Истироҳати бофароғати мактаббачагон

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

- Соли равон бо супориш ва дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед барои ташкили фароғати хуби мактаббачагони шаҳри Хоруғ ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Хушбахтона, соли ҷорӣ бо дастгирии Сарвари давлат хонандагони  синфҳои 8-11-и шаҳри Хоруғ  ройгон  ба истироҳатгоҳҳои  ҷумҳуриявӣ фиристонида шуданд. Аз 29 июн то 23 июли соли равон 530 нафар хонанда дар истироҳатгоҳҳои  ҷумҳуриявии «Чайка», «Зимчуруд», «Гулхан», «Обшорон», «Орбита», «Шарора», «Орзу»-и ноҳияи Варзоб,  «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав, «Ҳамсафар», «Космос»-и ноҳияи Ҳисор, «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дам гирифтанд.

- Масъулон  аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои хонандагон дар 13 истироҳатгоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дар се баст шароити хуб фароҳам оварданд, — мегӯяд мудири Раёсати маорифи шаҳри Хоруғ  Б.Ҷумъаева. -Ба илова боз истироҳатгоҳҳои вилоятии Ванҷу Дарвоз низ мунтазам фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, имсол 90 нафар  хонандагони шаҳр дар лагеру истироҳатгоҳҳои  «Хостав»-и ноҳияи Дарвоз ва «Зинг»- и  ноҳияи Ванҷ  фароғат доранд.

Аз соли 2013 инҷониб истироҳатгоҳи «Насими Ғунд» дар назди Литсейи техникии  ноҳияи Шуғнон фаъолият карда истодааст, ки дар он 30 нафар хонандагони синфҳои 5 то 9  аз шаҳри Хоруғ истироҳат мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол аз тарафи идораи Анҷумани таълимоти мазҳабӣ ва тариқаи Исмоилия дар назди мактаби №9 дар се баст барои 300 нафар хонандагон лагери «Умед» ташкил карда мешавад, ки дар он хонандагони синфҳои 7-8 ширкат меварзанд. Инчунин дар ноҳияи Рӯшон лагери  «Маърифат», дар ноҳияи Шуғнон «Саодат» ва дар ноҳияи  Роштқалъа «Шабдез» фаъолият доранд, ки дар онҳо боз 300 нафар хонандагони шаҳр таътили тобистонаро мегузаронанд. Мавофиқи фармони сардори Раёсати маорифи шаҳри Хоруғ ба истироҳатгоҳҳо ва лагерҳо, пеш аз ҳама, хонандагони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, хонандагони соҳибистеъдод ва фарзандони омӯзгорон фаро гирифта мешаванд. Ба ҳолати 21 июли соли 2014-ум 1015 нафар хонанда вақти холии худро дар лагеру истироҳатгоҳҳои тобистона гузаронидаанд.

- Дар нақша аст, ки боз  901 нафар хонандагон то охири моҳи август дар лагерҳо истироҳат хоҳанд кард, — зикр намуд дар хотима Бибигул Ҷумъаева.

Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»