Фардои Тоҷикистони азиз боз ҳам дурахшон аст

№59 (3205) 05.06.2014

Таҳаввулоти азиме, ки тайи бист соли охир дар кишвар ба чашми ҳар як фарди соҳибватан мерасаду боиси ба куллӣ рушд ёфтани Тоҷикистон мегардад, маҳз самараи татбиқи нуктаҳои Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Паёми имсола низ чун солҳои қаблӣ бо ҳадафи созандаи худ имкон фароҳам овардааст, ки зиндагии шоиста ва ваҳдати мардуми кишвар пурра таъмин гардад, рушди бонизоми ҳамаи соҳаҳо беш аз пеш вусъат ёбад. Нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём дарҷ шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад ва истиқлолияти миллӣ боз ҳам қавитар мешавад.

Дар оғози Паём Президенти мамлакат аҳамияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими Истиқлолияти давлатии кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон махсус зикр намуда, ҳамагонро барои арзанда пешвоз гирифтани 20-солагии он даъват намуд. Сарвари давлат ин ҳуҷҷати муҳимро бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ унвон кард, ки роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Сарвари давлат Конститутсияро ситоиш намуда, чунин таъкид дошт: «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд». Ба хотири амалӣ намудани ин арзишҳои Конститутсия Роҳбари муаззами тоҷикон корҳои шоиста ва бузургро дар кишварамон амалӣ намуд ва маҳз ҳамин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ муайян гарданд ва дигаргуниҳои куллӣ дар онҳо эҳсос шаванд.

Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки муҳимтарин ҳадафе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардии он талош меварзад, рушди неруи инсонӣ, таъмини аҳолии камбизоат ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, беҳсозии сифати он ва ғайра ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус дар Паёми Президент минҷумла чунин таъкид гардид: «Мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти неруи инсониро ҳал намоем».

Бешубҳа, ин ҳадаф моҳияти стратегии дохилидавлатӣ дошта, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст. Дар кишвар бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ корҳои шоиста ба анҷом расида, минбаъд низ ин раванд мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт. Вале таъкиди Сарвари давлат доир ба рушди неруи инсонӣ ба он хотир буд, ки рушди устувори иқтисодӣ ва рафъи мушкилоти мавҷуда ба он рабт доранд, зеро маҳз неруи инсонӣ дар раванди пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши фаъол дошта, ҷомеаро ба пеш мебарад ва маҷмӯи истеҳсолотро рақобатпазир менамояд.

Нуктаи муҳими дигари Паём таҳлили амиқ, дурандешона ва аз нигоҳи илмӣ асосноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар ҳафт соли охир ва вазифаҳо барои ҳафт соли оянда мебошад. Ин гуна таҳлили оморӣ ва муқоисавӣ, ки дар низоми муҳокимаҳои таҳқиқӣ арзиши ниҳоят баланд доранд, ба мо имкон медиҳад, ки дар муқоиса ташаккул ва таҳаввули ҳаёти ҷомеаро дуруст дарк намоем. Аз рақамҳо ва муқоисаи онҳо дар ҳафт соли пешин равшан мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари оқилу хирадманди хеш ниҳоят пеш рафта, нишондодҳои макроиқтисодӣ ва микроиқтисодиаш боиси таҳсин мебошад. Бо ин дастовардҳо қаноат накарда, Президенти кишвар дар ҳар соҳа барои ҳафт соли минбаъда дурномаҳоро манзур намуд, ки сарфи назар аз  шароити ниҳоят мураккаби геополитикӣ, зуҳуроти беқурбшавии пул ва омилҳои дигари таъсиррасон Ватани маҳбубамонро боз ҳам пеш хоҳад бурд. Тавре аз Паём бармеояд, ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои фавқуззикр дар кишварамон барномаҳои дахлдори ҳукуматӣ тарҳрезӣ шуда, қисми зиёдашон амалӣ гардидаву боқимонда мавриди амал қарор доранд. Сарвари давлат бо ҳамин мақсади созанда ва ибтикороти наҷиб бори дигар ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо дастурҳои мушаххас дод. Ин талаботи қатъӣ арзиши Паёмро боз ҳам баландтар намудааст.

Чуноне таъкид шуд: «Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад». Аз ин нуктаҳо метавон хулоса кард, ки таваҷҷуҳи асосии Сарвари мамлакат барои дар сатҳи зарурӣ устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҷилавгирӣ аз таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба он, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидор, инчунин таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона шудааст.

Президенти мамлакат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ бештар ба масъалаҳои умдатарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, мушкилоти ба ин соҳа алоқамандро таҳлил менамояд. Сарвари хирадманди мардуми Тоҷикистон бо саъю талоши комил ва азми қавӣ мехоҳад мушкилоти иҷтимоиро дар бахшҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ҳал намояд ва барои таҳким ва рушди ин соҳаҳо асоси устувори молиявӣ гузорад то тараққиёти онҳо таъмин гардад.

Сарвари давлат дар Паёмаш, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, арзиши ин соҳаи ҳаётан муҳимро барои ояндаи мамлакат равшан ифода намуд ва аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, ки меросбарони ҷомеаи кишвар мебошанд, бештар мароқ зоҳир намоянд, онҳоро ба роҳи нек ҳидоят кунанд, дар замирашон меҳру муҳаббат ба Ватанро ҷой намоянд ва барои аз худ кардани технологияи муосир ва донишҳои нав ҳар кадомашонро сафарбар созанд. Ин даъвати одилонаву орифонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрвандро ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Ҳадаф ва вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ аз нигоҳи Президенти кишвар ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ будан аст. Дар ин хусус дар Паёми имсола бамаврид таъкид гардид: «Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ин таъкиди худ бори дигар аз арзиш ва мақоми баланд доштани омӯзгор ёдовар шуданд. Дар Паём Сарвари давлат ба ин монанд андешаҳо бо меҳру муҳаббати бепоён ифода намуданд, ки омӯзгоронро рӯҳбаланд намуда, меҳрашонро нисбат ба касбашон боз ҳам зиёдтар менамояд. Ин таъкидҳои Сарвари давлат дар миёни омӯзгорон ҳамовозӣ ва дилгармиро ба вуҷуд овард ва меҳру садоқати омӯзгоронро нисбат ба Президенти маҳбубашон бештар гардонид.

Дар идомаи суханони худ Сарвари мамлакат ба ояндаи неки соҳаи маориф боварӣ доштанашро бори дигар бо эҳсосоти гарм ва эҳтироми зиёд изҳор карда, минҷумла  чунин гуфт: «…ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар ҳафт соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем».

Ин пешниҳоди одилона асос мегузорад, ки дар ояндаи наздик соҳаи маориф ҳар чӣ бештар рушд намояд ва соҳиби дастовардҳои нав ба нав гардад. Бо ин роҳ дар замони муосир рушди иқтисодии кишвар таъмин мегардад ва кадрҳои баландихтисоси ба бозори меҳнат рақобатпазир ба воя мерасанд. Маҳз, бо назардошти ин нукта, Президенти кишвар иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидани онҳо ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварад. Ин таъкиди некбинонаи Сарвари давлат аҳамияти ниҳоят муҳим на танҳо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф, балки омили наздик шудан ба ҷаҳони таҳсилот ва шароит фароҳам овардан барои рушди таҳсилоти олии касбии кишвар низ маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин пешниҳодоти Сарвари давлат имкон медиҳад, ки технологияи нав дар таҳсилот ворид шавад, усулҳои муосири таълим ҷорӣ гарданд ва фазои боз ҳам мусоид барои ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти касбии кишварҳои хориҷи дуру наздик пайдо гардад. Ин навгониҳо на танҳо ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсири мусбат мерасонанд, балки ба омӯзгорон ва кормандони онҳо низ шароит фароҳам меоваранд, ки аз таҷрибаҳои пешқадам истифода намоянд, технологияи навро омӯзанд ва барои ворид шудани воситаҳои нави таълимӣ пешниҳодҳо манзур карда, онҳоро дар таҷрибаи кории худ истифода намоянд. Чунин комёбиҳо барои дигар шудани мафкураи омӯзгорон таъсир мерасонад.

Бо итминон таъкид менамоям, ки таҳсилот нишондиҳандаи умдатарини сармояи инсонӣ мебошад ва яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар низ, тавре дар оғози Паём зикр гардид, тақвияти неруи инсонӣ мебошад. Имрӯз дар низоми таҳсилоти олии касбии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ оғоз гардида, боиси пешрафт ва беҳтар шудани сифати таълим шудааст.

Агар ҳамин дастовардҳоро дар мисоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ арзёбӣ намоем, маълум мешавад, ки дар муддати ҳафт соли гузашта донишгоҳ ба як қатор комёбиҳо ноил шудааст, ки ҳамаи онҳо ба шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Дар ин давра тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ аз нав таъмир шуда, дар муддати як сол бинои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло бошад, бунёди бинои шашошёнаи таълимӣ дар асоси талаботи муосири меъморӣ идома дорад. Заминаи моддиву техникии донишгоҳ устувор шуда, барои ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсил имкони бештар фароҳам оварда шудааст. Аз ҳама муҳим «Барномаи рушди донишгоҳ барои солҳои 2014-2019» бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шудааст. Ин барномаи давлатӣ имкон медиҳад, ки дар оянда донишгоҳи мазкур ба яке аз муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбии кишвар табдил ёбад.

Бояд махсус зикр кард, ки эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар кишварҳои Аврупо аз дастовардҳои муҳими соҳаи маориф мебошад, ки маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина Сарвари давлат дар Паёми хеш ба ҳамаи масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумла супориш дод: «…истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд».

Мо, аҳли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, бо итминони комил ваъда медиҳем, ки баҳри иҷрои ин ҳадафҳои Ҳукумати кишвар тамоми саъю талоши худро харҷ хоҳем кард.

Нуктаҳое, ки дар Паём ироа гардиданд, барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии давлат, боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, боло рафтани маънавиёт, рушди таҳсилот ва тарбияи кадрҳои соҳибмаълумот мусоидат менамояд.

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон