МУҲАҚҚИҚИ ҲАМОСАИ ГӮЁ

№75 (3555) 10.06.2016

Салоҳиддин Фатҳуллоев ҳамчун олим ва донишманд, пайваста пайи таҳқиқ ва нашри мақолаҳост. Нахустин мақолаи ӯ бо номи «Баъзе ҳамоҳангиҳои Шоҳнома ва Гӯрғулӣ» дар рӯзномаи «Газетаи муаллимон» соли 1960 ба табъ расид. Аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳои илмиву оммавии ӯ чоп мешаванд. Айни замон ӯ ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Номбурда 56 сол аст, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳқиқу нашри фолклор, махсусан ҳамосаи «Гӯрғулӣ» машғул буда, доир ба ин ва дигар мавзӯъҳо беш аз 200 мақола ба табъ расонидааст. «Бобои Авранг», «Гӯрғулӣ»-и тоҷикони Афғонистон», «Сарояндаи достони соҳибқирон», «Ривояти халқ», «Гӯрғулигӯиҳои тоҷик ва адабиёти китобӣ» ва ғайра аз ҷумлаи мақолаҳои таҳқиқотии ӯ мебошанд.

Солҳои 1960-1970 ӯ гӯрғулихонҳои машҳури тоҷик — Ҳақназари Кабуд (30 достон), Сайдалӣ-соқӣ (5 достон), Карим Раҳимов (4 достон)-ро бо усули дастнавис ба ганҷинаи фолклори тоҷик ворид намудааст. Навиштаи ӯ беш аз дусад ҳазор мисраъро дар бар мегирад. Устод ҳангоми навишта гирифтани достонҳо шаш моҳ бо достонсароёни машҳури тоҷик иқомат намудааст.  Нахустин тадқиқоти ҷиддӣ доир ба достонҳои «Гӯрғулӣ» ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

- «Гӯрғулӣ» таърихи тӯлониро аз сар гузаронида, дорои се мактаб мебошад, — мегӯяд Салоҳиддин Фатҳуллоев.

Номбурда дар асоси варианти гӯяндаи даштиҷумӣ — Одина Шакар мақолае навишта, таъкид намудааст, ки «Гӯрғулӣ» ҳамосаи тоҷикӣ буда, ба Гӯруғлӣ-и ӯзбекӣ робитае надорад. Муҳаққиқ андешаҳои худро дар мақолааш таҳти унвони «Гӯрғулӣ» тоҷик буд, на ӯзбек» дар се шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (августи соли 2008) ба чоп расонида, бо далелҳои муътамад андешаҳои бебунёди баъзе фолклоршиносонро, ки гӯё «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ зери таъсири «Гӯруғлӣ»-и ӯзбекӣ ба вуҷуд омада бошад, комилан рад менамояд. Дар мақолаи дигараш — «Ривояти тозаи «Гӯрғулӣ» (Садои Шарқ, №8, 2009) собит менамояд, ки «Гӯрғулӣ» ҳамосаи миллии тоҷикон аст.

Салоҳиддин Фатҳуллоев муаллифи чанд маҷмӯаву китоб мебошад. Соли 1972 ӯ дар ҳамкорӣ бо фолклоршинос Додоҷон Обидов маҷмӯаи намунаҳои фолклори Афғонистонро таҳти унвони «Сухане аз ҳар даҳоне» тартиб дод. ӯ яке аз мураттибони маҷмӯаи фолклории «Таронаҳои мардуми тоҷик» (бо хатти арабиас­ос (бо ҳаммуаллифии Р. Аҳмад, Эрон, 2000) мебошад. Ин маҷмӯа бори нахуст фолклори пурғановати тоҷикро ба хонандагони эронӣ муаррифӣ намуд. Инчунин, С. Фатҳуллоев яке аз тартибдиҳандагони маҷмӯаи «Таронаҳои Фалак» (2004) мебошад. Ӯ дар ҳамкорӣ бо Файзалӣ Муродов маҷмӯаи «Фолклори Кӯлоб» (Душанбе, 2007) ва достонҳои ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-ро аз эҷодиёти Одина Шакар мураттаб сохт.

Номбурда ҳамчун муҳаққиқ ва донишманд дар таҳрири якчанд китоб саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, китобҳои «Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб»-и Р. Амонов (1963, нашри дувум бо ислоҳ ва иловаҳои Ф. Муродов), «Баёзи фолклори тоҷик», ҷ. 2, (1990, зарбулмасал ва чистонҳо) мураттибон Б. Тилавов, Қ. Ҳисомов, Ф. Муродов, Ф. Зеҳниева; «Баёзи ҳикмати халқ», мураттибон Б. Тилавов ва Ф. Муродов (2004); «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» – асари тадқиқотии Р. Аҳмадов (2007) ва ғайра баъд аз таҳрири ӯ рӯи чоп омадаанд.

Устод байни аҳли илму адаб ҳамчун забоншиноси пухтакору сермаҳсул низ маълуму машҳур мебошад. Ӯ дар ин самт чанд маҷмӯа иншо намуда, тайи солҳои фаъолият дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, баробари анҷоми корҳои маъмурӣ, ба таҳқиқи масъалаҳои забоншиносии тоҷик машғул гардида, маҷмӯаҳои «Даҳ соли қонуни забон» (1999), «Оинаи забон» (2003), «Забон ва ҷомеа» (2006)-ро мураттаб сохтааст. Ҳамчунин, ӯ яке аз мураттибони «Луғати калимаҳои роиҷ» (1999) ва «Луғати калима ва истилоҳоти нав» (2003) мебошад.

Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои фолклоршиносию забоншиносӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) ва ордени «Дӯстӣ» (2007) мушарраф гардидааст. Ходими шоистаи илму фарҳанг ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Ҳамчун инсони наҷибу поксират ва хоксору самимӣ дар тарбияи шогирдон саҳми назаррас дорад. Покиву ростқавлӣ дар зиндагӣ асоси кори ӯст.

Имсол устоди арҷманд ба синни мубораки 80 қадам ниҳод. Мо — ҳамкорон ӯро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, барояш тансиҳативу хонаободӣ ва дар ҷодаи илм муваффақияту бурдборӣ таманно менамоем.

Р. Аҳмадов, Д. Раҳимов, А. Аминов,

М. Ниёзова, Т. Ёров, Ф. Исмоилов,

Р. Оймаҳмадов, А. Абдуллоев, Л. Носирова, кормандони шуъбаи фолклори ИЗАШМХ ба номи Рӯдакӣ