Арзҳои дӯстӣ

Баҳои баланди Маликаи Дания ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

Тавре ҳамватанони азиз  иттилоъ доранд,  23-25 октябри соли ҷорӣ  Маликаи шоҳигарии Дания- Мери  Элизабет Доналдсон ба сифати сарпарасти Бюрои Минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)  бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Тибқи анъана,  дилхоҳ меҳмони олиқадри ба кишварамон ташрифоварда  аз мавзеъҳои таърихӣ ва ташкилоту муассисаҳои фаъолияти пурмаҳсул ва намунавидошта боздид намуда, ба ин васила бо вазъи соҳаҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо менамояд. Дар доираи сафари худ номбурда  23 октябри соли равон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дидан намуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз лиҳози сатҳи дониши муҳассилин, заминаи моддӣ-техникӣ, таъмини шаффофияти маъракаи қабул, равобити байналмилалӣ, сифати таълиму тарбия яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Мушоҳидаҳо гувоҳанд ва коршиносони соҳа низ тасдиқ менамоянд, ки шурӯъ аз соли 2006 инҷониб марҳилаи нави рушди донишгоҳ оғоз гаштаву ин раванд рӯз то рӯз тавсеа ёфта истодааст.   Меҳмони олиқадрро  роҳбарияти донишгоҳ ва  муҳассилини он бо риояи  таомули меҳмоннавозӣ  дар сатҳи олӣ пазироӣ карданд.  Ба муносибати ташрифи  Маликаи шоҳигарии Дания ва ҳайати ҳамроҳонаш дар саҳни донишгоҳ намоиши дастовардҳои аҳли донишгоҳ доир гардид, ки дар раванди шиносоӣ   Мери  Элизабет Доналдсон  ба  онҳо баҳои баланд дод.  Сипас, бо иштироки  роҳбарият ва устодону донишҷӯён дар толори асосӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор  Убайдулло Қурбонов меҳмонони олимақом Мери Элизабет Доналдсон, директори Дафтари Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) хонум Жужанна Якаб ва ҳайати ҳамроҳашонро хайра мақдам гуфта, таъкид дошт, ки имрӯз барои донишгоҳ, ки яке аз марказҳои бузурги илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, рӯзи таърихӣ аст.

Зимни суханрониаш Маликаи шоҳигарии Дания Мэри Элизабет Доналдсон  ба роҳбарият ва устодону донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои пазиройии самимона арзи сипос намуда, аз раванди фаъолияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  ситоиш кард.

Номбурда минҷумла чунин зикр намуд: «Ман ин лаҳзаҳоро дер боз интизор будам, то дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо  муҳассилини он мулоқот ва ба сифати сарпарасти Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) суханронӣ намоям. Зимни ташриф ба ин даргоҳи илму маърифат муътақид гардидам, ки раванди таълиму тарбия ва корҳои илмиву тадқиқотӣ ин ҷо дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст».

Маликаи шоҳигарии Дания  Мэри  Элизабет Доналдсон ва директори минтақавии ТУТ Жужанна Якаб ҳавасмандии хешро  оид ба зиёд намудани сармоягузориҳо дар доираи барномаҳои  ҳифзи модару кӯдак ва  беҳтар намудани чорабиниҳои эмкунӣ баён доштанд.

Бо қарори Шӯрои олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маликаи шоҳигарии Дания ва  хонум Жужанна Якаб бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардонида шуданд.Ёдовар мешавем, ки чанде пештар Президенти Ҷумҳурии Туркманистон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария низ аз донишгоҳи мазкур дидан намуда, ба раванди таълиму тарбия, заминаи моддӣ-техникӣ ва донишу малакаи муҳассилини он баҳои баланд дода буданд.

Далер  МЕРГАНОВ, Бурҳониддин Каримзода, «Садои мардум»