Донишманде дар ҷодаи илми тиб

Фаъолияти доманадор ва пурмаҳсул

№24 (3170) 11.03.2014

DSC0шокировДар «Ал-Қонун фит- тиб» («Қонун дар бораи тиб»)-и Абӯалӣ ибни Сино омадааст: «Ба дурустӣ тиб илмест, ки аз он ҳолатҳои тани инсонро аз ҷиҳати солим ва носолим будани он бишиносанд, то ки тандурустӣ андар ҳоли будан нигоҳ дошта шаваду андар ҳоли аз даст рафтан баргардонда». Воқеан ҳам, тиб дар ҳифзи саломатии инсон хизмат мекунад. Абӯалӣ ибни Сино онро илми назариявӣ ва амалӣ меҳисобад. Аз нигоҳи ӯ ҳар яке аз ду бахши тиб ба ҷуз илм чизи дигаре нест, лекин якеи он илми аслҳост ва дигарӣ илми оид ба чигунагӣ амал намудан.

Ин таснифи Абӯалӣ ибни Сино нисбати тиб то чӣ андоза муҳим будани илму амалро тақозо мекунад. Барои табиб аз бар намудани илми назариявӣ зарур аст, то барои ба амал татбиқ намудани он омода шавад.

Табиби оянда Юсуф Шокиров ҳангоми таҳсил дар факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (солҳои 1965-1971) назди худ чунин мақсад пеш гузошта буд. Давоми солҳои донишҷӯӣ пайваста мекӯшид ҳар чӣ бештар омӯзад, то асосҳои илми тибро аз худ намояд. Мустақилона адабиёти илмӣ меомӯхт, дар чорабиниҳои илмӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъолона дошт. Баъди хатми донишгоҳ Юсуф Шокиров ҳамчун донишҷӯйи беҳтарин барои таҳлил ба ординатураи кафедраи бемориҳои дарунӣ тавсия шуд.

Таҳсилро дар ординатура ғоибона идома дода, ба Беморхонаи клиникии №3 (ҳоло Маркази табобатии миллӣ) ба кор даромад.

Ӯ баробари табобат, кори илмиашро вобаста  ба бемориҳои гурда идома дод. Роҳбари илмии ӯ табиби машҳур академик Ҳамид Мансуров буд.

Дарди гурда аз бемориҳои  паҳншуда мебошад. Аз ҷумла дар кишвари мо  низ бисёр касон мубталои ин  беморианд. Ба ақидаи табиб Юсуф Шокиров, бемории дарди гурда хеле ноаён мегузарад. Аз ин сабаб муайян сохтани дараҷа ва намуди он душвор аст. Дар хусуси намуди бемориҳои ошкор шинохташаванда ё пинҳон (ғайридаркшаванда) дар китоби «Ал- Қонун- фи-т- тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино низ ишора рафтааст.

«Бемориҳо мумкин хос ва анбозӣ (шарик, ҳамто) бошанд. Чунончӣ, мағз гурдаро бад-он сабаб анбоз аст, ки ҳар кадоми онҳо бо ҷигар анбозӣ доранд»,- омадааст дар ин китоби машҳуру муътабари илми тиби оламгири Абӯалӣ ибни Сино.

Аз ин сабаб омӯзиш ва муайян намудани бемориҳои гурда ва ҷигар  диққати олимони соҳаи тибро ҷалб намуд.

Академик Ҳамид Мансуров бо ҳамроҳии олими ҷавон Ғиёсиддин Меъроҷов (ҳоло мушовири илмии Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик) усули биоптияи ҷигарро, ки дар соҳаи тиб навгонӣ ҳисобида мешуд, кор карда бароварданд.

Бо супориши академик Ҳомид Мансуров, олими ҷавон Юсуф Шокиров ба усули биоптияи гурда машғул шуд. Баробари идомаи корҳои илмӣ, ӯ дар шаҳри Москва дар курси такмили ихтисоси кормандони тиб таҷриба омӯхта, малакаи  касбомӯзиро дар ин соҳа ғанӣ гардонид.

Соли 1980 дар асоси таҷрибаи андӯхтааш бо роҳбарии академик Ҳамид Мансуров дар Институти марказии такмили ихтисоси кормандони тибби Федератсияи Россия дар шаҳри Москва рисолаи илмиро таҳти унвони «Хусусиятҳои гломерулонефрити шадид» ҳимоя намуд.Ба ин кори илмӣ олимони соҳаи тиб баҳои баланд доданд ва олими ҷавони соҳаи тиб Юсуф Шокиров ба гирифтани унвони номзади илмҳои тиб сазовор гардид.

Кори илмии Юсуф Шокиров усулҳои табобати бемории гурдаро фаро мегирифт. Бо пешниҳоди олими шинохтаи соҳаи тиб, академик Ҳамид Мансуров ба пажӯҳиши ҷиддии ин беморӣ машғул шуд.

Истифодаи биоптияи гурда усули пешқадам ва навгонӣ дар соҳаи тиб ҳисобида мешавад. Ин усул ягона воситаи муайян кардани намуди беморӣ мебошад. Табиб  Юсуф Шокиров тарзи истифодаи ин усулро шарҳ медиҳад. Ба воситаи сӯзан намунаи бофтаи гурдаро барои озмоиш мегиранд. Баъди ташхис намуди беморӣ муайян мешуд ва мариз низ мутобиқи он табобат меёфт. Дар ташхиси морфологии бемории гурда академик Ғиёсиддин Меъроҷов саҳми босазо дорад.

Ҷорӣ шудани ин усул имкон дод, ки пеши роҳи бемориҳои вазнин гирифта шавад. Аз ин тарзи табобат бисёр беморон шифо ёфтанд. Дар ин соҳа корҳои илмӣ- тадқиқотии худро Юсуф Шокиров муддати 16 сол  идома дода, соли 1998 таҳти унвони  «Хусусиятҳои клиникии  аломатҳои варами гурда» (мушовири илмӣ доктори илмҳои тиб Усмон Расулов) рисолаи доктори илмҳои тибро ҳимоя кард.

Аз доктор Юсуф Шокиров сабабҳои пайдоиши бемории гурдаро пурсон шудем:Шахсони бемории гурда гирифтори фишорбаландӣ мегарданд ва он ба дил, гардиши хуни майнаи сар таъсир карда, сабаби вайроншавии асаб мегардад. — мегӯяд ӯ ва илова мекунад: — Дар муддати кӯтоҳ ин беморӣ ба норасоии гурда оварда мерасонад. Ниҳоят ин ашхос ба пайванд кардани гурда ниёзманд мегарданд. Сабабҳои пайдошавии ин беморӣ  гуногунанд. Баъди инфексияи ҳалқу бинӣ, зуком, хунукхӯрии сахт ин касалӣ пайдо мешавад. Нӯшидани оби хунук низ метавонад таъсири манфӣ расонад ва сабаби гирифтории ин беморӣ гардад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки баданро аз хунукӣ то ҳадди имкон муҳофизат намоем.

Соли 2010 маркази пайвандкунии  гурда бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ташкил шуд. Дар ташкил ва  мавриди истифода қарор додани ин марказ доктори илмҳои тиб Юсуф Шокиров низ  иштироки фаъолона дошт. Ҳоло он Маркази ҷумхуриявии  пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон ном дошта, амалиёти душвори ҷарроҳӣ вобаста ба бемориҳои гурда гузаронида мешаванд.

Солҳои пеш барои  пайвандкунии гурда беморон ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ мерафтанд ва маблағи зиёд сарф мешуд. Ҳоло дар маркази мазкур чунин амали ҷарроҳӣ, аз ҷумла пайвандкунии гурда, гузаронида мешавад. Марказ бо дастгоҳҳои ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз буда, табибони  соҳибмаълумоту ботаҷриба фаъолият доранд. Дар амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ин марказ гузаронида мешавад, доктори илмҳои тиб Юсуф Шокиров баробари бевосита иштирок намудан, ҳамчун машваратчӣ низ даъват мешавад. Ҳоло маркази мазкурро доктори илмҳои тиб профессор Ашӯр  Достиев роҳбарӣ мекунад.

Ҳамчун корманди ботаҷриба Юсуф  Шокиров аз соли 2009 инҷониб сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои  нефрологӣ мебошад.

Ӯ инчунин ба фаъолияти педагогӣ машғул аст. Вобаста ба пешрафти илму техника дар ҷараёни таълим  дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадааст. Тавре Юсуф Шокиров мегӯяд, бо истифода аз имконоти техникӣ машғулиятҳо шавқовару ҷолиб мегузаранд. Ҳар як толори таълимӣ  дорои компютер ва дигар лавозимоти  зарурӣ мебошад.

Дар бобати таъминот бо техника ва дигар лавозимоти таълимӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов саҳми арзанда дорад. Ҳоло таълим дар ин донишгоҳ бо истифодаи пурраи технологияи муосир мегузарад. Мавҷуд будани чунин заминаи мусоид ба раванди таълим таъсири мусбӣ мерасонад.

Доктори илмҳои тиб Юсуф Шокиров баробари табиб ва омӯзгор будан, корҳои илмӣ -тадқиқотӣ мебарад. Дар ин ҷода низ туфайли заҳмату ҷустуҷӯи илмӣ муваффақ шудааст. Ӯ муаллифи баштар аз 150 мақолаи илмӣ, шаш ихтироот дар соҳаи тиб, ҳашт дастурамали таълимӣ мебошад.

Китобҳои дарсии Юсуф Шокиров «Бемориҳои дарунӣ» (соли 2011), «Бемориҳои касбӣ» (соли 2013) мавриди  истифодаи донишҷӯёну табибон аст. Инчунин ду китоби ӯ, ки маҷмӯи лексияҳоро дар бар мегиранд, омодаи чоп мебошад.

Ю.Шокиров аз соли 2003 то 2009 ба ҳайси муовини сардухтур оид ба корҳои табобатии беморхонаи №195 шаҳри Москваи Федератсияи Россия кор карда, маҳорату таҷрибаи касбии худро сайқал дод.Ҳоло доктори илмҳои тиб профессор, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Юсуф Ахмедович Шокиров  мудири кафедраи бемориҳои дарунии №1 Донишгоҳи  давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мутахассисони ин кафедра асосан ба усулҳои табобат ва ташхиси бемориҳои норасоии гурда машғуланд. Таҳти роҳбарии ӯ ҳашт нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар кафедра ҳафт нафар ба корҳои илмӣ машғуланд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд. Ба онҳо Юсуф Шокиров роҳбарӣ мекунад.

Доктори илмҳои тиб, профессор Юсуф Шокиров олимест, ки илми  назариявиро бо амал тавъам медонад.Фаъолияти беш аз 40 — солааш ҳамин тавр фароху доманадор ва пурмаҳсул мебошад.

Вобаста ба баёни ҳадди тиб Абӯалӣ ибни Сино дар китобаш «Ал-Қонун-фи-т- тиб» мефармояд: «Чизҳоеро, ки бояд пизишк тасаввур намуда, бо бурҳон исбот намояд, ин бемориҳо, сабабҳои ҷузъӣ ва  нишонаҳои онҳо, чӣ гуна  бартараф намудани беморӣ ва нигоҳ доштани тандурустӣ бувад. Пизишкро лозим аст ба ҳар чӣ аз инҳо, ки пинҳонӣ вуҷуд дорад, аз роҳи тафсил додан ва муайян сохтани андозаю вақти он бурҳон биоварад».

Барои чунин баҳогузорӣ кардан ва беморро шифо бахшидан табибро донишу маҳорат, таҷрибаи касбӣ лозим аст, ки Юсуф Ахмедович Шокиров ҳама ин сифатҳоро дорост.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»