Олимони мо

Дар амал то дер бозию дарозӣ мумкин аст…

№76(3377) 04.06.2015

MАгар замоне аз кормандони собиқадори Китобхонаи миллии Тоҷикистон сухан ба миён ояд, бешак, аввалин шуда, ному насаби Абдуллоҷон Юнусов ба забон оварда мешавад. Ду маротиба: аввалан 54 сол собиқаи меҳнатии бе танаффус дар ин боргоҳи маърифат, сониян аз рӯи теъдоди таълифот беш аз 600 осори чопӣ. Роҳбарии қариб нимасрааш ба яке аз шуъбаҳои муҳимтарин — шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири китобхона ҳам шояд рекордӣ гардад.

Абдуллоҷон Юнусов  соли 1959 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи               В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуд ва дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба фаъолият пардохт. Азбаски бо алифбои ниёгон хуб ошно буду аз боғи муаттари адабиёти классикии тоҷику форс гулҳои зиёд чида, перомуни ҳавзаҳои илмию адабӣ, марказҳои хаттотӣ, нусхашиносӣ, таърихи инкишофи хат ва ғайра маълумоти лозима дошт, бо дили гарм дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир пайи кор шуд. Ин шуъба, бемуболиға, ҳамеша зиёратгоҳи бузургон, чеҳраҳои барҷастаи илму адаб аз дохилу хориҷ буд. Як нигоҳе ба китоби қайдҳои меҳмонон кифоя аст то огоҳ гардем, ки чӣ номҳое дар он сабт шудаанд.

Абдуллоҷон Юнусов бо дигар ҳамкоронаш ба кулли марказҳои муҳими илмию фарҳангии Тоҷикистон, инчунин манотиқи тоҷикнишини Ӯзбекистон сафарҳои хидматӣ намуда, дастхату китобҳои нодир гирд меоварад, зеро осори пешинагон ягона василаест, ки имрӯзиёну ояндагонро бо масоили гуногуни таърихӣ, илмию адабӣ, иҷтимоию фарҳангии пешинагонамон ошно менамояд. Ҳамзамон ҳамвора тариқи даъвату хоҳиш ва мукотиба аз мардум дар кори хайри  гирдоварии дастхату китобҳои нодир мадад мехоҳад ва тавфиқ меёбад.

Абдуллоҷон Юнусов дар танзими библиографии дастнавису китобҳои нодир хидмати босазо  намуда, бо истифода аз таҷрибаи марказҳои осори хаттии дигар кишварҳо табақабандии онҳоро бо феҳристи алифбоӣ бо номи «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» дар се ҷилд мутобиқан солҳои 1971, 1978 ва 1981 тақдими аҳли фаҳм намуд. Мавсуф соли 1973 дар мавзӯи «Масъалаҳои забоншиносии тоҷик» таҳти роҳбарии профессор Додоҷон Тоҷиев рисолаи илмӣ ҳимоя карда, сазовори  унвони илмии номзади илми филология гардид. Ӯ минбаъд перомуни паҳлуҳои гуногуни забоншиносии тоҷик мақола ва очеркҳои зиёди илмӣ ба табъ расонд, миёни китобдорон чун муҳаққиқи забони модарӣ низ ном ёфт. Китобномааш — «Таърихи забоншиносии тоҷик» (дар панҷ ҷилд) сазовори баҳои баланди мутахассисон гардид.

Ба қалами ӯ беҳтарин дастурҳои библиографии миллӣ -«Аҳмади Дониш», «Рӯдакӣ», «Нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Авесто» — китоби муқаддаси зардуштиён», «Вера Расторгуева», «Алберт Хромов» ва ғайраҳо мансубанд. Умуман, бобати масоили умдаи китобшиносӣ, забоншиносӣ, шеваҳои ташкили феҳристи китобхона, таҳияи истилоҳоти миллии китобдорӣ, дигар паҳлуҳои хадамоти библиографӣ таълифоти зиёд намудааст. Ҳар чӣ нигоштааст, ба китобу китобдорию китобхонаву китобшиносон марбут аст. Бо заҳматаш ба гулбоғи китоб баҳору ба кошонааш сафо овардааст.

Дилбастагони осори ниёгон, пажӯҳишгарон ва хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ варо чун маслиҳатгару ёвар эҳтиром менамоянд. Ҳамнишинию  ҳамкорӣ бо Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Додоҷон Тоҷиев, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Аълохон Афсаҳзод барин донишмандони тоҷик, инчунин китобшиносони маъруфи Шарқ Муҳаммад Аъзами Сиистонӣ, Муҳаммади Раҷабӣ, Музаффар Олимӣ ва дигарон Абдуллоҷон Юнусовро парвариш доданд. Шарқшиносони маъруф Михаил Боголюбов, Леонард Герсенберг, Алберт Хромов, Иржи Бечка, Манфред Лоренс фаъолияти илмию китобдориашро борҳо қадр намудаанд. Хидмати ин сарсупурдаи  фарҳангу маърифат дар таҳриру тарҷумаи дастурҳои методию библиографӣ низ чашмрас аст.

Абдуллоҷон Юнусов дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ба мӯйи мушкфоми ҷавонӣ гарди орди хирад афканд ва замини ҳамвори пешониро чин болои чин кард, аммо ин ҳама бо як эҳсоси хушҳолӣ. Имрӯз ҳам намегузорад, ки заъфи пирию  саломатӣ бар эшон гузар кунад, дар гӯшаи боми хеш пойбанди заъф нест, чун қаблӣ босамар заҳмат мекашад.

Орзумандем гулзори эҷодаш чун баҳорон гул-гулшукуфт, сараш сабз ва ҷисмаш рустамона сиҳату саломат бошад. Тавре Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мефармояд:

Дар амал то дер бозию дарозӣ мумкин аст,

Чун амал бодо туро умри дарозу дербоз.

Исмоил  САИДЗОДА, мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ — таҳқиқотии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон