Дар мавзӯи муҳим

Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ чӣ гуна амалӣ гардид?

№77 (3557) 16.06.2016

библиотек-2Мухбирамон ҳолати китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлобро вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 2 июли соли 2005 таҳти рақами 238 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» пайгирӣ намуда, мушоҳидаҳои хешро рӯи сафҳа овард.

Тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 211 китобхона фаъолият мекунад ва хазинаи онҳо, мутобиқ ба маълумоти соли 2015-ум, 937636 нусха китобро дар бар мегирад. Ҳол он ки дар соли 2014-ум 1056759 нусхаро ташкил менамуд, яъне, дар як сол 119123 нусха кам гардидааст. Сабаби инро масъули Раёсати фарҳанги минтақа Назирмад Ёраҳмадов дар корношояму аз гардиш баровардани китобҳо ва маълумоти барғалати бархе аз мудирони китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо маънидод кард.

Дар маълумотнома омадааст, ки дар минтақа 33 китобхонаи таъмирталаб ва 13 садамавӣ фаъолият мекунад, ки 13 адади он мансуб ба ноҳияи Восеъ аст.

Мушоҳидаи мо аз китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб оғоз гардид, ки соли 2005 бахшида ба 2700 — солагии шаҳри бостонии Кӯлоб соҳиби бинои нави замонавӣ гардида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст. Аз суҳбат бо сарвари китобхона Саймуҳаммад Обидов маълум шуд, ки китобхона дорои 74354 нусха китоб (9387 китоби тоҷикӣ) буда, 7469 хонанда, 12 компютер, се дастгоҳи электронии нусхаафзоӣ, камера ва дастгоҳи суратгирӣ дорад. Хазинаи он давоми сол танҳо бо 203 нусха аз ҳисоби Корвони китоб ва туҳфаи шахсони алоҳида ғанӣ шудаасту халос. Маблағи барои харидории китобҳои тозанашр ҷудогардида ҳамагӣ ду ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки бо сабабҳои номаълум истифода нашудааст. Воқеан ҳам, барои китобхонаи рақами 1-уми минтақа ва шаҳри сераҳолӣ ин миқдор китобу маб­лағи ҷудошуда кифоя нест.

Аксари хонандагони китобхона донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳранд ва танҳо як нафар аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба сифати хонанда сабти ном шудааст. Суол ба миён меояд, ки чаро роҳбарону масъулони яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар аз китобу китобхонӣ худро канор мегиранд?

Ҳангоми пайгирии мавзӯъ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик С. Ҳайдаров баробари пешниҳоди як силсила ҳуҷҷати баррасишаванда гуфт:

-Ду сол боз дар рӯзномаи машварати кории назди раиси ноҳия як масъалаи доимӣ арзи вуҷуд дорад, ки ин хондани китобҳои бадеӣ аз тарафи роҳбарони ташкилоту идораҳост. Масъулияти назорати ин раванд ба зиммаи ёвари раис Баҳодур Назаров аст. Ӯ дар ин хусус ба машварати кории назди раиси ноҳия маълумот пешниҳод мекунад. Илова бар ин, мо бо ташаббуси раис дар дохили бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия китобхона кушодем. Дар деҳаи Баҳманрӯди деҳоти «Танобчӣ», деҳаи Рӯҳафзои деҳоти ба номи С. Раҳимов бо усули ҳашар биноҳои нави китобхона бунёд карда, онҳоро дар рӯзи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор додем. Айни ҳол бо ҳамин усул сохтмони китобхона дар деҳаҳои Яккасада, Ҳалқаёри деҳоти ба номи Бобоюнус Худойдодзода ва деҳаи Нурафшони деҳоти ба номи Л. Қармишев идома дорад, — афзуд С. Ҳайдаров.

Дар китобхонаи марказии ноҳия, баробари шинос шудан ба фаъолияти гузаштаву имрӯзаи он аз шумораву муносибати хонандагон ба китобхона низ пурсон шудем. Лаҳзае пас китобдорзани солор дар ҳузури директори китобхона ва мудири шуъбаи фарҳанг рӯйхати хонандагонеро, ки корманди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияанд, рӯи миз гузошт. Маълум шуд, ки раиси ноҳия Гулмаҳмадзода Мирзохон Санг дар се моҳи соли равон 11 китоб мутолиа кардааст.

