Оё маориф ва тандурустӣ соҳаҳои фасодзада нестанд?

№98 (4048) 15.08.2019

Соҳибқирон имсол тасмим гирифт фарзандашро, ки дар синфи сеюм мехонад, ба мактаби беҳтар монад. Бо мақсади он ки ҷигарбанд забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои дақиқро хуб омӯзад. Барои ин ба муассисаи наздиктарини маҳали иқомат рафт. Ба роҳбари он мақсадро баён кард. Вале фарзанд қабул нашуд. Ба вай гуфтанд, маҳали зисташ ба муассисаи онҳо тобеъ нест, бинобар ин наметавонанд ӯро ба таҳсил фаро бигиранд. Баъд боз як маротибаи дигар рафт. Нашуд. Боз рафт. Нашуд.

-1Пасон, дар фикри он шуд, ки ягон восита пайдо кунад. Ду роҳ дошт: ё ягон шинос меёфт, ки гапаш ба роҳбари муассиса гузарад ё роҳбари муассисаро «розӣ» мекард.

Усули аввал кор надод, роҳи дуюм ба кор омад…

Воқеан, мардум дар ҷомеаи кишвар чунин назар доранд, ки дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ корат бе пул ҳал намешавад. Нишондодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ далолат ба ҳамин медиҳад.

Ба назари рӯзноманигор ва коршинос Нуралӣ Давлат вазоратҳои зикршуда бештар ба он хотир дар сархат ҷой мегиранд, ки бо мардум сарукор доранд. «Мардум ҳам бештар аз онҳо шикоят доранд, чун маблағ ночиз мегирад ва шояд аз ҳар оила чанд нафар фарзанд дар мактаби миёна ва шояд ҳатто олӣ таҳсил кунад. Дар мавриди соҳаи тандурустӣ ҳам, ки ҷои гап нест, одам хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, бемор мешавад ва ба духтур муроҷиат мекунад. Аммо ба ташкилотҳои дигар шояд ба таври оммавӣ мардум муроҷиат накунад», — мегӯяд вай.

Эҳсон Сафарзода, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мегӯяд, баҳогузории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳоле сурат мегирад, ки буҷети муассисаҳои таҳсилотӣ ба раёсату шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо, яъне мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст ва вазорат ҳақи назорати онро надорад. Дар ин ҳолат ҳама ҷинояти коррупсиониро ба Вазорати маориф ва илм мансуб дониста ва эълон кардан, ки маориф ниҳоди фасодзада мебошад, чандон дуруст нест:

- Азбаски маблағи муассисаҳои таълимӣ дар тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатист ва маблағҳо сари вақт ҷудо намешаванд, баъд ба директори муассиса мегӯянд, ки «илоҷашро ёб». Директор тоҷир ё соҳибкор нест, ки аз ҳисоби худаш ҳал кунад. Сипас масъала ба муаллим ҳавола мешавад, ба роҳбари синф ва аз вай ба падару модари хонанда…» — мегӯяд Эҳсон Сафарзода.

 3Алиакбар Абдуллоев, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ташаккули маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон» низ андешаи болоро тақвият дода, таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро фасодзадатарин соҳа номидан мантиқан нодуруст аст:

- Азбаски кормандони агентӣ бештар ба ин ду ниҳод мераванд, ҳолатҳои коррупсионӣ ҳам дар онҳо ошкор мешавад. Агар ба ин ду ниҳод нею, ба ҷои дигар раванд ҳатман ҳолатҳои коррупсиониро ошкор мекунанд. Бисёр вақт тафтиши кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар охири сол, ҳини ҷамъбасти ҳисоботҳо гузаронида мешавад. Ҳисоботро бояд ҷамъбаст кунанд, вале натиҷа камӣ мекунад, бинобар ин мераванд ба муассисаҳои тандурустӣ ё маориф, то ки ҳисобот пурра шавад. Ҳол он ки ба кадом соҳаи дигар ҳам раванд, ҳолати коррупсиониро ошкор карданашон мумкин. Вале ба ин ду соҳа мераванд. Аз ин рӯ, онҳо бадном шудаанд.

Воқеан, тайи чанд соли охир ба хотири коҳиш додани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷашнҳое чун «Иди алифбо» ва «Занги камолот»-ро барҳам доданд. Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар соли 2008 низ нишон дод, ки аз байн бурдани омили инсонӣ як роҳи ҷиддӣ ва муассири аз байн бурдани коррупсия шуда метавонад.

Зимнан, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ иддаои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ҷиҳати фасодзада будани ниҳодашон рад мекунанд.

