Худшиносӣ ватандӯстист

ИДЕЯИ МИЛЛӢ — такягоҳи устувори ҷомеа

№57 (3042) 14.05.2013

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 19 сентябри соли 2012 чунин зикр намуданд: «Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем». Аз ин суханон бармеояд, ки имрӯз ҳар як  шаҳрванди Тоҷикистон бояд донишу таҷриба ва фаъолияти худро баҳри рушду нумуи  давлатдорӣ истифода намуда, дар ташаккули идеяи миллӣ мавқеи худро дошта бошад.

Мавзуи идеяи миллӣ ва ташаккулёбии он ҳоло дар ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба миён овардааст ва ин баҳсҳо аз дараҷаи дарки андеша ва ҳувияти миллӣ вобастагии калон доранд. Маҳз бо шарофати худшиносӣ мардуми як ҷомеа дар атрофи арзишҳои мушаххас муттаҳид гардида, манфиатҳои худро ҳимоя менамоянд. Ҳамзамон бисёриҳо ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллиро аз вазъи забон ва ҳимояи он вобаста медонанд. Аз ҷумла аксари миллатҳои аврупоӣ раванди бунёди миллии худро аз ҳифзи забон ва ташаккул додани он оғоз намудаанд.

Ҳамеша дар масири таърих намояндагони зеҳнӣ ва зиёӣ дар рушду инкишофи идеяи миллӣ нақши босазо доштанд, зеро таҷрибаи миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки тарғибкунанда ва ташвиқкунандаи идеяҳои миллӣ дар дигаргуниҳои ҷомеа маҳз онҳо будаанд. Тарбия намудани ҳувияти мардуми мамлакат дар рӯҳияи миллӣ ва ташаккули шуури миллӣ маҳз ба воситаи чеҳраҳои сарсупурдаи миллатдӯст анҷом меёбад.

Ба андешаи мо, аввалин ҷомеашиносоне, ки аз солҳои ба даст овардани истиқлолият инҷониб ба нақши омилҳои миллӣ, хусусан ҷойгаҳи идеяи миллӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд,  А. Маҳмадов, А.  Шамолов, П. Шозимов,  О.Зоҳидов ва дигарон мебошанд. Олимони номбурда дар ин масъала  фикру андешаҳои ҷолиб доранд. Барои мисол, дар мақолаи «Танзими низоъҳои ғайрианъанавӣ бо усулҳои анъанавӣ», ки дар Вашингтон соли 1997 чоп шудааст, муаллифи он А.Н.Маҳмадов чунин андешаро баён намудааст: «Дар замони муосир ташаккули нишона ва арзишҳои мушаххаси умумимиллӣ, барҳам задани парокандагӣ ва ташаккули идеяи миллии худӣ барои бақои миллати тоҷик ягона имкониятест, ки бе он мавҷудияти давлату давлатдорӣ ғайриимкон аст». Баъдан «Идеяи миллӣ» аз ҷониби таҳлилгарони тоҷик мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, табиати идеяи миллӣ, мақом ва шароити ташаккулёбии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи масъалаҳои баҳсноки илмҳои ҷомеашиносӣ гардид.

Соли 2006 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи махсус оид ба масъалаи идеяи миллӣ гузаронида, китобе бо унвони «Масъалаҳои ташаккулёбии идеяи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардид. Дар ин китоб муаллифони мақолаҳо  кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, манзараи мукаммал ва муфассали рушду инкишофи афкори миллии мамлакатро ба вуҷуд биоваранд. Бояд гуфт, онҳо то ҷое фикру андешаҳоеро ба самти идеяи миллӣ мутамарказ намуда тавонистанд, аммо аксари мулоҳизарониҳо хусусияти таърихию фарҳангӣ дошта, дар доираи бунёди идеяҳои асотирию динӣ инкишоф ёфтаанд. Ба ҳар ҳол ин иқдоме буд, ки таваҷҷуҳи мутахассисону равшанфикронро ба ин масъала ҷалб намуд.