- Бинои китобхона бисёр куҳнаву фарсуда аст. Ин мушкилот дар арафаи ҳал шудан аст, зеро сохтмони Қасри нави фарҳанг дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, — аз назарандозии мо ба деворҳои кафидаю шӯразадаи китобхона маънӣ бардошта, гуфт мудири шуъбаи фарҳанг Б. Ғаниев.

Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби 19 китобхонаю 108358 нусха китоб аст. Давоми сол хазинаи ин китобхонаҳо бо 200 нусха пурра шудааст, ки боиси нигаронист. Дар робита ба ин, моро нишондоди ду соли муқоисавӣ ба тааҷҷуб овард. Соли 2014-ум 2746 нусха китоб ба миқдори 9500 сомонӣ ва дар соли 2015-ум 200 китоб ба нархи 9400 сомонӣ харидорӣ шудааст. Нархи як нусха китоби дар соли 2014 воридгашта ба ҳисоби миёна 3 сомонию 45 дирам ва дар соли 2015 ин рақам расо 47 сомониро ташкил мекунад. Дар ҳоле ки ҳамин сол масъулони ноҳияи Муъминобод 663 нусха китобро ба маблағи 370 сомонӣ харидорӣ кардаанд, ки як нусхаи он ба 58 дирам баробар аст.

Бо дарназардошти вақту имкони маҳдуд қарор додем, ки бо мақсади натиҷагирию хулосабарории шартӣ танҳо як китобхонаро аз рӯйхати умумӣ намуна интихоб намоем. Интихоб ба китобхонаи рақами 9-уми деҳаи Файзободи деҳоти «Дашти Гуло» рост омад. Он дар толори барҳаво ва гулкоришудаи собиқ идораи колхози ба номи Ленин қарор дораду вазифаи китобдорӣ ба уҳдаи собиқадори соҳа Малика Назарова аст. Китобхона дорои компютеру таҷҳизоти нусхабардорию нусхаафзоист ва барои хонандаҳо мизу курсии басанда дорад. Ба гуфти китобдор, хазинаи он 4256 нусхаро ташкил намуда, аз ин ҳисоб 1120 нусхаи он ба забони тоҷикист. Давоми сол тавассути китобхонаи марказӣ ҳамагӣ якчанд нусха китоб ворид шудаасту халос.

Амали хайре, ки боиси таваҷҷуҳ қарор гирифт, мавҷуд будани як силсила албом аст.

- Ин албомҳо таҷассумгари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии 60-70- солаи сокинони деҳоти «Дашти Гуло»-ст. Дар онҳо акси садҳо афроде сабт шудаанд, ки дар ободии ин гӯшаи диёр ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Чанде пеш ду-се марди хориҷӣ аз як ташкилоти байналмилалӣ мусаввараҳои толорро харидорӣ карданӣ шуданд ва ман дар посух арз намудам, ки фурӯхтани мероси гузаштагон ба мо ҷоиз нест, — ба суҳбати мову китобдор ҳамроҳ шуда, гуфт раиси деҳоти «Дашти Гуло» Маҳдӣ Орифзода.

Рӯзи ба Фархор омаданам ба таҷлили даҳумин солгарди Хонаи адибони ноҳия иттифоқ афтод. Хонаи адибон дар бинои тозасохту хуштарҳи китобхонаи марказии ноҳия ҷой гирифтааст. Меҳмонону адибони шинохта бо сарварии раиси ноҳия Раъно Раҳимзода баробари ошноӣ бо Хонаи адибон, инчунин аз утоқу толорҳои дилкаши китобхона дидан намуданд. Аъзои Хонаи адибон хонандагони фаъоли китобхонаанд ва онҳо дар жанру мавзӯъҳои гуногун 36 номгӯй китоб ба табъ расонидаанд.

Давуғеҷи онрӯзаи китобдорон, бахусус қадрдонии адибони ноҳияро дар он чорабинии бошукӯҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дида, бидуни ихтиёр як лаҳзаи суҳбат бо раиси собиқи он — Қурбон Ҳакимзода ба хотирам расид, ки гуфта буд: — Ман фаъолияти роҳбарии худро дар ноҳия аз ҷамъоварии китоб, билхоса китобҳои адибони Фархор шурӯъ намудам.

