Ситораи дурахшони илми тоҷик

№148 (4098) 10.12.2019

Рахмонов З.Х.Мутахассиси соҳаи назарияи ададҳо, доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси наҷиби бомаърифат Зарулло Раҳмонов намояндаи шинохтаи мактаби назарияи ададҳои тоҷик аст. Ӯ шогирди математикони барҷаста, докторони илмҳои физикаю математика, профессорон А. А. Каратсуба ва В. Н. Чубариков мебошад.

Вай 10-уми декабри соли 1959 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич) таваллуд ёфтааст. Соли 1976, пас аз хатми мактаби миёна, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, таҳсилро аз соли 1979 дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов идома дод. Соли 1982, пас аз хатми донишгоҳ, бо тавсияи Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ба аспирантураи назди донишгоҳ бо ихтисоси «мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо» дохил шуда, соли 1986 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тақсимшавии характерҳои Дирихле», зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор А. А. Каратсуба бомуваффақият ҳимоя намуд.

Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, соли 1986 фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра оғоз намуда, соли 1987 муаллими калон ва соли 1991 дотсенти кафедра таъин гардид.

Ӯ аз соли 1992 то соли 1994 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов таҳсил намуда, соли 1996 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Ададҳои сода ва қиматҳои миёнаи функсияи Чебишев» ҳимоя намуд.

Соли 1996 З. Раҳмонов мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардид ва аз соли 1999 то ҳол вазифаи директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Соли 2000-ум узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, соли 2012 сазовори унвони илмии профессор аз рӯи ихтисоси мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо шуд. Ин олими сермаҳсул соли 2017 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Хизматҳои босазояшро ба назар гирифта, соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени ҷашнӣ, бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуд.

Зарулло Раҳмонов инсони дарёдил буда, ҳамеша дар мушкилоти гуногун кумакрасон аст. Зиёда аз бист сол аст, ки директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шароити вазнини охири солҳои 90-уми асри гузашта ӯ тавонист иқтидори илмии институтро нигоҳ дорад ва омодасозии математикони ҷавонро ба воситаи аспирантура роҳандозӣ намояд. Институте, ки ӯ роҳбарии онро ба уҳда дорад, дар байни муассисаҳои илмӣ -тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои илмӣ ҳамеша мавқеи намоён дорад. Дари дафтари кории ӯ ба рӯи ҳама, аз донишҷӯву магистр, аспиранту коромӯз то кормандони хурду калони илмӣ боз аст. Аз ин рӯ, ҳама ӯро дӯст медоранд, ҳурмат мекунанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба некхоҳӣ ва дастгириҳои доимӣ бо гирифтани натиҷаҳои назаррас ва олӣ ҷавоб гардонанд.

Номбурда дар соҳаи назарияи аналитикии ададҳо яке аз мутахассисони барҷаста маҳсуб мешавад. Ба ғайр аз ин, ӯ мутахассиси забардасти соҳаҳои алгебра, таҳлил ва назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ буда, ба донишҷӯён дарс мегӯяд, аз назарияи аналитикӣ ва алгебравии ададҳо курси махсус мехонад. Академик З. Раҳмонов сарвари мактаби илмии назарияи аналитикии ададҳои тоҷик мебошад. Ӯ анъанаҳои илмии асосгузоштаи математикони маъруфи тоҷик, мутахассисони соҳаи назарияи ададҳо Ғафур Бобоев ва Нуъмон Ғафуровро идома дода, пайваста ташаккул медиҳад. Дар зери роҳбарии вай 17 рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя шуд. Шогирдонаш дар аксар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Ба шарофати ӯ дар ҷумҳурӣ мактаби назарияи ададҳо ташаккул ёфта, дар байни мамолики ҷаҳон яке аз мактабҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.

Мавсуф диққати асосиро барои барқарор сохтан ва тақвият додани ҳамкорӣ бо марказҳои пешбари илмии дохилу хориҷи кишвар равона месозад. Ин имкон медиҳад, ки олимони институт нигош­таҳояшонро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон нашр созанд.

Корҳои З. Раҳмонов аз тадқиқоти системанок оид ба функсияҳои арифметикии даврӣ иборат аст, ки дар асоси онҳо метод ва ғояҳои комбинатории ададӣ — назариявӣ ва назариявӣ — функсионалӣ солҳои охир ҳам аз ҷониби ӯ ва ҳам аз тарафи математикони машҳур инкишоф ёфта истодааст.

Корҳои аввалини З. Раҳмонов дар ҳалли муаммоҳои Ю. В. Линник оид ба ададҳои хурдтарини голдбахӣ дар прогрессияи арифметикӣ саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин раванд ӯ методи машҳури суммаҳои тригонометрии И. М. Виноградовро хеле моҳирона татбиқ намудааст, ки ин имконият дод, то натиҷаҳои М. Ютилла назаррас аниқтар гарданд.

Оид ба дастовардҳои илмии академик Зарулло Раҳмонов метавон зиёд навишт. Он чизе, ки мухтасар баён гардид, ҳанӯз таҷассумгари фаъолият ва дастовардҳои илмии ӯ буда наметавонад.

Ба ӯ саломатии бардавом, хушбахтӣ ва  даст­овардҳои беназири илмиро таманно дорем.

С. Исматов, Ш. Хайруллоев, А. Азамов ва дигар Шогирдон