Ислом ва террорист. Чаро як идда онро тавъам арзёбӣ мекунанд?

№2 (3639) 07.01.2017

ислом2Ал-Фаллоҳ, муовини якуми вазири авқофи Кувайт, ки зимни як барномаи телевизионӣ тавассути телевизиони Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт:  «Дини мубини Ислом ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю оиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад».

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом аз аъмоли террористӣ, новобаста аз омилу аҳдоф наметавонад  қобили пазириш бошад. Ин фаъолияти ғайриинсонӣ, ки дар чанд қарни охир бар саҳафоти таърихи инсонӣ нақши манфӣ гузошт, пеш аз ҳама, ба худи дастандаркоронаш зиёнбор омад, бо вуҷуди он ки афроди бегуноҳ низ аз ҳаёт маҳрум гардиданд. Аз ин нуктаи назар, амалҳои террористие, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби ҳафт нафар узви ҳаракати  «Толибон» дар яке аз мактабҳои  таҳсилоти миёна, дар Ироқу Сурия, Афғонистону Сомалӣ ва амсоли ин кишварҳо   рух доданд ва инсоният ҳар рӯз шоҳиди содиршавии онҳост, як кирдори манфур ва ғайриинсонӣ маҳсуб мегардад.

Агар кас ба таърихи дини мубини Ислом ва корномаҳои Паёмбари акраму ёрони ӯ назар афканад, мунсифона эътироф мекунад, ки пайравони воқеии ин дини илоҳӣ саропо силаи раҳм буда, ба ҳеҷ махлуқе расонидани зиёнро раво намедонистанд ва имрӯз низ ин шиор барои мусалмони воқеӣ яке аз муҳимтарин дастурамали зиндагӣ аст. Худованди меҳрубон дар каломи муқаддасаш — «Қуръон»-и карим дар ин маврид фармудааст:

«Худо заррае ҳам (ба касе) зулм намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ (ба шахси некукор) музде бузург медиҳад». (Сураи «Нисо», ояти 40).

«Ва ҳар кӣ муъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!».

«(Мо) Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем (ва сазову ҷазои онро медиҳем), ки мо ҳисоб карданро басандаем!» (Сураи «Анбиё», ояти 47).

«Бигӯ: (эй Расул) «Парвардигори ман, зишткориҳоро чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед.

Аммо онон, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, Худо муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод. Худо ситамкоронро дӯст надорад!» (Сураи «Оли Имрон», ояти 57).

«Мо барои ситамкорон оташеро, ки лаҳиби (шуълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад!

Рӯзе, ки золим дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки Расул дар пеш гирифта буд, дар пеш гирифта будам. Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам  бо он ки «Қуръон» барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт…» (Сураи «Фурқон», оёти 27-29).

Ин оятҳои «Қуръон» ва садҳо ояти дигар гувоҳи онанд, ки Худованд зулму ситамро дӯст намедорад ва мусалмони воқеӣ аз қатли ба ғайри ҳақ ва террор мутанаффир аст, террорист мусалмон ва мусалмон ҳеч гоҳ террорист буда наметавонад.

Аллома Муҳаммад Иқбол, ки аз зумраи бузургон ва машҳуртарин суханварони форсизабону мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ маҳсуб шуда, бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондӯстӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ машҳур аст, чӣ хуб фармуда:

Фитрати муслим саропо шафқат аст,

Дар ҷаҳон дасту забонаш раҳмат аст.

Он ки маҳтоб аз сарангушташ дуним,

Раҳмати ӯ ому ахлоқаш азим.

Аз мақоми ӯ агар дур истӣ,

Аз миёни маъшари мо нестӣ…

Аз ду санади бузург ва эътирофшудаи фарҳанги исломӣ – «Қуръон»-и карим, аҳодиси саҳеҳи Паёмбар (с) ва мероси арзишманди орифону шоирон ва мутафаккирону ҳакимони тоҷику форс чунин бармеояд, ки ин оини муқаддас ба ҳаёти инсон назари хос дошта, онро дахолатнопазир мешуморад. Дар он ҳуқуқ ба зиндагӣ ва дахолатнопазирии шахсият  арзиши оливу муқаддас эътироф гардидааст. Афроди нохудогоҳу шарир мубталои нафси аммора ва ҳавову ҳавасанд ва ба ин васила, бозичаи дасти дигарон мешаванд. Дар ин бора низ Аллома Иқбол мегӯяд:

Нафси ту мисли шутур худпарвар аст, 

Худпарасту худсавору худсар аст. 

Мард шав, овар зимоми ӯ ба каф, 

То шавӣ гавҳар, агар бошӣ хазаф. 

Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон, 

Мешавад фармонпазир аз дигарон.

Аз ҷониби афроди муғриз нисбат додани аъмоли террористӣ ба дини муқаддаси Ислом як иштибоҳи ҷиддии таърихист ва далелҳои овардашуда аз «Қуръон» ва аҳодиси гуҳарбори Расули акрам(с) дар мавриди мазаммати зулму ситам, ташвиқу тарғиби меҳру муҳаббат, силаи раҳм ва ғайра бори дигар шаҳодати гуфтаи болост.

 Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор