Наврасон - ояндаи миллат

Дарахт аз реша мегирад ғизои баркамолиро

№148 (4098) 10.12.2019

Аз замоне ки инсон бо пушти сар намудани давраи ибтидоӣ рӯ ба маърифат овард, таълиму тарбия дар ҳаёти ӯ мавқеи муҳимро касб кард. Дар шакли сода ҳам бошад, зарурати назорату таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рафтору кирдори фарзандон пеш омад. Он чӣ аз ҳисси зотӣ дар дигар ҷонзодҳои олам низ ба мушоҳида мерасад. Бо фарқ аз ҳайвоноту парандагон ва дараҷаи баланди масъулияти инсонӣ барои инсонҳо зарур буд, ки роҳу усулҳои муфидтарро дар таълиму тарбияи фарзандон ҷорӣ намоянд. Дар маҷмӯъ, таълиму тарбия дар ибтидо шакли хеле содаро соҳиб буда, ба он равона гардида буд, ки мавҷудияти худро ҳифз карда тавонад. Ҳамин тариқ, мактабҳо ва васоити таълим пайдо шуданд, ки дар муқоиса бо имрӯз ниҳоят одӣ буданд. Бо вуҷуди он, пойдевор ё нахустхишти мактабу маорифи имрӯза маҳсуб меёбанд.

Мо — имрӯзиён аз ҷумлаи инсонҳои батолеъ ҳастем, ки дар замони пешрафти илму техника, рушди босуръати фанновариҳо, мусоидтарин шароит барои омӯзишу фаъолият умр ба сар мебарем. Эътироф бояд кард, ки  дар баробари ин ҳама дастовардҳо, шароити мусоид, давраи ҷаҳонишавӣ инчунин, мушкилиҳои худро доранд, ки ба тафаккури насли наврас таъсири манфӣ расонда метавонанд.

Боқӣ, дару дарвозаи имкониятҳо барои фаъолияти гус­турда ва пурсамари андӯхтани илму дониш, таълиму тарбия ҷавобгӯи талаботи замон бар рӯи ҳама боз мебошад. Фақат завқи баланди меҳнатдӯстӣ ва донишомӯзӣ доштан даркор асту бас.

Тавре ки медонем, зинаи ибтидоии таҳсил дар мактаб дар таълиму тарбияи насли наврас мавқеи хосро ишғол менамояд. Мутаассифона, ҳанӯз аз давраҳои шӯравӣ ақидаи нодурусте роиҷ гардидааст, ки ба дуюмдараҷа будани таълиму тарбия дар зинаи ибтидоӣ ишора мекунад ва ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба ин мувофиқ буда наметавонам. Бо он сабаб ки чунин муносибат метавонад, самаранокии таълимро рахна карда, шахсони тасодуфиро ба соҳа ворид созад. Баръакс, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба дараҷаи касбият ва таҷрибаи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, на танҳо кори омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва макотиби олиро осон мегардонад, балки  барои мутахассисони оянда заминаи боэътимоди касбиятро фароҳам меорад. Дар ҳамин давра ба зеҳни ҳанӯз поку беолоиш ва орӣ аз андешаҳои нолозим донишу тафаккуре ворид мешавад, ки ӯро то охири умр раҳнамо шуда метавонад. Он гунае ки навниҳолаки нозуке тарзи нашъунамояш аз муҳит вобаста мебошад ва дар сурати халал расондан ба ҳолати инкишоф метавонад, бисёр нозебо қомат афрозад. Дуруст аст, ки инсон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи табиат мебошад ва қонунҳои табиат ба инсон ҳам тааллуқ доранд. Дар табиат ҳама мавҷудот аз сарчашма маншаъ мегиранду ба камол мерасанд. Бе асос ва решаи мустаҳкам ҳифзи мавҷудият имкон надорад. Калиди ягонаи мушкилоти ҷомеа бошад, маориф ва маорифчиёне мебошанд, ки бо амри дилу виҷдон рисолати ҳидоятгариро иҷро менамоянд.

Назире нест «Қобуснома»- и  Унсурмаолиро,

Дарахт аз реша мегирад ғизои  баркамолиро.

Давлатмо Абдураҳимоваомӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 50, шаҳри Душанбе