Мактубҳо аз ақибгоҳ

№114 (3415) 26.08.2015

668519 НАВДар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  дар РСС Тоҷикистон 42 номгӯйи рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр мерасиданд, ки се номгӯйи он ҷумҳуриявӣ, се  вилоятӣ, панҷ шаҳрӣ, 28 ноҳиявӣ ва се маҷалла  буданд. Ин нашрияҳо алҳол дар хазинаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд. Дар арафаи ҷашни 70-солагии Рӯзи Ғалаба  мо дар ин кохи маърифат баъзе аз нашрияҳои солҳои ҷангро варақгардон кардем ва чанд маводи ҷолибро пешкаши хонандагон мегардонем.

Солҳои зикршуда рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Коммунист Таджикистана» мунтазам чоп мешуданд. Тавассути ин нашрияҳо охирин хабарҳо аз фронт  ба самъи мардум мерасид. Ҳамзамон ин рӯзномаҳо мактубу барқияҳои расмӣ, номаҳои аҳли заҳмат ва сарбозони фронтҳо, хабару гузоришҳоро оид ба заҳмати мардуми тоҷик дар корхонаву муассиса ва хоҷагиҳо ба нашр мерасонданд. Аз ҷумла дар чанд шумораи соли 1944 ба табърасидаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар саҳифаи аввал  чашмам ба барқияҳо ба унвони «Москва. Кремл» ва барқияҳои ҷавобӣ аз номи И. В. Сталин  расид, масалан:

«Москва. Кремл. Ба рафиқ Сталин.

Ман, раиси колхози ба номи Калинин, супориши Шуморо дар бораи ба таври тавоно яроқнок кардани Армияи Сурхи азиз пай дар пай иҷро намуда, ба ғалабаҳои пуршаъну шарафи бар душмани ваҳшӣ ба дастовардаи вай рӯҳбаланд шуда, аз маблағҳои пасандози худ барои сохтани эскадрилияи «Тоҷикистони советӣ» шасту панҷ ҳазор сӯм додам. Орзу мекунам, ки Шумо, падар ва муаллими азизи мо, баҳри Ватани маҳбубамон солҳои сол зинда ва саломат бошед.

Ҷунайд Ҷумъаев, раиси колхози ба номи Калинини райони Куйбишев, РСС Тоҷикистон»

(«Тоҷикистони сурх», 14 апрели соли 1944 №66 (4744).

Дар поёни ин мавод барқияи ҷавобии Сталин низ ба нашр расидааст:

«Райони Куйбишев. РСС Тоҷикистон, колхози ба номи Калинин ба рафиқ Ҷумъаев

Рафиқ Ҷумъаев, барои ғамхории ба қувваҳои ҳавоии Армияи Сурх кардаатон саломи ман ва миннатдории Армияи Сурхро қабул намоед.

И. Сталин».

Ҳамин тавр, «стахановчии картошкакори колхози ба номи Кирови шаҳри Хоруғи Помир Худоназар Мирзонаботов» («Тоҷикистони сурх», 15 апрели соли 1944) дар мактуби худ ба И. В. Сталин навиштааст: «Монанди тамоми халқи советӣ  барои зудтар торумор кардани душмани лаънатии башарият — фашистони немис хоҳиши гарму ҷӯшон дошта, ба фонди мудофиа аз маблағҳои пасандози худ 10000 сӯм медиҳам».

Барқияи ҷавобии Иосиф Виссарионович Сталин ба Х. Мирзонаботов низ дар ин шумораи рӯзнома ҷой дода шудааст.

Дар саҳифаҳои шумораҳои дигари «Тоҷикистони сурх» оид ба комёбиҳои аҳли заҳмати корхонаҳо, колхозу совхозҳои гуногун хабарҳо дарҷ шудаанд. Чунончӣ: « Районҳои вилояти Сталинобод кори картошкашинониро яке паси дигар тамом карда истодаанд. Колхозҳои пешқадами районҳои Пахтаобод, Кӯктош, Шаҳринав ва Ҳисор зиёда аз план даҳҳо гектар картошка шинонданд. Ҳамагӣ дар вилоят зиёда аз 600 гектар картошка шинонда шуд». («Тоҷикистони сурх», 7 апрели соли 1944); «Колхозҳои ба номи Каганович ва Молотов плани кишти гандум, ҷав ва зағирро пур карданд. Онҳо ҳамзамон ба фонди Армияи Сурх ду гектар ғалладона кориданд». («Тоҷикистони сурх», 8 апрели соли 1944); «Колхозҳои райони Данғара дар республика аз ҳама пеш плани пахтакориро пур карданд. Ҳозир колхозҳои район барои сар кардани каландкунӣ ва ягонакунӣ тайёрии зӯр дида истодаанд». («Тоҷикистони сурх», 9 апрели соли 1944).

На танҳо заҳматкашони саҳро ва коргарони корхонаҳо, балки адибону санъаткорон низ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои рӯҳбаландии сарбозони фронтҳо фаъолияти хешро пеш мебурданд. Чунончӣ, рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» аз 15 апрели соли 1944 №74 (4749) таҳти унвони «Муваффақияти театри фронтӣ» хабар додааст: «Ба Управленияи корҳои санъати республика дар бораи муваффақияти калони театри фронтии тоҷик, ки бори дуюм ба хизмати  Армияи амалкунанда рафтааст, хабар омад. Коллективи бадеии театр дар қисмҳои фронти Белоруссия 139 маротиба консерт дода, ба баҳои баланди командадиҳӣ мушарраф гаштааст. Ҳозир театри фронтии Тоҷикистон дар Москва буда, ба қарибӣ барои хизмат расонидан ба қисмҳои фронти якуми Украина меравад».

Маводи қобили таваҷҷуҳ ва таърихии нашрияҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле зиёд аст. Дар ин ҷо чанд ҷумла аз мақолаи пурмуҳтавои адиби номии тоҷик Сотим Улуғзода «Зафар наздик аст», ки онро рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар таърихи 25 апрели соли 1945 №77 (5006) чоп кардааст, пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем: «Қӯшунҳои мо ба Берлин зада даромаданд! Паҳлавонони аждаҳокуш ба ошёни аждаҳои фашизм қадам ниҳоданд. Мо ба имрӯз нигарон будем, мо боварӣ доштем, ки вай меояд… Офтоби осоиш аз саодати халқи мо, ки онро чор сол пеш абрҳои сиёҳи фашизм тира гардонида буданд, аз нав тулӯъ карда истодааст, оби дидаи модарон ва фарзандони фироқкашида, занҳо ва маҳбубаҳои ҳиҷронзадаи мо ба табассуми шодӣ мубаддал мешавад, чинҳои дарду алам аз чеҳраи падарон ва бародарони мо барҳам мехӯрад. Зафар наздик аст!».

Рӯзи Зафар ҳам расид. 9 майи соли 1945 рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» бо навиштаҷоти калони болои унвони газета «ҒАЛАБААТОН МУБОРАК, РАФИҚОН»,  портрети намоёни Иосиф Сталин, Фармони Сарфармондеҳи Олӣ, Акт дар бораи таслимшавии ҳарбӣ, Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 8 майи соли 1945 бо имзои Раиси Президиуми Совети Олии СССР М.И.Калинин ва котиби Президиуми Совети Олии СССР А. Горкин дар бораи Иди Ғалаба эълон кардани 9 май ба табъ расид.

Инак, 70 сол боз ин сана ҳамчун ҷашни таърихӣ таҷлил мегардад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»