Ёди некон

Марди накуном намирад ҳаргиз

№1 (3638) 05.01.2017

Юнусчон ЁдгоровМутафаккирони ҳама давру замон номи некро беҳтарин ёдгории инсон донистаанд. Воқеан, хушбахт он касест, ки ӯро мардум  ба некӣ ёд мекунанд. Орифе фармудааст:

Қорун ҳалок гашт, ки чиҳил хона ганҷ дошт,

Нӯшервон намурд, ки номи наку гузошт.

Арбоби сиёсию  давлатӣ, собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юнусҷон Ёдгоров аз ҷумлаи касонест, ки баъд аз худ на ганҷ, балки номи нек боқӣ гузоштааст. Ӯ дар 25-солагӣ директори Корхонаи пахтатозакунии собиқ ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) таъин шуда буд. Баъди 10 соли фаъолияти пурсамар соли 1976 сарварии Корхонаи пахтатозакунии Конибодомро ба ӯ супурданд. Кордонию ахлоқи ҳамидаи Юнусҷон Ёдгоровро ба инобат гирифта, моҳи октябри соли 1983 инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти собиқ  вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) таъин намуданд. Он солҳо сарварони ояндадорро барои такмили дониши сиёсӣ ва роҳбариашон ба мактабҳои олии ҳизбӣ мефиристоданд.

Юнусҷон Ёдгоров низ тибқи роҳхат аз соли 1984 то соли 1986 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил намуд. Баъди таҳсил, моҳи апрели соли 1986 котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Конибодом интихоб шуда, то соли 1992 дар ин вазифаи масъулиятнок фаъолият намуд. Дар давраи сарварии ӯ Конибодом хеле обод гардид. Маҳз дар ҳамон айём дар Конибодом корхонаҳои коркарди шир, матоъҳои нобофта, пахтатозакунии «Маҳрам» ва нуқтаи пахтақабулкунии «Кӯчкак» сохта шуд. Фурудгоҳи ҳавоӣ мавриди истифода қарор гирифт, омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис ёфт. Дар кӯчаҳои 8-уми март ва Ленини маркази шаҳри Конибодом хонаҳои бисёрошёна  қомат афрохтанд. Хатсайри қатораи Душанбе-Конибодом аз ҳамон давра ба мусофиркашонӣ шурӯъ намуд. Собиқ раиси шаҳри Конибодом ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Б. Азизова дар бораи ин роҳбари мушфиқ хотираҳояшро чунин баён кардааст: «Солҳое, ки Юнусҷон Ёдгоров сарвари шаҳрамон буданд, ман дар садорати Иттиҳодияи дӯзандагӣ ва минбаъд чун сарвари корхонаи ҷамоавии «Муҳайё» кор мекардам. Тарзу услуби роҳбарӣ, муносибаташонро бо сарварони корхонаю муассисаҳо ва одамони одӣ мушоҳида мекардам ва наҷибтарин хислатҳояшонро минбаъд дар фаъолияти худ истифода мебурдам.

Ю. Ёдгоров дар мавридҳое, ки сухан аз натиҷаи воқеии фаъолияти сарварони истеҳсолот, интизоми меҳнат ва покизагии дасту дили сарварон мерафт, хеле сахтгиру серталаб буданд. Мегуфтанд, ки роҳбари ҷомеаи меҳнатӣ бояд аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрати дигарон бошад, ҳама вақт ва дар ҳама ҷо дар бораи беҳбудии шароити кор ва зиндагии зердастони худ фикр кунад. Онҳоеро, ки аз мансабу вазифа сӯиистифода мекарданд ва хушомадгӯву дурӯя буданд, чашми дидан надоштанд».

