Духтарон ҳунарҳои мардона меомӯзанд

№1 (3638) 05.01.2017

Ояндаи кишвар ба ҷавонони соҳибтаҳсилу ҳунарманд вобаста аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардаанд:

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Аз ин рӯ, насли калонсол вазифадор аст, ки баҳри тарбияи ҷавонон чораҳои зарурӣ андешад. Дар ноҳияи Сангвор ба таълиму  тарбияи ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ дар байни ҷавонон оид ба интихоби касб корҳои тарғиботии зиёд бурда мешавад. Хурсандиовар аст, ки сафи духтарони донишҷӯй сол то сол дар ноҳия афзоиш меёбад. Онҳо на танҳо дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии кишвар таҳсил менамоянд, балки дар коллеҷу литсейҳо ҳунарҳои мардона меомӯзанд ва бо ин рафтори хеш собит намудаанд, ки ҷинси латиф ҳам метавонад баробари мардон дар корҳои вазнин ба хотири рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошад.

Таъсиси литсейи касбӣ-техникӣ дар ноҳия шароит фароҳам овард, ки қисми зиёди ҷавонон он ҷо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Дар литсей теъдоди хонандагон 161 нафар буда,  83  нафарашон духтар мебошанд. Соли гузашта   106 нафар аз рӯи  касбҳои гуногун: тракторчӣ, мошинисти истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ,  дӯзандагӣ, кафшергарӣ  ва ронандагӣ литсейро хатм намуда, ба истеҳсолот сафарбар мешаванд.   Дар  литсейи касбӣ- техникӣ  барои хонандагони аз деҳаҳои дурдастомада шароити зист  ба қадри имкон ташкил карда шуда, 35 нафар ҳунарҷӯён дар хобгоҳ  ҷойгир ва  дар як рӯз се вақт бо хӯроки гарм таъминанд.

Дар литсейи мазкур баробари пешравиҳо як қатор камбудиҳо низ мавҷуданд, ки баҳри пешбурди таълиму тарбия садди роҳ шудаанд. Набудани устохонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, нарасидани воситаҳои техникии компютерӣ, камбудии китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва  кадрҳои ихтисоснок таълиму тарбияро дар литсей як андоза душвор  гардонидаанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»