Баҳриддин Назриев, сардори шуъбаи аудити дохилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, дарвоқеъ, солҳои қаблӣ ин раванд ба назар мерасид, вале ҳоло нисбат ба солҳои пеш гирифтани пора камтар шуда, қариб ба назар намерасад. Ба андешаи ӯ, дар шаш моҳи соли равон 82 ҳолати ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз он 33 ҳолат ба шаҳру навоҳии тобеи марказ рост меояд, хусусан 29 ҳолат дар Маркази саломатии шаҳри Роғун ба қайд гирифта шудааст:

- Аксари ҷиноятҳо вобаста аст ба муоинаи ҳатмии тиббӣ. Танҳо 12 ҳолати ҷиноят аз тарафи мудири шуъбаи Беморхонаи марказии шаҳри Роғун содир шудааст. Дар беморхонаи шаҳри Роғун зиёд ба қайд гирифта шудани ҳолати коррупсионӣ дар ҳолест, ки шуъбаи аудити дохилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ягон маротиба санҷиш нагузаронидааст, — мегӯяд Баҳриддин Назриев.

Масъулини ҳар ду ниҳод мегӯянд, дар таҷриба ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки нафаре ба коррупсия муттаҳам мешавад, вале баъдан ҷиноят исботи худро наёфта, суд онро беасос эълон мекунад. Лекин дар ҳисоботи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вай ҳамчун коррупсионер қайд шудааст. Вале директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода 30 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ин иддаоро рад карда, гуфт:

- Дар агентӣ то ҳол ҳолате нашудааст, ки нисбат ба кормандони маориф ё тандурустӣ парвандаи ҷиноятӣ дар суд қатъ гардида, ҳукми сафедкунӣ бароварда шуда бошад. Аммо ҳолатҳое ҳаст, ки вобаста ба сабук будани ҷиноят (изҳори пушаймонӣ кардани дастгиршуда) мақомоти тафтишотӣ нисбат ба гунаҳгор, бинобар асосҳои ғайрисафедкунанда, маводро рад мекунад ва ё мо парвандаи ҷиноятиро қатъ мекунем.

Коршинос Сайфулло Сафаров, ки замони муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар фаъолият доштан роҷеъ ба масъалаи коррупсия дар ҷомеаи Тоҷикистон чанд тадқиқот анҷом доданд, дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша кард:

- Гапи ҳар ду ҷониб ҳам ҳақ. Ин вобаста ба он аст, ки аз кадом тараф ба масъала наздик мешавем. Агар аз нуқтаи назари тобеияти шуъбаҳои маориф, мактабҳои олӣ ба Вазорати маориф ва илм ё муассисаҳои тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигарем, метавон гуфт, онҳо фасодзадаанд. Вале аз он ки ҳар як мактаб ба шуъбаи маорифи худаш итоат мекунад, дар низоми маорифи ноҳиявӣ ё шуъбаи тандурустии ноҳиявӣ дохил аст, аз ин сабаб вобаста ба он ки сардори ин ё он шуъба чӣ гуна шахс аст, элементҳои коррупсионӣ метавонад дар ин ё он ноҳия бештар бошад.

Яъне, директори мактаб рӯирост ба вазири маориф итоат намекунад, аз ин сабаб албатта, ҷавобашро бояд, ки мудири шуъбаи маориф гӯяд, на ин ки вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ. Ин камбудиҳоро аслан камбудиҳои мақомоти маҳал ҳисобидан дуруст аст. Чунки вазири маориф ва илм сиёсати умумиро муайян мекунад. Сиёсати умумӣ маънои онро надорад, ки ҳар як мудири маориф ё ректор ба ҷаноби вазир пул медиҳад. Бинобар ин, айби вазорат нест, он ҷо бояд дигар сохторҳо низ тоза кор кунанд. Чунонки антикоррупсионерҳо мегӯянд, поквиҷдон бошанд.

Як назарсанҷии дигари мо дар шабакаи Фейсбук нишон дод, ки мардум фазои умумиро барои мавҷудияти коррупсия мусоид мебинанд ва аз ин хотир мегӯянд, ки танҳо маориф ва тандурустиро «пешсаф» дидан иштибоҳ аст.

Аз ҳамин ҷост, ки коршиносон мегӯянд барои пурра барҳам задани фасодкорӣ мебояд заминаву омилҳои мавҷударо дар умум, ки имкони ҷиноятҳои коррупсиониро фароҳам меоранд, барҳам зад.

Маҳмудҷон УСМОН,

«Садои мардум»,

Хуршед МАВЛОН, рӯзноманигор