Нигаронӣ аз мусаллаҳшавии ҲНИТ

№23 (3324) 18.02.2015

Бунёдгароии динӣ яке аз хатарҳои ҷиддии асри XXI мебошад. Ҳодисаҳои ба доми бунёдгароёни хориҷӣ афтидани ҷавонони мо ва дар хориҷ ба куштан ва ғорат кардани мардуми кишварҳои Сурия ва Ироқ даст задани онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Вале ошкор шудани мавҷудияти силоҳ дар дасти намояндаи ҳизби расмии динӣ дар кишвар, он ҳам аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва пуштибонии расмии ин ҳизб аз як гумонбаршуда ба ҷиноят нигаронии манро беш аз пеш ба бор овардааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки намояндагони воломақоми ҲНИТ ҳам дар сар андешаи бунёдгароӣ доранд ва дар роҳи пиёда кардани мақсадҳои бунёдии худ аз шеваҳои асримиёнагӣ ҳам кор бигиранд ва дар рӯзи «мабодо» силоҳ ба даст гирифта, кишварро ба ҷанг бикашанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдории яроқи оташфишонро аз ҷумлаи ҷиноятҳо медонад. Ҳар касе, ки қонунро нақз мекунад, ҳатман бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ин ҷо на касе ва на ҳизбе истисно буда наметавонад. Ин ки силоҳро ба дӯсташ додааст, чунин маъно дорад, ки онро барои рӯзи «мабодо» нигоҳ доштан мехостааст. Иддаое, ки дар изҳороти ҲНИТ омадааст, яъне «…ба Л.Сардоров мегӯяд, ки созишномаи сулҳ ба имзо мерасад ва дигар амнияташ таъмин буда, зарурат ба доштани силоҳ надорад ва аз дӯсташ хоҳиш мекунад, ки силоҳро ба мақомот бисупорад», ба ғайр аз худсафедкунӣ чизи дигаре нест. Чунки силоҳдор, агар нобуд кардани силоҳашро мехост, худаш онро нобуд мекард, на ин ки онро боэҳтиёт дар селофанҳо печонида, зери хок нигоҳ медошт.

Ман намегӯям, ки Ҷ. Маҳмудов ҷинояткор аст, чунки инро суд муайян мекунад. Аммо маро пуштибонии ҲНИТ аз як гумонбаршуда, ки соҳиби яроқ буданашро худ иқрор шудааст, нигарон мекунад: «Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ягон ҳолат баъди ошкор шудани ҷиноят милисаи тоҷик онро канор намегузорад ва ҳар чӣ зудтар думболаш шуда, баъзе барои иҷрои қонун ва баъзеи дигар мутаассифона, барои пул кор кардан онро пайгирӣ мекунанд», — омадааст дар изҳорот.

Ман ҳамчун омӯзгори фанни биология нигарони он ҳастам, ки «Назарияи эволютсия» ба ақидаи бунёдгароёнаи чунин шахсиятҳо рост намеояд. Силоҳ доштани як нафар ва истифодаи он барои расидан ба мақсад хатар бар дигарон дорад. Аз ҷумла бар ман. Бинобар ин, умедворам ки дар оянда низ чунин ҷиноятҳо сари вақт пешгирӣ ва хатари онҳо кам мешавад. Чунки барои ҷомеа шахси силоҳдоре, ки андешаи бунёдгароёна ва тахрибкор дорад, хатарнок аст. Пуштибонии як ҳизби қонунӣ ҳам аз шахсоне, ки қонунро нақз кардаанд, ба худ хатар дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки дигар аъзои ҲНИТ ҳам, ба умеде ки аз онҳо дар ҳолати ҷинояткорӣ ҳам пуштибонӣ мешавад, даст ба ҷиноят бизананд. Ё шахсоне пайдо шаванд, ки пеш аз ҷиноят кардан ба ин ҳизб бипайванданд ва баъд ҷиноят содир намоянд.

Шодмони Урунбой, омӯзгор