Ба ғайр аз ин, миллатҳо, ба монанди фардҳои алоҳида, барои ба таври озод интихоб намудани роҳи рушду инкишофи худ ҳамеша кӯшиш менамоянд. Агар миллати тоҷик дар доираи чунин мулоҳизаронӣ баррасӣ карда шавад, пас меъёрҳои мазкур тасдиқкунандаи ин иддао мебошанд, аммо ин озодӣ маънои онро надорад, ки дар раванди ташаккулёбӣ ва ё аз нав эҳё гардидани як миллат ва ё давлат ҳар нафаре чизе хоҳад ҳамонро нисбат ба миллат дар баҳсҳои рӯзномаҳои даврӣ муаррифӣ намояд. Масъалаи миллат ин нангу номус ва шаъну эътибори як қавме бо номи муайян дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Миллатҳо на барои он таҳқиқ карда мешаванд, ки дар симои мавҷудаи онҳо сароғози универсалӣ муайян карда шавад, балки барои он омӯхта мешаванд, ки хусусиятҳои онҳо ва фардияти онҳо ошкор карда шавад. Чунин ҳолат барои он лозим аст, ки дар ташаккулёбии ҳолати мавҷудаи миллат воситаҳои зарурӣ ба вуҷуд оварда шаванд.

Ҳамин тавр, бе назардошти «меъёрҳои умумӣ», баррасии миллат ғайриимкон аст. Барои он ки миллат танқид карда шавад ва ё кӯшиши тағйир додани ному макони он ба миён ояд, омӯзиши қонунҳо, таърих, характери миллӣ, дигаргуниҳо, сохтор, иқлим ва табиати мамлакат зарурияти аввалиндараҷа дорад.  Аммо барои дарк намудани миллат ва идеяи миллӣ, пеш аз ҳама, таҳқиқи таърихӣ, таҳлили андешаҳои сиёсӣ, баррасии паҳлуҳои гуногун ва консепсияҳои зиёд дар атрофи он зарур шуморида мешавад.

Масъалаи идеяи миллӣ бештар дар мамлакатҳое омӯхта шудааст, ки онҳо бо фарҳанг, анъанаҳои динӣ ва роҳу воситаҳои гуногуни давлатдорӣ худро ташаккул додаанд. Ҳамаи ин вобаста ба шароити мавҷуда имкон фароҳам овардааст, ки намунаҳои гуногуни идеяи миллӣ ва мавқеи онҳо дар таърихи мамлакатҳои алоҳида равшан гарданд. Гузашта аз ин, айни ҳол омӯзиши ҷанбаҳои идеявии падидаҳои миллӣ моро ба он водор менамояд, ки ба самтҳои ташаккулёбии мафҳуми «миллат» назари тоза дошта бошем. Ба андешаи мо, баъди ба даст овардани истиқлолияти том дар раванди тасаввуротҳои миллӣ ҷаҳиши назаррас ба амал омад, ки боиси ташаккул ёфтани шакли махсуси идеологияи миллӣ гардид. Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як миллат худ ба монанди идеяе мебошад, ки барои иваз намудани идеяи дигар ба миён меояд. Воқеан, миллатҳо аз назари диалектикӣ барои иваз намудани миллати дигар низ ба вуҷуд меоянд.

Ҳамзамон миллатҳо баҳри расидан ба натиҷаи дилхоҳ кӯшиш менамоянд ва аксарияти онҳо ба хотири расидан ба ҳадафи ягона ташаккул меёбанд. Дар баробари ин, чизи дигари раднопазире дар ҷомеа ҳаст, ки ҷамъиятҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ номуътадил дар таҳаввулоти аср ба пошхӯрӣ майли хоса доранд. Дар чунин давраҳои мушкил дар соҳаи фарҳанг, маънавиёт, сиёсат ва руҳияи омма ба вуҷуд омадани душвориҳо хос мебошад. Гуногуншаклии миллӣ ва фарҳангӣ низ дар замони шӯравӣ дар нақшаи дурнамои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бартарии амиқе буд.

Бояд тазаккур дод, ки хислатҳои хоси миллиро таърих муайян менамояд. Ба миллати тоҷик чунин хислатҳои писандида, аз қабили некандешӣ, фурутанӣ, тақводорӣ, вафодорӣ ба пешво, меҳмоннавозӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба сухан ва монанди инҳо хос аст. Аз ин рӯ, ин миллат дар қатори миллатҳои бонуфузи дунё бо чунин хислатҳои миллии хеш, аз қабили садоқатмандӣ ва пойдории маънавию фарҳангӣ мақоми хоса дорад.

