Илму фарҳанг аст ислом

№64 (3049) 28.05.2013

Ростӣ, Сарвари давлат бо иқдомоти густардаи фарҳангӣ ва навовариҳои иҷтимоии худ дар пайкари миллат рӯҳи тозае дамид ва ба он такони  ҷиддие бахшид. Дар ин росто  бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон хеле пуршукӯҳ гузаштани ҷашни 1310-солагии яке аз пешвоёни мазҳабии мусалмонони  ҷаҳон – Имоми Аъзам, ки таърихи мусалмонони олам чунин маҷмаи бузурги илмиро дар ёд надошт, баёнгари он аст, ки дар ҳама давру замонҳо  намояндагони арҷманди миллати тоҷик мақоми сабқат доштанро дар чунин амалҳои бузурги илмӣ ва бузургдошти тамаддуни волои динию миллӣ барои хеш мояи ифтихор медонанд. Иншоаллоҳ, умед аст, ки ин талошҳои пайгирона, барномаҳои пурбор, тарҳҳои азими фарҳангӣ ва тавсияҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар солҳои наздик натиҷаҳои самарабахш  ба бор меоранд.

Боҷуръат метавон гуфт, ки ин марди наҷиб, барҳақ поягузори тамаддуни миллӣ, эҳёгари арзишҳои волои  исломӣ  ва асолати фарҳангии мардуми тоҷик  дар асри навин  мебошад ва бешубҳа, номи некаш ба ҳайси офарандаи таърихи навини кишвар дар сафаҳоти даҳр боқӣ мемонад.

Муҳим ба назар мерасад, ки дар ин бора тарҳи фарогири фарҳангие  пешбинӣ ва таҳия гардад, ки барномаи бозгашт ба асолати миллӣ ва эҳёи  арзишҳои фарҳангиро ба таври замонбандишуда  баррасӣ намояд ва тамоми ҳавзаҳои илмӣ ва муҳити фарҳангиро зери пӯшиш қарор диҳад. Зеро ин ниёзи сахти иҷтимоӣ ва пучи (фароғ)-и фарҳангӣ дар муҳитҳои илмӣ ва донишгоҳӣ бештар эҳсос  мегардад.  Дар ин ҳавзаҳо  ҳоло ҳам ҳамон китобҳое тадрис  ва мавриди истифодаи устодон ва донишҷӯён  қарор мегиранд, ки дар даврони хафақони маънавӣ ва бархӯрди  манфӣ нисбат ба арзишҳои динӣ ва фарҳанги миллӣ омода гардидаанд.

Дин, умуман, бар пояи ақлу хирад, илму маърифат, ҳақоиқи  айнӣ ва далоили воқеӣ устувор гардидааст. Худованд бо ҳикмати расои худ дар тамоми бахшҳои низоми эътиқодӣ, барномаи аҳкоми амалӣ ва арзишҳои ахлоқии он масолеҳ  (манофеъ)-и бандагонро дар назар гирифтааст. Бар ҳамин асос, Худованд он имонеро хуштар мепазирад, ки бар пояи далоили илмӣ ва ҳақоиқи  айнӣ устувор  гардида бошад ва он амале  дар пешгоҳи Ӯ арзиши воқеӣ дорад, ки зеҳн ва тафаккури шахс дар он мутамарказ гашта ва онро бошуурона анҷом дода бошад. Вақте беъсати Расули акрам (с) бо нузули панҷ  ояти аввали сураи «Алақ» оғоз гардид, дигар мушаххас буд, ки Худованд нисбат ба илму дониш чӣ аҳамият ва арзише  қоил аст.

Оятҳои зиёди Қуръон ба мавзуи илму дониш  таъкид намуда, ҳамеша ҷойи илм ва мақоми донишмандонро барои мусалмонон гӯшзад мекард: «Оё донишмандон ба нодонон баробаранд?», «Худованд касонеро, ки имон овардаанд ва баҳрае  аз илм   дода шудаанд, ба мартабаҳои баланд мебардорад» ва «Эй Паёмбар, бигӯ: Бор Худоё, илми маро афзун гардон».

Бинобар ин, маълум мешавад, ки Қуръони карим  илму маърифатро беҳтарин омили хушбахтӣ  ва пешрафти инсон медонад ва дӯст  медорад, ки ҳамаи мардум ба ҳамин самт ҳаракат намоянд.