Ноҳияи Восеъ миёни шаҳру навоҳии кишвар шояд аз ҷумлаи он ноҳияҳое маҳсуб ёбад, ки аз ҳама бештар Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дорад. Онҳо 11 нафаранд ва хушбахтона, се нафари онҳо дар қайди ҳаётанд. Мутаассифона, муносибати хунукназарона ба китобу китобдорӣ маҳз дар ин ноҳия ба мушоҳида расид.

Боздиди мо аз ин ноҳия аз филиали рақами 21-уми он, ки мансуби деҳаи Тугараки деҳоти «Тугарак» аст, оғоз гардид. Китобхона ба қавли китобдор Бунафша Бӯрихонова, соҳиби 2540 нусха китоб аст, ки аз ин 952-тоаш ба забони тоҷикист. Он дар як утоқи солҳо рӯи таъмирнадидаи торику нафасгири собиқ Қасри фарҳанги колхози Хоҷамуъмин воқеъ мебошад. Бинои қаср дар паҳлуи рости шоҳроҳи Кӯлоб -Душанбе ҷой гирифтаасту ҳолати дохили он аз вайронаҳои баъдиҷангӣ қариб тафовут надорад. Дару тирезаҳои шикаста, деворҳои рехта ва шифтҳои сӯроху фурӯрафтаи онро дида, ба хотирам рафти як ҷаласаи сайёри кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи Восеъ омад, ки он тобистони соли 1985 дар ҳамин толор сурат гирифта буд. Он вақт сарвари коммунистони ноҳия Ҳабибулло Табаров масъули шуъбаи фарҳангро вазифадор кард, ки: «Фардо дар борхалтаатон китобҳои навро андохта, шомили гурӯҳи корӣ мешавед. Вазифаи шумо ба колхозчиён муаррифӣ кардани ана ҳамон китобҳост!»

Ин дам китобдор тааҷҷубу ҳайратамро аз дидани ҳолати қаср пай бурда, гуфт: -Неъмат Зарифиро, ки бисёр ҳофизи хуб аст, чанд вақт пеш мудир интихоб карданд. Хост ин ҷоро обод кунад, вале касе дастгирӣ накард…

Дар утоқи мудири қасри валангор танҳо латтапораву ҷорӯби фарсуда ва як пианинои шикастаро дидему халос.

Айнан ҳамин ҳолатро дар китобхонаи рақами 22-юми деҳаи ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мадҳасан Қурбонови деҳоти мазкур мушоҳида намудем. Китобхона дар дохили бинои клуб ва клуб дар маркази деҳаву дохили мактаб қарор дорад. Ҳоло бо дару тирезаҳои шикаста дохилу беруни он ба гуфти мудири китобхона Саодат Мирзоева, шабона макони ҳайвонҳои дайду ва субҳ ҷойи ҷамъшавии подаи деҳа аст. Худи мудир на аз қоидаҳои китобдорӣ хабар дораду на аз Барномаи давлатӣ.

Ширин Алимов, мудири китобхонаи рақами 4-уми деҳаи Заркорони деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов арз намуд, ки китобхона соҳиби 1800 китоб аст ва 400 нусхаи онро ӯ бо ташаббуси худ аз сокинони деҳа ҷамъ овардааст. Вақте аз фарши кандагию намкашида, деворҳои кафидаю рехта ва тиреза надоштани утоқи китобхона пурсон шудем, ӯ бо «дилпурӣ» ба ҳолати садамавӣ омадани китобхонаро ба бисёр рафтуо кардани техникаҳои вазнини роҳсозони чинӣ мансуб донист.

Рӯи ҳавлии солҳо ҷорӯбнадидаи Қасри фарҳанги деҳаи Кадучии деҳоти номбурда тасодуфан бо киномеханики дар гузашта шинохтаи ноҳия Нуралӣ Шарифов вохӯрда, бо ӯ аз хусуси ягона маркази фарҳангии деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ҳамсуҳбат шудем. Ӯ чунин дарди дил кард:

- Соли 1986 барои фаъолияти хуб сазовори ордени Ленин ва автомашинаи сабукрав шудам. Агар ин қасрро таъмиру обод кунанд, метавонам ҳамон касби худро идома диҳам. Ҳамон утоқе, ки тирезаҳояш бо тахта маҳкам шудааст, китобхона аст. Чанд вақт пеш баъзе китобҳои онро ба куҷое бурда буданд. Ҳоло дар он ҷо касе кор намекунад.

