Тобистони хуррами бачаҳо

Макони фароғати кӯдакону наврасон

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истироҳату солимии ҷавонону наврасон тамоми имконияту шароитҳои мусоидро фароҳам меоварад. Фаъолияти истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Истироҳатгоҳ дар мавзеи хушбоду ҳаво, хушманзар ва назди чашмасори обаш ба ширинӣ маъруф ҷой гирифтааст.

Ин макони фароғату истироҳати кӯдакону наврасон бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Чун аз таърихи бунёди истироҳатгоҳ бо директори муассиса Муҳаммадҷон Исматдинов суҳбат намудем, минҷумла гуфт, ки 6 августи соли 2011 яке аз рӯзҳои хотирмон ва пурифтихори умри ман аст.  Он рӯз бо иштироки Президенти мамлакат истироҳатгоҳ ба фаъолият шурӯъ намуд ва Роҳбари мамлакат бо аввалин истироҳаткунандагон- хонандагони лаёқатманди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқот намуданд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат истироҳатгоҳ номи «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифт, чунки он дар арафаи ин ҷашни бузурги давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур дар зарфи чор сол аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, барои истироҳату фароғат ва машқҳои варзишии мактаббачагон аз тамоми гӯшаҳои кишвар пешбинӣ гардидааст.

Истироҳатгоҳ дорои бинои маъмурият, шаш бинои хобгоҳ бо 240 кати хоб, утоқҳои табобатӣ, ошхона, китобхона, утоқи компютерӣ, толори намоиши кино, амфитеатр, ҳавзҳои шиноварӣ, корти теннис, майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, пайконзанӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва майдончаҳои бозиҳои гуногун барои хурдсолон мебошад. Тамоми толору майдонҳои варзишӣ бо шароити мувофиқ ба талаботи машқ муҷаҳҳаз гаштаанд. Барои мисол, ҳавзи болопӯшидаи даруни толор, ки обаш гарм карда мешавад ва ҳавзи тобистона ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд.

Дар мавсими таътили мактаббачагон ба истироҳатгоҳ кӯдакон ва наврасони синнашон аз 8-сола то 17- сола қабул карда мешаванд. Муҳлати истироҳат 14 рӯзро дар бар мегирад.

Зикр бояд намуд, ки давоми фаъолияти истироҳатгоҳ дар он беш аз чор ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истироҳату фароғат намуданд.

Танҳо соли 2013 дар истироҳатгоҳ аз вилояти Хатлон 300 нафар ва аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 160 нафар кӯдакону наврасон истироҳату фароғат намуданд. Истироҳатгоҳ бори нахуст дар ҷумҳурӣ дар мавсими таътили зимистона низ хонандагонро қабул намуд ва 714 нафар дар чор баст фароғат намуданд.

Ҳар сол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 100 нафар ятимону бепарасторон дар ин осоишгоҳ ройгон истироҳат намуда, саломатии худро барқарор мекунанд.

Истироҳатгоҳ ба макони сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ табдил ёфтааст.

Чун анъана имсол низ 26 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин истироҳатгоҳ таътили худро хотирмон мегузаронанд.

Истироҳаткунандагон тибқи барномаи тарҳрезишуда, ба саёҳати ҷойҳои таърихӣ ва зебоманзари вилоят, аз ҷумла Қасри Арбоб, Муғтеппа, Қалъаи Темурмалик, хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Баҳри Тоҷик мебароянд.

Дар истироҳатгоҳ маҳфилҳои шеърхонӣ, рақсу суруд, ҳозирҷавобон, рӯзгордорӣ, расмкашӣ, кешбофию кашидадӯзӣ ва ғайраҳо амал менамояд.

Бояд гуфт, ки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ нисбат ба муассисаи мазкур, бобати беҳдошти шароитҳои зист ва фароғати истироҳаткунандагон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароғати насли ояндаи кишвар тасмим гирифта шудааст, ки ҳудуди истироҳатгоҳ боз ҳам васеъ гардад.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»