Соҳиби китоби «Атласи ҳадиси набавӣ» доктор Абухалил Шавқӣ мегӯяд: «Ислом ба ҳар ҷое аз ин кураи хокӣ расида бошад, дар он ҷо илму дониш ва мактабу мадраса интишор  ёфтааст. Зеро аввалин дастуре, ки дар Қуръони карим нозил шудааст, амр ба хондан  мебошад, он ҷо ки мефармояд: «Бихон ба номи Парвардигорат,…».

Ва дар охири сураи «Алақ» ба саҷда  ва наздикии Худо низ амр шудааст. Ин ба маънои он аст, ки (шинохти дурусти Худованд), саҷда (и беолоиш)  ва қурб (и воқеъии) ӯ бе илм ҳаргиз муяссар намегардад.

Ислом динест, ки мардум (ва пайравони худро) ба рушди илмӣ ва  такомули фарҳангӣ расонид. Аз ин ҷост, ки дар партави таълимоти нуронӣ ва илҳомоти илоҳии Ислом зарфиятҳои зеҳнӣ ва нубуғи инсонии миллатҳои гуногун, аз ҷумла миллати тоҷик ба бор нишастанд ва дар ҳар маҷоле ганҷинаҳои нафисе аз худ бар ҷой гузоштанд. Аз байни асҳоби китобҳои ҳадиси шариф танҳо як нафар- имоми бузургвор Молик ибни Анас араб аст, дигар ҳама аз сарзаминҳои Мовароуннаҳр ва ду паҳлуи дарёи Ому ҳастанд. Имом Бухорӣ аз Бухоро, Имом Муслим аз Нишопур, Абудовуд аз Сиистон, Насоӣ аз шаҳри Насои Туркманистон, Тирмизӣ аз Тирмиз, Ибни Моҷа аз Қазвин ва падари Имом Аҳмади Ҳанбал аз шаҳри Марв мебошанд.

Ба ақидаи уламои тафсир ва усули фиқҳ оятҳое, ки ба таври усулӣ барои бинои аҳком нозил шудаанд, ҳудуди панҷсад ададанд, аммо оятҳое, ки аз онҳо зимнан дар заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра аҳкому истинбот карда мешаванд, хеле зиёданд ва ба назари Муҳаммадҳодии Маърифат бештар аз ду ҳазор оятро ташкил медиҳанд. Ба назари аксари донишмандони улуми қуръонӣ ва усули фиқҳ оятҳое, ки усулан барои бинои аҳком омадаанд, ҳудуди панҷсад оятро ташкил медиҳанд, аммо оятҳое, ки ба таври зимнӣ аз онҳо аҳкоме истинбот карда шавад, хеле зиёд ҳастанд.

Ба қавли донишманди шинохтаи ҷаҳони Ислом доктор Зағлул Наҷҷор бештар аз ҳазору чаҳорсад ояти Қуръони карим бо сароҳат ба баёни ҳақоиқи ҷаҳони ҳастӣ пардохта ва дар чандин ояти дигар ба таври зимнӣ ва наздик ба сароҳат воқеиятҳои коинот ишора шудааст, ки дар маҷмуъ ин оятҳои қавнӣ ба ишораҳои илмӣ бештар аз шашяки оятҳои Қуръонро ташкил медиҳанд.

Доктор Муҳаммадҷамили Ҳаббол дар китоби «Улум дар Қуръон»- шумораи оятҳоеро, ки дар бораи ишораҳои илмӣ ва ҳақоиқи гуногуни кавнӣ сухан мегӯянд, ҳазору дусад (1200) оят гуфта ва дар китоби «Тиб дар Қуръон»-и худ ёдовар шудааст, ки аз ҷумла сесаду панҷоҳ (350) ояти он дар бораи ҳақоиқи илми тиб сухан мегӯянд.

Дар ҳаёти инсон низ арзишҳои башарие вуҷуд доранд, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ шароите арзиши амалии худро аз даст намедиҳанд, ба монанди худопарастӣ, ростгӯйӣ, амонатдорӣ, покдоманӣ, адолатпарварӣ ва… Ҳамин тавр падидаҳои манфии рафторӣ ва иҷтимоие низ вуҷуд доранд, ки ҳеҷ андешае солим дар ҳеҷ шароите онҳоро хуб намешуморад ва ба ҷойи арзишҳои нек қабул намекунад, ба монанди дурӯғгӯйӣ, суханчинӣ, тардоманӣ, ришвахӯрӣ, ноадолатӣ, зулмпарварӣ ва … Таҳкими арзишҳои нек, тамомияти макорими ахлоқ ва ҳамзамон мубориза бо падидаҳои манфии иҷтимоӣ ва разоили инсонӣ ҷузъе аз барномаи фарҳангӣ ва таълимоти тарбиявии Ислом мебошад.

