Бештар ба кластери панҷум ҳуҷҷат супориданд

№ 14.06.2016

КӮЛОБ. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии минтақаро дар соли хониши 2015-2016- ум  18849 нафар хатм менамоянд.

Тибқи маълумоти расмӣ, 13313 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки 70,6 фоизи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад. Аз ҳама зиёд дар кластери 5-ум (6418 нафар) ҳуҷҷат супоридаанд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»