Дар партави Паём

Омӯзгор тарбиятдиҳандаи насли ояндасози миллат аст

№9 (3310) 20.01.2015

Дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) дар бораи соҳаи маориф чунин зикр гардидааст: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».

Дар робита ба ин масъала муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Қосимзода Идигул Тағо чунин ибрози андеша намуд:

 - Дар Паёми соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди фарох, аз нигоҳи таҳаввулоти навини ҷаҳон ва пешрафтҳои илмиву технологӣ масоили мубрам ва муҳими ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои расидан ба рушду шукуфоӣ ва даст ёфтан ба зиндагии шоистаро барои мардум тавзеҳ дод. Мо — маорифчиён дар фаъолияти  худ Паёмро сармашқи кор қарор дода, бобати амалӣ намудани нуктаҳои ба мо рабтдоштааш кӯшиш кардем. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин омилро зимни таълиму тарбия мадди назар дошта бошем. Ҷавононро мебояд, ки дар шароити  ҷаҳонишавӣ  раҳгумзада ё фирефтаи ягон ғояи ғаразнок  нашаванд, балки чун мутахассисони варзида ба камол бирасанд ва пешрафти ҷомеаи моро тақвият бахшанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо — маорифчиён  диққати махсус дода истодаанд.

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишҷӯён аз ноҳияҳои гуногуну дурдасти ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари давлат имрӯз ҷавонон бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯй овардаанд ва таваҷҷуҳи онҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, хитойӣ зиёд гардидааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки равобити иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон таҳким меёбад ва малакаю маҳорати забондонӣ барои ҳар як мутахассиси ҷавон беш аз пеш зарур мегардад. Ғамхории Сарвари давлат боис гардид, ки аксари ҷавонони боистеъдоди навоҳии дурдаст аз таҳсил дар канор намонданд. Ин иқдом, дар ҳақиқат, таърихист. Аз ҳисоби ҷавононе, ки тариқи квота дохил шуда буданд, имрӯз номзадҳои илм ба камол расидаанд. Имрӯз метавон гуфт, ки донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соҳаҳои гуногуни кишвари азизамон фаъолият дошта, дар пешрафти ин соҳаҳо саҳмгузоранд.

Самимона  мегӯям, ки чунин ҷавонон метавонанд бо ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва садоқаташон Ватани худро беш аз пеш обод созанд. Ғамхориҳои  Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи он кас нисбат ба ҷавонон самараи хуб овардааст. Омӯзгорони мо бо дарки масъулият ҳидояту супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намуданд.

Таҳияи Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,  «Садои мардум»