Фаъолият ба рушди иқтисодиёти шаҳр мусоидат намуд

№123 (3424) 14.09.2015

Замони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳо ноил гардид, махсусан соҳаи илму маориф батадриҷ рушд намуд. Агар замони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як донишгоҳ фаъолият мекард, пас имрӯз даҳҳо чунин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавҷуданд. Дар ин баробар филиали донишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфта, баҳри соҳибкасб шудани насли наврас саҳми сазовор мегузоранд.

Бо мақсади пешниҳоди маълумот ба хонандагони рӯзнома оид ба сатҳу сифати таълим, заминаи илмиву техникӣ бо директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, номзади илмҳои техникӣ Неъматулло Исмонхӯҷа мусоҳиб гардидем. — Оид ба таъсиси филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба хонандагон маълумот диҳед.

- Соли 1943 вақте ки фашистон шаҳри Одессаро забт мекунанд, Техникуми саноатии консервабарории онро ба шаҳри Исфара мекӯчонанд. Аз ҳамон вақт сар карда,  дар шаҳри Исфара техникум ба фаъолият шурӯъ мекунад. Соли 1955 номи Техникуми саноатии хӯроквории шаҳри Исфараро мегирад. Соли 1992 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон техникум ба Мактаби олии таҷрибавии техникӣ табдил меёбад. Соли 2000 ба Коллеҷи технологии шаҳри Исфара табдил дода шуда, ниҳоят соли 2011, вақте ки Президенти кишвар рӯзи донишро дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гузарониданд, таклиф намуданд, ки техникум ба филиал табдил дода шавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №218 аз 2 майи соли 2012 коллеҷ ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таъсис ёфт, ки барои ҳамаи сокинони шаҳр, алалхусус омӯзгорони коллеҷ  рӯзи фирӯз  буд. Аз суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони шаҳр хурсанд шуданд. Филиал ба рушди истеҳсолоту иқтисодиёти шаҳри Исфара кумак намудааст.

- Дар сохтори филиал чанд факултет амал мекунад? Оё базаи илмиву техникии он пурра аст?

- Филиал дорои як факултет — факултети технологияи саноатӣ, иқтисодиёти инноватсионӣ ва педагогикаи касбӣ ва ду кафедра-кафедраҳои табиии риёзӣ ва  технологияи саноатӣ ва иттилоотӣ мебошад. Нақша дорем дар оянда кафедраҳоро зиёд кунем. Имрӯз дар филиал  аз рӯи даҳ ихтисос таълим дода мешавад ва самти афзалиятноки мо асосан технология ва таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ, технология ва таҷҳизоти соҳаи сохтмон аст, чунки дар шаҳри Исфара корхонаҳои зиёд фаъолият дошта, ин ду соҳа ривоҷ ёфта истодааст.

Айни замон дар филиал 447 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 73 фоизашро духтарон ташкил медиҳанд. 57 нафар омӯзгор ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо як нафар  доктори илм, профессор ва 24 нафар номзадони илм ҳастанд. Ногуфта намонад, ки аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ,  шаҳру ноҳияҳои  Кӯлоб, Конибодом, Чкалов, Муъминобод, Зафаробод донишҷӯён дар филиал таҳсил мекунанд. Барои 200 нафар хобгоҳ бо шароити лозима мавҷуд аст. Филиал базаи пурқувват дорад. Озмоишгоҳҳое, ки дар ин ҷо ҳаст, шояд дар дигар донишгоҳҳои вуҷуд надошта бошад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо месазад ёдовар шавам, ки дар мо 18 озмоишгоҳ фаъолият дошта, бо компютер ва тахтаҳои электронӣ таъмин мебошад.

Ният дорем, ки ихтисосҳои нави коркарди бадеии чӯб, коркарди пору ва технологияи оби маъданиро ба роҳ монем. Маоши омӯзгорон хуб аст. Панҷ сол пеш 160 сомонӣ маош мегирифтанд. Имрӯз  саромӯзгор 1500 сомонӣ, номзади илм зиёда аз 2000 сомонӣ маош мегирад.

Таҳсил бо усули кредитӣ ҷараён дошта, донишҷӯён бо идрорпулӣ таъмин буда, инчунин нафароне, ки аз оилаҳои камбизоатанд,  идрорпулии иҷтимоӣ мегиранд.

- Робитаи филиал бо чанд муассисаи таҳсилоти олии касбии  хориҷӣ ба роҳ монда шудааст ва талабот ба ин муассисаи олии таълимӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Робитаи донишгоҳ бо зиёда аз 20 донишгоҳҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта нақшаи қабул  44 фоиз иҷро шуд. Соли аввал, ки буд, таҷриба надоштем. Мо корҳои таблиғотиро ба роҳ мондем.  Дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад ва шаффофият пурра таъмин аст.

- Оё филиал парки технологӣ дорад?

- Таъсис додани паркҳои технологӣ супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  буд. Мо Парки технологӣ дорем ва зиёда аз 80 нафар дар он ҷо кор мекунанд. Аммо парки технологӣ ҳамчун корхона аст, ягон имтиёз надорад. Хуб мебуд, агар ба сехҳое, ки дар назди паркҳои технологӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд, имтиёз дода шавад.

Пешравиҳое, ки филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара рӯи кор омадаанд, аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»