Тоҷикдухтар — соҳиби шоҳҷоизаи олимпиадаи байналмиллалӣ

№ 15.08.2022

Сайт4 августи соли равон зиёда аз 70 хонандаи болаёқат аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар олимпиадаи байналми-лалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ ба пойтахти кишвари Ан-глия Лондон сафар карданд.
-Ба ин озмун аз вилояти Суғд 30 нафар роҳхат гирифтанд, ки 11 хонандаи «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, ме-бошад, — гуфт зимни сӯҳбат ба мо директори муассиса Сурайёхон Неъматзода. Дар ҷамъбаст аз рӯи 4 бахш миёни хонандагони синфҳои болоӣ Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 10 соҳиби Ҷому Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид.
Дар ин олимпиада намояндагони Тоҷикистон ҷойи аввал, Озар-бойҷон ҷойи дувум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш ҷойи ишғол карданд.
М.МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»