ҲНИТ-ро кӣ паноҳгоҳ медиҳад?

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Баъди шикаст хӯрдан дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2015 ҲНИТ ба ҷор задану ба ҳама нокомиҳояш мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҷрим донистанаш тақвият бахшид ва ин то имрӯз идома дорад. Муроҷиатномаи рӯзи якуми июли соли 2015 дар сайти www.nahzat.tj бо нишонии http://nahzat.tj/14822-raesati-olii-nit-tojikiston-niez-ba-mudohilai-smm-va-kishvarhoi-kafili-sulh-dorad.html паҳнгардидаи ин ҳизб идомаи иқдомҳои сиёсии ҲНИТ мебошанд. Воқеан, дар сиёсат барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҳар роҳу усул кор гирифтан имкон дорад, ба шарте ки он тавъам ба ҳадафҳои миллии кишвар бошад. Баъд аз ҳар маъракаи сиёсӣ ҲНИТ саросема нишаст баргузор мекунаду бо роҳи сиёсикунонии масоили ҷомеа ба ҷониби Ҳукумат «таҳдид мекунад».

Дар Муроҷиатномаи Раёсати Олии ҲНИТ суиистифода аз арзишҳои шахсӣ (ахлоқ), аз дин дида мешавад, ки дар ҷомеаи демократӣ қобили қабул нест: «Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломииТоҷикистон (ҲНИТ) зарур шуморид ва ба чунин қарор омад, ки бо назардошти вазъи бавуҷудомада дар Тоҷикистон, бахусус амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф ба Шумо муроҷиат намояд».

Аз таҷрибаи давлатдории тоҷикон ба мо маълум аст, ки ҳар се маротибае, ки тоҷикон давлати миллӣ сохтаанд, сабаби суқуташ ва инқирозаш рӯҳониён ва маҳз пешвоёни динӣ буданд, зеро диндорон ва рӯҳониён ҳамеша манфиати шахсиро аз манфиати милливу давлатӣ болотар мегузоштанд ва имрӯз низ мегузоранд. Ҳамчунин ба донишмандону олимон маълум аст, ки дини ислом аз давраи пайдоиш то ба имрӯз дини сиёсӣ буд. Ин динро арабҳо барои ташаккулу такомули миллати араб хеле моҳирона истифода бурдаанд ва имрӯз низ истифода мекунанд. Аммо мардуми содаву зудбовари мо ҳанӯз ҳам ба дарки он нарасидаанд, ки маҳз бо дини ислом инсон метавонад ба саодат бирасад.

Дар ҷое аз ин Муроҷиатнома таъкид ва ҳушдор дода шудааст: Мутаассифона, тарафи дигари сулҳ — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суиистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишор алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст.

Саволи матраҳ ин ҷо аст, ки то кай мо интизор мешавем, ки дигарон моро назорат кунанд? Кай мо мустақилона масоили сиёсиву иҷтимоии худро баҳсу баррасӣ намуда, роҳи ҳал ҷустанро меомӯзем?

Дуруст аст, ки яке аз омилҳои ба майдон кашида шудани мардуми одӣ дар даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта маҳз аз арзишҳои динӣ суиистифода кардани рӯҳониён ва фундаменталистони исломӣ буд. Имрӯз ҳам мо мушоҳида мекунем, ки дар сиёсат аз динҳо суиистифода кардан оқибатҳои нохуб дорад. Тибқи баъзе маълумотҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 24 ҳизбу созмонҳои динӣ мавҷуд аст, ки наметавонанд ба ҳам созиш кунанд. Дар ҷаҳони муосир низ касе кафолати аз дин истифода нашудан дар сиёсатро дода наметавонад, зеро динҳо аз усули тарсонидан аз гӯру қиёмат, рӯзи ҷазо, фанопазирии инсон истифода мекунанд. Албатта, ин усул ба 98 фоизи инсонҳое, ки қобилияти фикр кардан надоранд, таъсири рӯҳиву равонӣ мерасонад. Усули хоси ҲНИТ низ ҳамин аст.

Ин даъвои ҲНИТ, ки «онҳо пеши роҳи ба Сурияву ДИИШ рафтани ҷавононро пешгирӣ мекунанд», асосе надорад, зеро ҷангиёни ДИИШ низ барои тақвияти густариши дини ислом меҷанганд.

Хулоса, Муроҷиатномаи ҲНИТ баёнгари аҳдофи манфиатҷӯйи он аз созмонҳои хориҷӣ аст, ки мардумро ба ноумедӣ, дилсардӣ, зиндагибезорӣ равона месозад, ҳол он ки айни замон барои мардуми мо як идеяи созандаву раҳнамун барои ояндаи нек лозим аст, на нокомии ин ё он ҳизби сиёсӣ.

Фирдавс НИЁЗӢ, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон