Саҳми шоиста дар муаррифии миллат

№17 (3497) 09.02.2016

ТочиконБо заҳмати омӯзгор ва рӯзноманигори варзида Ҳасан Раҳматалиев шоҳасари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» бо забони ӯзбекӣ тарҷума шуд.

Бо номбурда суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.

- Бояд зикр намоям, ки бароям тарҷумаи ин китоб осон муяссар нашуд. Барои он ки китоби «Таджики»-ро бо номи «Тожиклар» ба забони модариам тарҷума намоям, чор сол заҳмат кашидам. Шоҳасари Б. Ғафуров баъди даҳ соли нашри русиаш ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, сипас ба забони лаҳистонӣ дар Полша, бо ҳуруфоти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тарҷумаю нашр шудааст. Тарҷумаи ӯзбекии китоби мазкур аз ҷониби камина дар ду ҷилди иборат аз 1500 саҳифа ва 98 акси таърихӣ амалӣ гардид.

- Кӣ сабаб шуд ё кадом омил шуморо ба тарҷумаи ин шоҳасар таҳрик дод?

- Ман китоби «Таджики»-ро мутолиа карда будам, вале тарҷумаи он ба забони модариам дар гӯшаи хотирам ҳам набуд. Солҳои 1985 — 1986 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шарқшиноси машҳури ӯзбек, шогирди бовафои устод Б. Ғафуров — Шоислом Шоҳмуҳаммедов ҳамсуҳбат шуда, дар бораи шахсияту бузургии ӯ қиссаҳои аҷоиб шунидам. Маълум гардид, ки бо дастуру ҳидояти собиқ директори Институти шарқшиносии СССР, аллома Б.Ғафуров Шоислом Шоҳмуҳаммедов гурӯҳи калони адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро сарҷамъ намуда, дар 20 ҷилд «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба забони ӯзбекӣ баргардонидаанд ва номбурда сармуҳарририи ҷилдҳои тарҷумашударо ба уҳда доштааст. Б. Ғафуров ва Ш. Шоҳмуҳаммедов бо муносибаташон анъанаи Абдураҳмони Ҷомию Алишер Навоиро идомаю густариш доданд.

Ш. Шоҳмуҳаммедов чун фаҳмид, ки банда дар шаҳри Душанбе факултети забону адабиёти русро хатм кардаам ва аз асари Бобоҷон Ғафуров «Таджики» низ огоҳии комил дорам, аз ман хоҳиш намуд, ки ин асарро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намоям. Чунин фурсат соли 2011 бароям даст дод ва дар ин ҷода аз ҷониби собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонов ва вазири имрӯзаи маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид дастгирӣ ёфтам.

Дар анҷоми тарҷума бо тавсия ва маслиҳати олимони варзидаи кишвар Фарҳод Раҳимӣ, Акбари Турсун ва Аскаралӣ Раҷабов дар ҳар ду ҷилди китоб пеш аз мундариҷа 68 адад расми рангаи мавзеъҳои таърихӣ, мақбараю мадраса ва инчунин сиккаҳои подшоҳонро, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасараш зикр кардааст, илова намудам.

- Ҳоло китоб ба чоп омода аст?

- Бале, тарҷумаи камина аз ҷониби аҳли зиёи кишвар, бахусус олимони маъруфи ҷумҳурӣ хуб пазируфта, даҳ муҳаққиқи варзида ба он тақриз навиштанд ва нашри онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Китоб зери таҳрири номзади илми таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Сафар Эркаев ба нашр омода гардида, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тожиклар» ба Маркази нашри китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шудааст. Рӯзҳои наздик ҳар ду ҷилди он бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 2000 нусха ба нашр хоҳад расид.

Давлати СУЛТОН, «Садои мардум», Азизи  Фаттоҳ,  рӯзноманигор