Аз Паём то Паём

Кадрҳоро мутобиқ ба талаботи замон омода мекунем

№26 (3172) 18.03.2014

DSC_1344Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносон ҳамчун омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа эътироф шудааст, зеро татбиқи нуктаҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз замина фароҳам  меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рӯзгори мардум боз ҳам беҳбудӣ ёбад. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз раванди иҷро ва дастовардҳо дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 бармеояд, мо тасмим гирифтем, ки бо ноиби ректор оид ба тарбия ва тарғиботи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илми таърих, Аълочии маорифи Тоҷикистон Муродалӣ Иброҳимов суҳбате доир намоем

. -Тавре дар худи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли гузашта садо дод, омадааст: «Зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ  нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он таҳия намуда, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии мактабҳои олии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.», — гуфт дар оғози суҳбат Муродалӣ Иброҳимов ва  ба суханонаш идома дод:

-Бояд зикр кард, ки дар донишгоҳ Паёми Президентро бо як таваҷҷуҳи хос пазироӣ намуда, раванди сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва дурнамои рушди онро ба хубӣ дарк намуданд. Маълумотҳои омории дар Паём зикргашта доир ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар олимони донишгоҳро барои таҳия намудани муаррифиномаи «Тоҷикистони муосир: дастовардҳои давраи истиқлолият» рӯҳбаланд намуд. Тавассути он дар раванди машғулиятҳои кураторӣ ҳамаи донишҷӯён ба таври возеҳ аз пешравии иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар таърихи навини мавҷудияти  кишвар огоҳ гардиданд.

Барои олимону донишҷӯёни риштаҳои иқтисодӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ масоили иқтисодии дар Паём зикршуда, алалхусус дастгирии соҳибкорони хурду миёна, имкониятҳои зиёд фароҳам овардан дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, озод намудан аз назоратҳои иловагӣ, дастгирии воридот ва содироти молу маҳсулот ва хадамоти хизматрасонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ зина ба зина рушд кардани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷи дуру наздик, пазируфтани муносибат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо онҳо, инчунин дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан идомаи «Сиёсати дарҳои кушода», ҷолиби диққати онҳо буд.

Судманд будани ҳамкориҳои берунмарзӣ дар  мисоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон басо равшан ба назар мерасад. Дар сохтори таълимгоҳ ду факултети муштарак (тоҷикӣ-россиягӣ ва тоҷикӣ-украинӣ) фаъолият доранд, ҳамчунин факултети муштараки тоҷикӣ-россиягӣ дар назди филиали дар шаҳри Кӯлоббудаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон амал мекунад. Тавассути онҳо барномаҳои гуногуни зинавии ихтисосҳои гуногун бо таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар самаранок татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла дар заминаи Маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ толибилмон метавонанд дар баробари таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси шартномаҳои ҳамкории бо силсилаи муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия баимзорасонидаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имрӯзҳо зиёда аз 900  нафар ҷавонони тоҷик аз рӯйи  ихтисосҳои  гуногуни техникию технологӣ дар  муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия таҳсили худро аз ҳисоби буҷети ин кишвар бомуваффақият идома медиҳанд. Ба қатори ин таълимгоҳҳо Донишгоҳи давлатии индустриалии Москва, Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москва, Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии техникии Ярославл, Донишгоҳи давлатии технологии Кострома, Академияи давлатии кишоварзии Кострома, Академияи давлатии технологии Воронеж, Академияи давлатии кишоварзии Иваново, Донишгоҳи давлатии техникаи ҳавонавардии ба номи П. А.Соловёви шаҳри Рибинск, Академияи давлатии кишоварзии Приморйе (ш. Уссурийск) ва Донишгоҳи давлатии техникии Нижний Новгород шомил мебошанд. Соли сипаригашта 215 нафар дастпарварони мактабҳои олии Федератсияи Россия, ки тавассути Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои таҳсил равона шуда буданд, соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба Ватан баргаштанд ва дар соҳаҳои мувофиқ ба ихтисоси худ ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намуданд.

Ғайр аз ин, ҳамасола Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар озмунҳо барои ба даст овардани грантҳои таълимӣ ва илмии байналмилалӣ  фаъолона иштирок менамояд. Ин имкон фароҳам меорад, ки маблағҳои грантии бадастомада баҳри харидории таҷҳизоти таълимӣ-истеҳсолӣ ва бозомӯзии касбии омӯзгорону кормандон равона шаванд. Махсусан, иштироки судманди донишгоҳ дар лоиҳаҳои барномаҳои ТЕМПУС, FP7, GIZ ва Эрасмус Мундус дар баланд бардоштани иқтидори моддии таълимгоҳ ва сатҳи касбии ҳайати профессорону омӯзгорон самараи назаррас медиҳад.

