Китоб ва Интернет: Оё байнашон рақобат вуҷуд дорад?

№111 (3412) 19.08.2015

ddginternet-dunyasi
Китоб дар
ҳама давру замон василаи такмили ақлу заковати инсон мебошад. Бузургонамон китобро хеле зиёд васф кардаанд. Онро «аниси кунҷи танҳоӣ, фурўғи субҳи доноӣ, калиди дари ганҷҳо»  ва ғайра гуфтаанд. Яъне, дар ҷомеа китоб мавқеи хеле баланд дорад. Тавассути китоб хонанда аз таърихи гузаштагон огоҳ мешавад, панди зиндагӣ мегирад. Хуллас, аҳамияти китоб хеле бузург аст. Аммо имрўз ақидаҳое вуҷуд доранд, ки бо пайдоиши технологияи инноватсионӣ, афзоиши воситаҳои электронии маълумотдиҳӣ аҳамияти китоб коста шудааст. Бисёриҳо сабаби кам китоб хондани одамонро низ дар ҳамин мебинанд. Аз як ҷиҳат шояд омили зикршуда мавҷуд бошад, вале агар дақиқ андеша намоем, ҷойи китобро чизе намегирад. Бале, имрўз донишҷў, унвонҷў, олим ва ё журналист имкони васеъ дорад, ки маълумоти даркориашро тавассути Интернет пайдо кунаду ба китобхона наравад. Аммо такроран мегўем, он чизе, ки бевосита аз китоб мегиред ва аҳамияте, ки китоб дорад, дигар аст. Дар робита ба ин, бо яке аз олимони варзидаи соҳаи китобшиносии тоҷик, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода ҳамсуҳбат шудем.

- Ақидаҳое низ вуҷуд доранд, ки гўё истифодаи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва китобҳои электронӣ ба раванди хониши анъанавӣ ва хадамоти китобдорӣ таъсир мерасонанд. Ин ҷо зарур аст, ки сараввал дар кадом сатҳ қарор доштани мазмуну муҳтаво, мақсади матни пешниҳодшуда ва муносибати хонандаро ба ин манбаи дониш, яъне Интернет муайяну мушаххас намоем. Сониян, муҳим аст, ки мо ба эътимоднокӣ ва далелҳои илман асоснокшудаи ҳар як маводи дар саҳифаҳои интернетӣ ҷойдодашуда таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намоем ва то кадом андоза барои истифода мувофиқ ва безарар будани ҳар як иттилоъро муайян созем. Масалан, дар саҳифаҳои Интернет маводе низ дарҷ мегарданд, ки аз нигоҳи бандубаст, масъалагузорӣ, таҳлилу баррасӣ ва тарзу услуби баён ба талаботи маъмул ҷавобгўй набуда, баръакс, хонандаро ба иштибоҳ мебаранд, — гуфт дар оғози суҳбат Ш. Комилзода.

Илова ба гуфтаҳои устод, мавриди тазаккур аст, ки компютер бо вуҷуди бартариҳояш, аз ҷумла расонидани маълумоти фаврӣ, осон намудани дастрасӣ ба иттилоот, баъзе таъсирҳои манфӣ низ дорад. Ба қавле Интернет «нағмаҳо»-е дорад, ки истифодабарандаашро ба коми худ мекашаду андешаашро ба дигар ҷониб ҷалб менамояд. Раҳойӣ аз ин «банд» барои бисёриҳо мушкил аст. Вақте ки ба мутолиаи китоб мепардозӣ, агар он бароят ҷолиб бошад, дигар ягон ҳолат наметавонад, онро аз ту ҷудо кунад. Яъне, дар саҳифа ва ё гўшаи китоб ягон воситаи дигар, яъне сурат, хабар, маълумоте мавҷуд нест, ки таваҷҷуҳбарангез бошад. Имрўз китобҳои электронӣ низ пешкаши хонанда гардида, истифодаи китобро хеле осон намудааст. Ҳамсуҳбати мо ин равандро чунин шарҳ дод:

- Вақте ки сухан дар бораи нашри китобҳои электронӣ ва пахши онҳо тавассути Интернет меравад, мо бояд ба шаклгирию рушдёбии он шароити заруриро муҳайё созем ва кўшиш намоем, ки китобҳои электронӣ дар радифи китобҳои чопӣ мақоми худро ишғол намоянд ва мавриди истифодаи ҳамагон қарор гиранд. Бартарии китобҳои электронӣ нисбат ба китобҳои чопӣ дар он аст, ки онҳоро хонанда, сарфи назар аз макони нигоҳдорӣ, метавонад бе ягон мамониат дастрас карда, мутолиа намояд. Илова бар ин, дарёфти китобҳои электронӣ вақти тўлониро талаб намекунад ва эҳтиёҷоти хонанда, ба ин намуди китобҳо сари вақт қонеъ мегардад. Таъсиси китобхонаҳои электронӣ, аз як ҷониб барои такмили мунтазами фонди китобхонаҳо мусоидат намояд, аз ҷониби дигар барои бо теъдоди зиёд нашр шудану аз ҳисоби фурўши онҳо фоидаи иловагӣ ба даст овардани нашриётҳо заминаи боэътимодро ба вуҷуд меорад. Масалан, агар нархи як нусха китоби чопӣ ба ҳисоби миёна аз 15 то 20 сомониро ташкил диҳаду ҳамагӣ 1000 ё 2000 нусха нашр шавад, диски китоби электронӣ метавонад бо арзиши аз ду то се сомонӣ бо теъдоди аз 10 то 20 ҳазор нусха ба фурўш бароварда шавад. Аз ин кор ҳам китобхонаҳо соҳиби теъдоди муайяни китобҳо мешаванд ва ҳам нашриётҳо имкони пардохти хароҷоти худро пайдо мекунанд.

Вобаста ба саволи мо, дар мавриди он ки айни замон дар назди китобхонаҳо боз кадом вазифаҳо меистад, Шариф Комилзода чунин посух дод:

- Имрўз китобхонаҳо дар радифи иҷрои дархостҳои муқаррарии хонандагон чиҳати истифодаи фонди чопӣ боз муваззаф шудаанд, ки ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тавлиду коркард ва тарғибу ташвиқи манбаъҳои электронии иттилоотӣ ба хонандагони маҷозӣ (виртуалӣ) хизмат расонанд ва бо дарназардошти вежагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва дар рақобат бо дигар воситаҳои нави иттилоотӣ — коммуникатсионӣ усулҳои наву самарабахши хизматрасониро мавриди истифода қарор диҳанд. Яъне, бо тақозои замон имрўз зарур аст, ки ба яке аз масоили муҳим — тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва донандагони технологияи муосири иттилоотӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Аз суҳбат бо Ш. Комилзода  метавон хулоса кард, ки талаботи имрўз тақозо менамояд донишҷў ва ҳар нафаре, ки пайи илму дониш аст, бояд бештар рў ба китоб (китоби аслӣ ва ё нусхаи электронӣ) орад ва зимни истифода аз Интернет таваҷҷуҳи худро ба дигар корҳо ҷалб насозад. Доир ба ин мавзўъ, ки доманадор аст ва пажўҳишро мехоҳад, хуб мебуд коршиносон, олимону муҳаққиқони соҳаи китобшиносӣ, мутахассисони китобхонаҳо ибрози назар намоянд.

Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум»