Тарбияи ҷавонон кори ҳамагон аст

№143 (3444) 27.10.2015

tajikИмрӯз, вақте ки бо ҳар роҳу восита иддае аз ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро ҷалб менамоянд, масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорию худшиносии миллӣ, сари вақт аз роҳҳои нодуруст баргардонидани ҷавонони ноогоҳ аҳамияти хос пайдо мекунад.

Маҳз бо дарназардошти моҳияти мавзӯъ ҳанӯз 17 марти соли 2015 таҳти №106-2 қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Душанбе» қабул гардид. Мутобиқи талаботи қарори мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ва воҳидҳои сохтории тобеи онҳо нақша – чорабиниҳои  мушаххас таҳия ва тасдиқ намуда, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳо андешида истодаанд. Чунончӣ, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида даҳ гурӯҳ дар ҳайати 70 нафар бо ҷалби васеи роҳбарони сохтору идораҳои марбута, олимону донишмандон ва мутахассисони варзидаю ботаҷриба таъсис  дода шуд.

Бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии воридшавии ҷавонону наврасон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, густариши таблиғи эҳсоси ватандӯстӣ  ва садоқат ба Ватану миллат, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон, ҷаҳонбинию зиракии сиёсӣ дар раванди марҳилаи созандагии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори табақаи ҳассоси ҷомеа аз ҳар гуна андешаҳои носолиму иртиҷоӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ дар тамоми маҳаллаҳои ноҳия бо мардум мулоқоту вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Намояндагони ин гурӯҳҳо зимни вохӯриҳояшон доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла оид ба пешрафт ва тараққиёти босуръати тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатамон, шароити хуби муассисаҳои таълимӣ, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосир, тараққиёти илму коммуникатсия, таъмири роҳҳо ва ободонию созандагии минбаъдаи кишвар гуфтугӯи рӯ ба рӯ доир менамоянд. Ҳамзамон доир ба ҳодисаҳои номатлуб дар байни наврасон ва ҷавонон, иштироки онҳо дар масҷидҳои ғайрирасмӣ, даст задан ба ҷиноят, шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро ибрози назар карда мешавад.

Ҳангоми вохӯрию мулоқотҳо бо таассуф зикр мегардад, ки ҳоло аз Тоҷикистон зиёда аз 600 нафар ҳамватани мо дар амалиётҳои мусаллаҳонаи ДИИШ ҷангида истодаанд. Ташвишовараш он аст, ки бештари онҳо дар ин амалиётҳо фавтидаанд.

Гурӯҳҳои ташвиқотӣ зимни суханрониҳояшон аз гуфтаҳои роҳбарияти олии кишвар истифода карда, ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи миллат ва ояндаи давлат ба илмомӯзию касбандӯзӣ  ва баҳри арҷгузорӣ  ба муқаддасоти миллӣ, ғояҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар даъват менамоянд. Ҳамзамон онҳо ба иштирокдорони вохӯриҳо оид ба тақлиди либоспӯшии ҷавонон, бахусус занону духтарон, майли онҳо ба фарҳангҳои бегона ва бегонапарастӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Зимни мулоқотҳо бо истиқоматкунандагони ноҳия масъалаи дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур намояндагони гурӯҳҳои корӣ ба падару модарон оид ба муваззаф будани волидайн нисбати таълиму тарбияи фарзандон сухан ронда, роҳи дурусти ҳидоят намудани фарзандонро ба самти мазкур нишон медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ воқеан ҳам аз ҷониби сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба хушӣ пазируфта мешуданд. Аз ибрози андешаҳои сокинони ноҳия маълум мегардад, ки онҳо дар ҳақиқат ҷонибдори сиёсати имрӯзаи Давлату Ҳукумат ва Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва онро доимо дастгирӣ менамоянд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»