Хоҳиши ба қисмати беруни китобхона шинос шуданро намудем, вале ҳамсуҳбатам бо сабаби аз ҳад зиёд ифлос будани даромадгоҳу атрофи китобхона вориди он шуданро тавсия надод. Бар хилофи хоҳиши ӯ дохили бино шуда дидем, ки он шабеҳи молхона аст.

Бинои куҳнаи китобхонаи марказии ноҳия низ вазъи ногувор дорад. Барфу борон сақфу деворҳои онро хароб кардааст. Толори хониш дорои 5-6 мизи нимдошт ҳасту халос. Муҳлати Барномаи давлатӣ ба анҷом расида бошад ҳам, то ҳол барои китобхона, ки дар он 7 нафар фаъолият мекунанд, дастрасӣ ба компютеру дигар дастгоҳҳои электронӣ муяссар нагаштааст. Аз суҳбати кӯтоҳ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири китобхонаи марказӣ Зубайдулло Абдуллоев маълум гардид, ки ӯ ин масъулиятро аз сентябри соли гузашта ба уҳда дорад. Иттилоъ дод, ки аз 30 филиали китобхонаҳои ноҳия айни ҳол бо сабабҳои гуногун 11 филиал фаъолият намекунанд. Чил фоизи китобхонаҳо таъмирталабу дар ҳолати  садамавианд.

Чунин ҳолати ногувор дар қасрҳои фарҳанг ва клубҳои ноҳияҳои дигари минтақаҳои Кӯлоб низ ба мушоҳида расид. Мақсад дорем, ки оиди вазъи онҳо ҳам дар ояндаи наздик мақолаи таҳлилие рӯи чоп биёрем.

Тавре мушоҳида гардид, аксари китобхонаҳо дар бинои куҳнаю фарсудаи солҳо таъмирнашуда қарор доранду 80-85 дарсади китобҳояшон марбути замони шӯравӣ ва бо забони русианд. Барои харидории китобҳои тозанашр на ин ки маблағ ҷудо намешавад, балки маблағҳои ночизи сметавӣ низ истифода нашуда мемонанд. Қисмати зиёди китобдорон аз дастурҳои ҳуқуқию методии амалкунанда хабар надоранд. Ба ҷуз кормандони китобхонаи вилоятии ба номи Айнӣ дигар китобхонаеро дарёфт карда натавонистем, ки кормандонаш аз мавҷуд будани маҷаллаи соҳавии «Китобдор» огаҳӣ дошта бошад. Дар ҳоле ки маҷаллаи мазкур инъикосгари бурду бохти соҳа маҳсуб меёбаду аз оғози нашри он 10 сол сипарӣ мегардад.

- Яке аз воситаҳои аз ин варта халос гардидану рушд кардани китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои минтақа дар навбати аввал рӯй овардан ба шакли нави фаъолияти хоҷагидорист.  Агар дар фаъолияти китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, мисли соҳаи маориф, усули сарикасӣ ҷорӣ шавад, мо барои харидорӣ кардани китобҳои тозанашр ва ба қадри ҳол таъмир кардани биноҳо имконият пайдо менамоем, — мегӯяд собиқ директори Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб А. Азимов.

Ҳамрадиф бо ин, бо қитъаи замин таъмин кардани онҳое, ки хоҳиши бунёди китобхонаҳои шахсиро доранд, низ ба манфиати кор аст.

- Ду-се дафъа бо маслиҳати бародарон, баҳри гирифтани қитъаи замин барои бунёди бинои китобхонаи шахсӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудам, вале хоҳишам бенатиҷа монд. Хостем, ки мо — фарзандон бо ин амал рӯҳи падари китобдӯстамон Раҳмоналӣ Қурбоналиевро шод намоем, зеро аз шодравон 1600 нусха китоб мерос мондааст, — арз намуд китобдори Китобхонаи деҳаи ба номи Ҳ. Баротови деҳоти ба номи М. Вайсов Фариштамоҳ Қурбоналиева.

Қадр кардани заҳмати китобдорони асил ва ба сарварии китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мазкур муносиб донистани мутахассисони варзида ва ё афроди дилсӯзу кордон зарур мебошад.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»