Вобаста ба шароити таърихӣ дар аксар маврид, худи зиёиён низ баъзан арзишҳо ва масъалаҳои барои миллат бегонаро ҳамчун идеяи миллӣ низ муаррифӣ намудаанд. Маҳз, бо назардошти чунин омил, миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон мазмун ва муҳтавои идеяи миллии худро дар чунин шароит тавонистанд ташаккул диҳанд. Аз ҷумла ташаккули забон, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии миллат, ташаккули шуури миллӣ, ватандустӣ, миллатдӯстӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори миллӣ, озодӣ, ягонагии миллӣ ва монанди инҳоро барои рушду инкишофи ҷомеа ҳамчун идеяи миллӣ истифода намудаанд. Инчунин барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои миллӣ, ки аз эҷоди барномаҳои миллӣ вобастагӣ дорад, як қатор миллатҳои шуҳратманди дунё қудрат ва нуфузи худро ба воситаи барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати миллӣ ба вуҷуд овардаанд. Аммо, худи миллатро, ба андешаи мо, ҳамчун категорияи миллӣ ба воситаи барнома сохтан ғайриимкон аст, зеро миллат бояд ҳатман раванди ташаккулёбии таърихиеро аз сар гузаронида, якчанд марҳила ва сифатҳои хоси инкишофро аз бар намояд.

Масалан, дар Италия оғози ҳимояи манфиатҳои давлатӣ боиси ташаккулёбии ин миллат гардид. То замони Данте Алигер, гарчанде қабилаҳои италиявӣ мавҷуд бошанд ҳам, онҳоро на италиявӣ, балки румӣ ва ё лотиниҳо меномиданд. Худи Данте ва Макиавелли дар ташаккули идеяи миллии худӣ маҳалпарастони ашаддӣ буда, зодгоҳи худ- Флоренсияро аз ҳама боло мегузоштанд. Ба ибораи дигар, онҳо ватани бузург ва ватани хурдро аз ҳам фарқ менамуданд, ки якеро дар тафаккури худ ва дигарро дар дили худ ҷой дода буданд. Ҳамин тариқ, то асри XVIII дар қаламрави Италия аз рӯйи маҳал чунин гурӯҳҳо- каламбриҳо, тосканиҳо, ломбардҳо ва ғайра аз рӯйи минтақаҳои шаҳрнишин чунин гурӯҳҳо – римиҳо, баллониҳо, флоренсиягиҳо, генуэзҳо ва венетсиягиҳо ба мушоҳида мерасид. Бинобар ин, маорифпарвари бузурги италиявӣ А.Ҷеновези ба шунавандагони худ доимо чунин суол медод: «Барои чӣ Италияе, ки дар гузашта миёни мамлакатҳои аврупоӣ афзалияти бештаре дошт, имрӯз аз ҳамаи он миллатҳо қафо мондааст?». Дар суол худаш чунин посух мегардонид: «Барои он ки Италия ном ва қудрату иқтидори қадимаи худро аз даст додааст ва мардуми он ба қисмҳои ҷудогона тақсим гардидаанд…». Ин аст заволи асосии миллат.

Аз ин бармеояд, ки барои таъмини ҳувияти миллӣ бояд рӯҳияи миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Асоси рӯҳияи миллиро ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки он иборат аз падидаҳои худмуайянкунӣ, худшиносӣ ва эътирофи худ мебошад. Дар ин ҷо рӯҳияи миллӣ низ дар ташаккули худшиносии миллӣ таъсиргузор аст, зеро рӯҳияи миллӣ на танҳо идеяи хушку холӣ, балки идеяи меҳварие мебошад, ки бо ҳисси миллӣ ҳамбастагӣ дошта, иродаи матин ва бедории миллиро таъмин менамояд. Мавриди зикр аст, ки аксари миллатҳои Аврупо маҳз тавассути рӯҳияи миллӣ тавонистанд мавқеи худро дар ҷаҳони муосир муайян созанд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи таърихи миллатҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳар як миллат барои ба даст овардани музаффариятҳои миллӣ ва беҳсозии кишвари хеш идеяи навро ба миён овардааст, ки дигар шаҳрвандонро ҳам дар атрофи идеяи худ муттаҳид менамояд. Бинобар ин, идеяи созандагӣ ва сохтмони иншоотҳои бузурги аср дар Тоҷикистон заминаи босазое барои ҳувият ва пешравии миллат хоҳад шуд.

Идеяи миллӣ нишондиҳандаи самтҳои асосии тараққиёти миллату кишвар аст, ки барои бунёди он бояд шаҳрвандон таваҷҷуҳ дошта бошанд. Бояд гуфт,  ҳар он коре, ки барои пешрафти давлату миллат ба анҷом мерасонем, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, дурнамои муносибатҳои ватандориро муайян менамоянд. Идеяи миллӣ такягоҳи асосӣ ва иродаи матини давлату миллат аст.

Хуҷамурод ҚУДУСОВ,

номзади илмҳои сиёсӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон