Ба «САДОИ МАРДУМ» ҷавоб омад

«ХУНУКНАЗАРӢ ТО БА КАЙ?» Ё ЧАРО СОХТМОНИ СИНФХОНАҲО ТӮЛ КАШИД?

№74 (3554) 09.06.2016

Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Раҳими Рафеъзод дар мақолаи худ нигоштааст, ки сохтмони бинои таълимии дорои 10 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, воқеъ дар деҳаи Кадучии деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ баъди рехтани таҳкурсӣ ва чидани деворҳои хиштин, корҳои сохтмонӣ тӯли чор сол бинобар набудани маблағу масолеҳи сохтмонӣ қатъ гардидааст.

Ба шумо маълум менамоем, ки сохтмони бинои мазкур соли 2012 тавассути фармоишгар — филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон аз ҷониби ташкилоти сохтмонии ҶДММ «Ҳасанбегӣ»-и шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Маблағи он 2734,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, то ин замон 1 миллиону 240 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ гардид.

Соли 2015 дар ошёнаи дуюми бинои мактаб тахтасангҳои бетонӣ пурра васлу насб гардида, барои пӯшонидани боми бино омода шудааст. Бино тибқи номгӯи иншооти сохташавандаи вилояти Хатлон, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар соли 2016 маблағгузорӣ мешавад, бояд соли 2017 ба истифода супорида шавад.

Дар ояндаи наздик пӯшонидани боми мактаб оғоз гардида, ҷиҳати пурра ба истифода супоридани он дар  доираи имкониятҳои молиявии буҷети маҳаллӣ чораҷӯӣ мегардад.

А. БОБОЕВ,

сардори филиали раёсати сохтмони

асосии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб