Бастани дари ҲНИТ амали саривақтист

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Чанд вақт аст, ки нисбат ба шеваи кори ҲНИТ сару садоҳо ва баҳсу мунозираҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хусусию давлатӣ идома дорад. Иштироккунандагони ин мунозирот фикру андешаҳои худро оид ба ин масъала баён намуда истодаанд. Вале аксари ширкаткунандагон, ки аз кӯчаи илму дониш нагузашта ва аз сарчашмаҳои илмӣ бехабар мебошанд, исломро ба ҲНИТ ва ҲНИТ-ро ба ислом омезиш дода, дар бораи фаъолияти он сафсатаҳо мебофтанд. Баъзе аз онон, ҳатто номи Нурию Кабирӣ ва Ҳусайнию Ҳимматзодаро дар баробари номи Худою пайғамбаронаш гузошта, ҳастии эшонро дар Тоҷикистон амри Илоҳӣ донистаанд. Ин тоифаи одамон магар аз кирдори саркардагони ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта бехабаранд? Оё онҳо намедонанд, ки эшон чӣ рӯзҳои сахту бадбахтиҳоеро ба сари миллати тоҷик оварда буданд? Маҳз намояндагони ҳамин ҳизб фарзандони озодихоҳу истиқололиятҷӯйи тоҷикро бо роҳи фиреб ба  майдоннишинию сангарнишиниҳо даъват карда, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған рехтанд. Хисороти ба Буҷаи давлат вориднамудаи ҷанги шаҳрвандӣ бошад, аз ҳеҷ сокини ҷумҳурии азизамон пӯшида нест.

Бо вуҷуди ин қадар бадбахтию хисороти молию ҷониро ворид намудан ба мардуми Тоҷикистон, Ҳукумат бо мақсади пойдории сулҳу субот дар кишвар баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27.06.1997) имконият дод, ки ҲНИТ ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуда, ба арсаи сиёсӣ ворид шавад. Бар замми ин қадар хусумату бадбиниҳо, ки намояндагони ҲНИТ нисбат ба Ҳукумат доштанд, ҳамаи эшон бахшида шуданду аллакай дар интихоботи соли 2000-ум дар Парлумон соҳиби курсӣ гардиданд.

Аз ин таҳаммулпазириҳои Ҳукумат истифода намуда, намояндагони ба гуфтаи худашон «Ҳизби Худо» ба корҳои нанговару ғайриинсоние даст заданд, ки ин амалҳо аз ақли инсони солимфикр берунанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо амалҳои роҳзанию гаравгонгирӣ ва одамрабоиҳои узви ҲНИТ Ризвон Садиров, ҳаракати «Ансоруллоҳ»-ро ташкил кардани намояндаи ҳизб Амриддин Табаров ва дигар амалҳои носавоби пайравони ҲНИТ мебошанд.

Бар замми ин қадар амалҳои бад ва рафторҳои ношоистаи аъзои ҲНИТ Ҳукумати кишвар ба хотири зиндагии осудаи кишвар муносибати сулҳҷӯёнаашро бо эшон тағйир надод. Яъне, «Ҳукумат ба сӯйи онҳо мерафту онҳо ба сӯйи девор». Масалан,  китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума, нашр ва дастраси мардум гардид, 1310-солагии Имоми Аъзам ҷашн гирифта шуд, мадрасаи динӣ мақоми Донишкадаи исломиро гирифт, Кумитаи дин дар назди Ҳукумат ва Маркази исломшиносӣ таъсис ёфтанд, идҳои Қурбону Рамазон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзҳои ғайрикорӣ эълон гардиданд, ки ин ҳама нишонаи арҷгузорӣ ба дини ислому мусалмонон буд.  Вале аъзои Ҳизби наҳзат ҳамаи ин амалҳоро нодида гирифта, ҳамеша дар пайи бадном кардани Давлату Ҳукумат ва таърифу тавсифи араби биёбонгард мебошад.

Имрӯз Ҳукумати кишвар ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз ҷумла дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша тадбирҳои воқеӣ меандешад. Танҳо дар соли гузашта кумакҳои гуногун аз Буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа тақрибан 90 миллион сомониро ташкил додааст ва ин нишондиҳанда сол аз сол афзоиш меёбад. ҲНИТ бошад, ҳатто муносибат ва мавқеи худро нисбат ба чунин иқдомҳо на муайян мекунаду на амали хайреро ба анҷом мерасонад. Аммо агар ягон муллои чалласавод танқид шуд, кулли аъзои ҳизб оҳу фиғон бардошта, баёнияи худро ба созмонҳои бонуфузи хориҷию кишварҳои ҷаҳон пешниҳод менамоянд. Дар миёни тамоми ҳизбҳои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯё танҳо ҳизби эшон зери фишору шиканҷа қарор дорад, дар ҳоле ки ин ҳизб барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон кореро анҷом надодааст. Ин амали онҳо чун ҳиллаҳои шаръии пешинаашон аст, эшон мехоҳанд, ки бо нолаву гиряву фиғон мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ намоянд.

ҲНИТ бо ҳамон усули пешинааш бинои ширкати «Тиҷорат»-ро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Бинои мазкур аслан ба ширкати «Тиҷорат» тааллуқ дорад ва дар сомонаҳои интернетӣ гуфта мешавад, ки он бист рӯз пеш аз бастани чопхонаи ҳизб баста шудааст. Хонандаи азиз, худ қазоват намо ин ҳизб ҳатто бинои қароргоҳашро бо роҳи фиребу найранг ба даст овардааст, пас он чӣ гуна метавонад росткориву поквиҷдониро ба мардум талқин намояд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ҳақро аз ноҳақ ҷудо карда метавонад. Шиками мардумро бо дурӯғу фиреб сер карда намешавад, бо ривояту афсонаҳои арабӣ заводу фабрика сохтан имкон надорад. Маҳз дурӯғу фиребҳои ҲНИТ буданд, ки имрӯз бисёре аз намояндагонаш бо хоҳиши худ аз узвияти он даст кашида истодаанд.

Халқи тамаддунпарвари тоҷик, ки асрҳои аср бо меҳнати ҳалол нон хӯрдаасту дар замираш ростию покӣ нуҳуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ чунин ҳизби фиребгару найрангбозро қабул надорад.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон мусалмонанд, вале дар давлати исломӣ зиндагӣ кардан намехоҳанд ва ба ягон ҳизби исломӣ ҳам ниёз надоранд.

 Корвон Сипеҳров