанд ва истифодаашон ҷиноят аст, мардум бояд ба онҳо тамоман сар назананд.

Дуюм, хонандагон бояд донанд, ки интернет барои вақтгузаронӣ нест. Вале бисёр ҷавонон вақташон, умрашон рафта истодааст соатҳо бемавқеъ ­интернетро истифода мебаранд. Хонандагони мактаб, аз ҷумла ҷавонону наврасон, интернетро бояд барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нави таълим истифода баранд. Чаро кишварҳо ҳар рӯз технологияи нав месозанд? Чаро ҷавонону наврасонашон илми дунявиро дар сатҳи баланд медонанду чанд забони хориҷиро аз худ кардаанд? Ба он хотир ки дар ин самт кор карда истодаанд. Мо ҳам вазифадорем, ки вақте ки фарзандонамон вуруди ин шабакаҳо мешаванд, ана ба ҳамин самтҳо таваҷҷуҳ карда шавад на ба самтҳои беҳуда гуфтугӯ намудан, таҳқир кардан, маломат намудан.

Инчунин, баъзе масъалаҳои оилавие ҳаст, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардан зарурат надорад. Аммо баъзе шахсон паҳн мекунанд ва мебинанд, ки мушкилиҳо сар шуданд. Фарзандон, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва ҷавонон, бояд дар масъалаи истифодаи интернет зери назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд. Шурӯъ аз оила, мактаб ва донишгоҳ ҳама вазифадор ҳастанд, ки дар соати муайян дар масъалаи истифодаи телефони мобилӣ, мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо насли ҷавон кор кунанд ва худашон маълумот дошта бошанд, то ки ба онҳо фоида ва зарари интернетро фаҳмонанд.

- Ба андешаи Шумо истифодаи бемаънӣ ва безарурати интернет ба сатҳи равонию саломатии ҷавонону наврасон чӣ таъсир дорад? Зеро имрӯз дида мешавад, ки аксари ҷавонон соатҳои тӯлонӣ тариқи мессенҷерҳо бо дӯстону ҳамсолон ва ҳамкорони худ муошират менамоянд.

- Тавассути интернет рӯҳияи кӯдаконро хароб кардан мумкин аст. Вақте ки онҳо пойбанди интернет мегарданд, дигар мутаваҷҷеҳи падару модар намешаванд. Гапи онҳоро гӯш намекунанд. Ақидаашон рост намегирад, умрашонро беҳуда сарф мекунанд. Соатҳои тӯлонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истодан шахсро хаста мекунад, он мавҷҳое, ки ҳастанд, ба вуҷуди мо медароянд, вуҷудамонро хаста мекунанд, психологияи моро метавонад вайрон кунад чашмони мо хира мешаванд.

Масъалаи дигар навору филмҳоест, ки ҷавонону наврасон аз тариқи интернет тамошо мекунанд. Ин ҳам мафкураи онҳоро вайрон мекунад. Шоҳид будем, ки чанд сол пеш дар таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои интернетӣ ҷорӣ шуда буд, ки ба кӯдакон бозиҳои интернетиро пешниҳод менамуданд. Тавассути чунин бозиҳо кӯдаконро рӯирост ба қатлу куштор ҳидоят мекарданд. Кӯдак майнаи сараш тоза аст, ҳар амалро тез қабул мекунад ва ба асаби он таъсир расонда, мафкураи кӯдакро дигар мекунад. Хушбахтона, чунин макони бозиҳои кӯдакона оҳиста-оҳиста аз байн бардошта шуданд ва назорат аз болои онҳо сахттар гардид.

- Кадом роҳҳоро истифода бурдан зарур аст, ки интернет барои сокинон ва ҷомеаи Тоҷикистон фоида биёраду зарар не? Ба фикри Шумо оё таъсиси ягон сохтори назоратӣ дар мамлакат зарур аст?

- Дар Вазорати корҳои дохилии мамлакат як ниҳоди махсусе ҳаст, ки фаъолияташон барои мубориза бо терроризм ва экстремизм равона карда шудааст. Вай ҳамин самтро иҷро мекунад. Онҳо кор карда истодаанд ва ман фикр мекунам зарурат нест таъсиси дигар ниҳоди назоратӣ. Зарурати мо дар самтҳои худамон бояд бошад. Мисол, донишгоҳ дар соатҳои кураторӣ вазифаашон ҳаст, ки бояд самти истифодабарии телефон ва интернетро ба мардум фаҳмонанд. Дар мактаб соатҳои тарбиявӣ ҳастанд, ки вазифаашон ҳамин ­масъаларо дар мадди аввал гузоштан аст. Бояд бо мардум дар Ҷамоатҳо, деҳаҳо вохӯриҳо гузаронанд. Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳия­ҳои кишвар муовинони идеоло­гӣ ҳастанд. Вазифаи онҳо бо мардум вохӯрдан, бо мардум муошират кардан, фаҳмондани моҳияти имрӯзаи зиндагист, ки мушкилии терроризму экстремизмро фаҳмонанд.

Фоидаи интернет зиёд аст. Масалан, тариқи интернет сурат гирифтани маб­лағгузориҳои тамоми соҳаҳо, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз коррупсия аст. Ё барои додугирифт ба дигар кишварҳо, мубодилаи мактубҳо ва супоридани ҳуҷҷатҳо аз интернет истифода бурда мешавад. Як мисоли мушаххас, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имтиҳонсупорӣ шаффоф сурат мегирад ва пеши роҳи амалҳои коррупсионӣ гирифта мешавад. Ҷавонон худашон интихоб мекунанд, худашон имтиҳон месупоранд, худашон саҳифаи махсус доранд, ворид мешаванд ва аз натиҷаи имтиҳони супоридаашон воқиф мегарданд. Интернетро дуруст истифода мебаранд, бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат тамос мегиранд, аз шароити таҳсилашон бохабар мешаванд ва тавассути интернет таҳсилро идома медиҳанд. Ин аст истифодаи дурус­ти интернет.

- Ташаккур барои суҳбат.

АМИНИЁН Хӯҷаназар Файзулло,

сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»