Муҳаррири рӯзномаи «Садои Конибодом» Ғ. Ҳомидов дар китоби «Заҳматқарини зиндаёд» чунин нигоштааст: «Дар бюрои Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) соли 1983, вақте ки Юнусҷон Ёдгоровро ба вазифаи дастурдиҳандаи шуъбаи  ташкилӣ тасдиқ менамуданд, котиби аввал Рифъат Ҳоҷиев тавсифномаи ӯро нахонда, қимати кадри навро бо як ҷумла ифода кард: «Дар давоми фаъолияти 18-солаи сарвариаш дар ду корхонаи пахтатозакунӣ аз болои ӯ  ба мо ягон мактуби шикоятӣ наомадааст». Бо ҳамин як ҷумлаи пурмаънӣ ӯро ба вазифаи нав қабул карданд. Зеро ҳама медонистанд, ки дар нуқтаҳои пахтақабулкунӣ ва корхонаҳои коркарди  пахта, ки хусусан дар давраи қабули «тиллои сафед» ҷои моҷарову муноқишаҳои тӯлонӣ буд ва оқибатҳои ғамангез ҳам дошт, солҳои дароз бе нуқсон кор кардан  на ба ҳар сарвар муяссар мешуд».

Юнусҷон Ёдгоров 15-сола буд, ки падараш аз олам чашм пӯшид. Аз ин рӯ, ҳам таҳсил мекарду ҳам баъди дарс кор карда, ба модараш дар таъминоти оила ёрӣ мерасонд. Директори генералии ҶСШК «Ҳабиб» И. Халилов айёми донишҷӯияшро ба ёд оварда, чунин нигоштааст: «Ману Юнусҷон ҳамсинф будем. Он кас бо баҳои аъло таҳсил мекарданд. Ҳардуямон ба як  шуъбаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ) дохил шудем. Дар хобгоҳ ҳам 5 сол дар як ҳуҷра зистем. Бо тақозои шароити иқтисодӣ мо ҳар ду баъди дарс дар Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ҳамчун челонгар ба кор даромадем».

Ю. Ёдгоров барои фаъолияти пурсамар бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (соли 1970), «10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (баъди вафот), ордени «Нишони Фахрӣ» (соли 1977) ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадрдонӣ шудааст. Дили ин марди кордону софдил ва хушахлоқу дурандеш  23 –юми октябри соли 1993, дар 52-солагӣ  аз тапидан монд. Дар умри кӯтоҳи хеш Юнусҷон Ёдгоров ба ҷомеа манфиати зиёд расонид. Аз ин рӯ, дар шаҳри Конибодом ӯро ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд. Ҳоло кӯчае дар ин шаҳр ба номи Юнусҷон Ёдгоров  гузошта шудааст. Ҳамсари ӯ Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Насиба Шукурова дар хусуси қаноатпешагии Ю. Ёдгоров чунин нақл кард:

- Боре (соли 1993) аз шавҳарам пурсидам, ки маоши депутатиатонро гирифта истодаед? Он кас гуфтанд, ки «якбора онро ба кассаи амонатӣ гузаронида истодаам. Ман қарор додам, ки баъди ба охир расидани муҳлати депутатӣ бо он пули ҷамъшуда палос харида, ба оилаҳои интихобкунандагони камбизоатам туҳфа намоям. Ҳисоб кардам, ки бо он пул 80 палос харида  мешудааст. Ман чун вакили мардумӣ аз воситаи нақлиёт ва меҳмонхона ройгон истифода мебарам. Ба ман ҳамин имтиёзҳо кифоя».

Имрӯз фарзандони Юнусҷон Ёдгоров мисли падар дар хизмати халқу ватананд. Гузалхон муҳандис, Наргисхон — ҳуқуқшинос, Фирдавс — агроном ва Гулнозахон ба ҳайси иқтисодчӣ кор мекунанд. Онҳо хоксориву хушахлоқӣ ва кордониву ватандӯстиро аз падар мерос гирифтаанд. Агар ин  марди шариф дар ҳаёт мебуд, 19-уми декабр 75-сола мешуд. Ҳарчанд ӯ ҷисман дар байни мо набошад ҳам, кори неку номи некаш зинда аст.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»