Ихтилофу парокандагиро Қуръон башиддат маҳкум менамояд ва онро куфр медонад. «Ва ҳаргиз монанди онҳое набошед, ки пароканда гаштанд ва пас аз он ки далелҳои (равшане) барояшон омад, ба ихтилоф пардохтанд ва онҳоро барояшон азоби бузургест». (Сураи Оли Имрон, ояти 105).

Бояд донист, ки шариати Ислом бо ин ҳама накӯҳише, ки аз фурқату парокандагӣ ва ихтилофи амалӣ намудааст ва онро аз омилҳои завол ва нобудии миллатҳо донистааст, гуногунандешии динӣ ва ба кор бурдани неруи ақлу донишро дар ҳавзаи имконоти зеҳнии инсон иҷозат додааст. Яъне, гуногунандешӣ дар роҳи ибрози ҳақоиқ ва касби таҳқиқотҳои илмӣ, вақте дар зимни меъёрҳои шаръ сурат гирад ва ба парокандагии амалӣ наанҷомад, аз сӯйи Ислом мавриди таъйид ва ташвиқ қарор гирифтааст. Зеро дар ин маврид неруи созандаи фикрӣ ва зарфиятҳои илмии шахс дар роҳи рушду шукуфоии миллат ба кор мераванд, вале дар ҳолати роҳ додан ба ихтилофи амалӣ ва парокандагӣ захираҳои вуҷудии он аз байн мераванд. Мавзуи гуногунандешӣ ва тафовут дар дидгоҳҳо аз ихтилофу парокандагии амалӣ комилан фарқ дорад.

Ҳоло як намунаеро аз Расули Худо (с) дар бораи тағйири ҳукм бо тағйир ёфтани шароит пешкаши шумо мегардонем. Расули Худо (с) соле, ки мардуми Мадина аз назари маводи ғизоӣ дар тангно ва ҳолати сахте қарор доштанд, барои бартараф намудани буҳрони ғизоӣ ва таъмини мардум бо гӯшт ба сарватмандоне, ки қурбонӣ карда буданд, дастур дод, ки гӯштҳои қурбониро дар муддати се рӯз харҷ намоянд ва пас аз он чизе боқӣ нагузоранд.

Дар соли оянда мардум аз он Ҳазрат (с) пурсиданд, ки оё гӯштҳои қурбонии худро мисли соли гузашта дар зарфи се рӯз сарф намоянд? Фармуд: «Шуморо аз нигаҳ доштани гӯштҳои қурбонӣ бештар аз се рӯз наҳй карда будам, то дорандагон барои нодорон фарохие фароҳам оваранд. Ҳоло метавонед аз он бихӯред, ба дигарон бидиҳед ва ҳамчунин миқдоре аз онро барои оянда захира намоед».

Инак, вазифаи донишмандон аз пажӯҳишгарони фиқҳи исломӣ ва пешвоёни мактабҳои ҳуқуқӣ дар ин замон аст, ки бо коркарди амалии аҳком фиқҳро бо методҳои илмӣ ва дар пӯшиши таълифоти аср тақдими ҷомеаи башарӣ намоянд ва бо ҳамин пӯёӣ, пешрафт ва ҳампойии онро бо аср амалан нишон диҳанд.

Дар хотима аз хонандагони гиромӣ хоҳиш дорам, ки ба ин кори банда бо дидаи ҳамкорӣ бинигаранд, чунки иштибоҳ ва нисён лозимаи ҳар инсон буда ва ҳар кореро, ки анҷом медиҳад, боз ҳам комил набуда ва холӣ аз нуқс нест. Бинобар ин, агар иштибоҳе ба чашм бихӯрад, узри мо ҳамон нуқси башарӣ буда, хоҳиши мо аз хонандаи муҳтарам он аст, ки бо пешниҳодоти хайрхоҳонаи худ моро раҳнамоӣ намояд, то бошад, ки аз ин тавҷеҳоти нек дар оянда истифода гардад.

Ҷамшед Холов