Дар Шаҳритуз омӯзгорони ҷавонро интизоранд

№62 (3208) 12.06.2014

IMG_6203

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли хониши 2013-2014 ҳамоиш доир гардид. Дар он роҳбарияти  донишгоҳ,   масъулини   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,   мудирону мутахассисони шуъбаҳои  маорифи ВМКБ,  вилоятҳои Суғд,  Хатлон, шаҳри Душанбе,  шаҳру навоҳии тобеи марказ ва  волидайни  хатмкунандагон ҳузур доштанд.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов оғоз намуда, зикр кард, ки донишгоҳро дар соли таҳсили ҷорӣ аз рӯйи 27 ихтисос  909  донишҷӯй хатм менамоянд.

Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 533 нафар хатмкунандаи бахши буҷетӣ ба вилояти Хатлон 169,  вилояти Суғд   52, ба шаҳри Душанбе 102 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 158 ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 52 нафар сафарбар мешаванд.

Ректори донишгоҳ бобати  ба кор рафтани донишҷӯёни тариқи квота таҳсилнамуда минҷумла гуфт, ки онҳо тибқи роҳхати пешбинишуда,  бояд ба маҳалҳои худ баргашта, аз рӯйи ихтисосашон кор кунанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки  шахсе, ки донишгоҳро таври буҷетӣ хатм мекунад, барои гирифтани диплом бояд мутобиқи қарори дахлдори Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман се  сол дар муассисаи таълимӣ кор кунад.

Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамзамон гуфт, ки ҳарчанд нарасидани кадрҳо дар ҳама ноҳияҳо ҳаст, вале ин мушкил бештар дар вилояти Хатлон ба назар мерасад. Ба  гуфти  ӯ,   баръакси ҳол  дар  ВМКБ кадрҳои омӯзгорӣ зиёданд ва бо назардошти ин омил,  донишҷӯён бештар бояд,  ба шаҳру навоҳии Хатлону  Суғд ба кор сафарбар шаванд.

Муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Зиёратшо Нарзуллоев изҳор дошт, ки агар солҳои 2005- 2006   норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар кишвар  13 ҳазор нафар буд, ҳоло ин шумора баробар ба соли хониши 2013- 2014-ум  477 нафарро ташкил медиҳад, ки 245 нафараш ба вилояти Хатлон рост меояд. Аз мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  зиёда аз 3300 дархост расидаасту зиёда аз 4000 нафар  донишгоҳро хатм мекунад. Аз ин  лиҳоз,   метавон гуфт, ки ин мушкил ҳалшаванда аст.

Дар фарҷом байни мудирони шуъбаҳои маориф, донишҷӯёну волидайн саволу ҷавоб сурат гирифт. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз Сайфиддин Садриддинов аз шароити мусоиди барои омӯзгорони ҷавон муҳайёбуда ҳарф зада, кадрҳои болаёқатро ба ноҳия даъват намуд.

Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ, «Садои мардум»