Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ҳамқадами замон аст

№6 (3486) 13.01.2016

Китоб (584 x 389)Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ним аср боз арзи вуҷуд дорад. Имрӯз ин китобхона яке аз махзанҳои бузурги адабиёт ва маводи илмию техникӣ ба шумор меравад. Хабарнигорамон бо директори китобхонаи мазкур Боймурод Боев ҳамсуҳбат шуд.

- Чанде пеш 50-умин солгарди таъсиси китобхонаро таҷлил кардед. Хоҳишмандам хонандагони рӯзномаро бо таърихи ташаккули ин махзани илму маърифат мухтасар ошно кунед.

- Бо қарори Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ аз 6 майи соли 1965 таҳти №22 Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ таъсис ёфтааст. Дар замони истиқлолият, тибқи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993 таҳти №242 ин китобхона ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ (КДПТ) табдил дода, ба сохтори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Китобхона бинои муҷаҳҳазе дошт, ки аз ҳуҷраи на чандон калон иборат буд. Дар он ҳуҷра ҳам хазинаи китобҳо ҷойгир буду ҳам  кормандони он  фаъолият мекарданд. Хазинаи китобхона 4500 нусха китоб дошт. Аз соли 1967 ба хазинаи китобхона ҳуҷҷатҳои патентӣ ва феҳристҳои саноатӣ ва аз соли 1969 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- техникӣ ворид шуданд.  Хазинаи китобхона тибқи муқаррароти соҳавӣ ва бо дарназардошти талаботи соҳаҳои асосии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили мошинсозӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиё, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва ғайра пайваста бо ҳуҷҷатҳои нав ғанӣ гардид.

Соли 1976 китобхона ба бинои нави замонавӣ кӯчид. Вобаста ба шароитҳои нав сохтори китобхона низ тағйир ёфт. Дар китобхона шуъбаҳои такмили хазинаҳо, коркарди илмӣ ва ташкили феҳристҳо, нигоҳдории хазинаҳо, хизматрасонии хонандагон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва феҳристҳои саноатӣ, коркарди хазинаи патентӣ, кори иттилоотӣ оид ба ҳуҷҷатҳои  патентӣ, хизматрасонии маълумотию иттилоотӣ, адабиёти хориҷӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ ташкил ёфтанд.

- Пешбурди фаъолияти китобхона аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи донишу малакаи мутахассисон вобаста аст.  Оё китобхона чунин мутахассисонро дорад?

- Айни замон дар китобхона нуҳ шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои  мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумотӣ — иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ, маркетинг ва рушди китобхона ва феҳристҳои электронӣ амал мекунанд, ки дар он 53 нафар кормандон кору фаъолият доранд. Дар татбиқи вазифаҳои муҳими китобхона саҳми кормандони собиқадор, аз қабили  Н. Н. Андреева, Э. О. Шерле, Н. А. Селиверстова, А. И. Ҳакимова, В. А. Кузнетсов, М. Ҳ. Халилова, Н. А. Содиқова хеле калон аст.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусӣ, шиносоӣ бо дастовардҳо, омӯзиши малакаи корӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба кормандони китобхона дар як қатор чорабиниҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзидаанд. Аз соли 2008 кормандони китобхона дар курси фосилавии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ»-и Академияи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) шомил шуда, онро бомуваффақият хатм намуданд. То ба имрӯз ин курсҳоро кормандони китобхона Б. У. Боев, Н. А. Содиқова, Ф. К. Мирзоева, Г. Т. Бутаева, Н. С. Каримов, Э. К. Мусина, Ф. Н. Солиҳова ва  Т. С. Саидова хатм намуда, соҳиби «Шаҳодатнома»-и Академияи СУМЗ гардиданд.

То ба имрӯз аз ҷониби кормандони шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона бо теъдоди беш аз 5000 адад «Варақаҳои тарғиботӣ» таҳия ва ба «Тахтаҳои иттилоотӣ»-и донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои  таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди шаҳри Душанбе насб карда шуд. Инчунин аз ҷониби кормандони шуъба пайваста чорабиниҳо оид ба тарғиби фаъолияти китобхона ва ҷалби хонандагон ба он гузаронида шуданд.

- Аз кадом сарчашмаҳо хазинаи китобхона пурра мегардад?

- Пуррагардонии хазинаи китобхона аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (МД ММПИ), Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), Идораи патентии АвруОсиё (ИПАО), Идораи патентии Аврупоӣ (ИПА), идораҳои патентии давлатҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷа, Пажӯҳишгоҳи федеролии моликияти саноатии Федератсияи Россия, Маркази иттилооту нашрияи «Роспатент»-и Федератсияи Россия, Коллектори марказии китобхонаҳои шаҳри Москва таъмин мегардад. Ҳамзамон бо идора ва муассисаҳо, китобхонаҳои мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ дорем ва мубодилаи китобро ба роҳ мондаем. Илова бар ин, тариқи харидорӣ аз мағозаҳои китобфурӯшӣ ва китобҳои туҳфашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хазинаро пурра мегардонем. Алҳол  хазинаи КДПТ 15,2 миллион  нусхаро ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.

Китобхона дар Феҳристи давлатии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дорои тамғаи молӣ буда, таҳти №7653 (TJ) ба қайд гирифта шудааст.

- Дар китобхона вобаста ба  истифода аз техника ва технологияи замонавӣ чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Аз соли 1998  то ба имрӯз китобхона бо дастгирии Муассис ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ теъдоди компютерҳоро ба 50 адад расонид. Дар ин росто, корҳои марбут ба автоматисозии раванди китобдорӣ — иттилоотӣ тибқи нақша роҳандозӣ шудааст.

Ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият соли 2007 дар радифи шуъбаҳои амалкунанда ду шуъбаи нав:  шуъбаи феҳристҳои электронӣ, шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона ба фаъолият шурӯъ карданд. Шуъбаҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ, технологияи компютерии пайваст бо Шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва мутахассисони баландихтисос таъмин карда шуд. Ҳамон сол китобхона ба Шабакаи патентию иттилоотии АвруОсиё «ЕАПАТИС» пайваст гардид, ки хазинаи шабакаи мазкур айни замон 54 млн. нусха ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, тамоми  кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаем, ки ҳамқадами замон бошем.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»