Омӯзгорону донишҷӯёни равияҳои саноати нассоҷӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагиро масъалагузории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ рӯҳбаланд намуд. Мутахассисону толибилмони равияҳои технологияи маводи хӯрокаро бошад, дар робита ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, коркарди маҳсулоти хӯрока дар дохили кишвар ва содироти он, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани истеҳсолот водор намуд, ки бештар ба технологияҳои навини замонавӣ рӯ оваранд ва донишҳои худро дар ин самт мукаммал намоянд.

Таъкид ва нигарониҳо дар робита ба бахши стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, ки дар Паём зикр гардидааст, олимону донишҷӯёни ин соҳаро водор месозад, ки масъулияти бештар дарк намуда, барои дар оянда ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳа кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардидани кишвари мо ва дурнамои он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр гардид, ниёзи Тоҷикистонро ба мутахассисони метролог зиёдтар менамояд.

Бори дигар дар Паём иброз гардидани зарурати иҷрои ҳатмии талаботи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омӯзгорон ва масъулини соҳаи тарбияро ҳушдор медиҳад, ки ин масъалаҳо воқеан ҳам ҳаётан муҳиманд ва онҳо барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва якпорчагию ваҳдати миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон бояд заминагузор бошанд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки меъёрҳои қонунҳои мазкурро дар ҳаёти ҷомеа татбиқ намояд.

Махсусан, ҷанбаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат, алалхусус қарорҳои қабулшуда дар самти баланд бардоштани сатҳи маошу нафақа, дастгирии моддию маънавии ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманд  мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифт.

Дар ин замина Муродалӣ Иброҳимов иброз дошт, ки ҳайати кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишварро дастгирӣ намуда, аз ҷониби худ низ саҳмгузорӣ менамоянд. Аз ҷумла бо ташаббуси маҳфили «Хайрхоҳон»-и донишгоҳ 18-уми декабри соли 2013 ба тарбиягирандагони Хонаи кудакони № 2-и шаҳри Душанбе кӯмаки яквақтаи иборат аз пойафзол, рӯйпӯшҳои рахти хоб ва маводи ғизоӣ расонида шуд. Ҳамчунин бо мақсади дастгирии аҳолии аз зилзила зарардидаи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби донишгоҳ ба кормандони соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат кумаки моддӣ дар намуди маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ ба маблағи 6200 сомонӣ расонида шуд. Ғайр аз ин, дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ дар мактаби таҳсилоти ибтидоии № 80, воқеъ дар деҳаи Арбобдараи шаҳри Ваҳдат, бо иштироки намояндагии раёсату кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии хотирмон баргузор гардид.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва завқу хоҳиши донишҷӯён барои соҳиб шудан ба донишҳои назариявию малакаҳои касбӣ чораҳои гуногун андешида мешаванд ва онҳо натиҷаҳои самарабахш ба бор меоранд. Барои мисол, дар оғози соли таҳсили ҷорӣ дар таълимгоҳ Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори озоди меҳнат таъсис дода шуд. Ин Марказ дорои сомонаи махсус мебошад, ки дар он ному насаби беҳтарин донишҷӯён вобаста аз дараҷаи рақобатпазириашон дарҷ мегардад ва тавассути ин сомона беҳтарин толибилмони донишгоҳ ба корфармояндагони оянда муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамчунин дар раванди таълим «Дафтарчаи мониторинги рақобатпазирии донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  дар бозори озоди меҳнат» ташкил гардидааст, ки бо истифода аз он ҳар нимсолаи таҳсил кулли толибилмон аз аттестатсияи ҳафт талаботи рақобатпазирӣ гузаронида шуда, қабл аз сессияи имтиҳонӣ донишҷӯёни ҷавобгӯйи меъёрҳои касбӣ муайян карда мешаванд.

Иқдоми дигар – таъсиси гурӯҳҳои  академии  таълимашон ба забони англисӣ мебошад. Толибилмоне, ки дар чунин гурӯҳҳо таҳсил мекунанд, дар дарсҳо малакаҳои касби иқтисодчиро аз худ намуда, ҳамзамон сатҳи забондонии худро мукаммал мегардонанд. Бешубҳа,  ташаббуси мазкур омили муҳими тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар шароити Тоҷикистони муосир мебошад.

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масоили ҳаётан муҳими сиёсати дохилию хориҷии кишварро фаро гирифта, ҳар фарди бонангу номусро водор месозад, ки баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо ҳиссагузор бошанд,- гуфт дар поёни суҳбат Муродалӣ Иброҳимов.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»