Ҳусни сухан дар китоб нуҳуфта

№148 (4098) 10.12.2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Танҳо маърифат пеши ҷаҳолат­ро гирифта метавонад».

Оре, баланд бардоштани донишомӯзӣ ва маърифатнокии  насли наврас яке аз василаҳои муҳим мебошад. Насли наврас ҳамеша ба маънавиёт ва фарҳанг эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ, мақсади асосии китобдорон, пеш аз ҳама, ғизои маънавӣ бахшидан ба воситаи адабиётҳои гуногун мебошад.

Китоб ақлро равшан ва заковатро комил мегардонад. «Илм дар ҷавонӣ нақш дар санг аст», — фармудаанд бузургон. Насли наврасу ҷавон  низ то китобхон нагардад, ба ҷое намерасад. Китоб аст, ки касро миёни хосу ом муътабар сохта, хонданаш андешаро солим ва зеҳнро қавӣ мегардонад. Ҷавононро лозим аст, вақтро ғанимат донанду китоб хонанд, то ба қуллаи мурод расанд. Ҳатто китобе, ки қаҳрамононаш бадахлоқанд, хонандаро ба роҳи нек ҳидоят мекунад, зеро ба қавли Саъдӣ: «Адаб аз беадабон бояд омӯхт»

Китоб метавонад шомилшавии насли ҷавонро ба ҳизбу равияҳои ифротӣ пешгирӣ намуда, масъулияти онҳоро дар назди халқу Ватан даҳчанд афзун гардонад. Лозим ба ёдоварист, ки бинобар муҳимияти масъала алҳол таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро  ҷалб карда, дар сатҳи Ҳукумат низ таваҷҷуҳ ба он хоса аст.

Мо — китобдорон муваззафем, ки дар тарбияи насли нав­рас беш аз пеш фаъол бошем, бо роҳу воситаҳои гуногун майлу рағбати онҳоро ба китобхонӣ, донишомӯзӣ афзун намоем.

Агар волидон дар ҳақиқат хоҳони саодатмандӣ ва хушбахтии фарзандон бошанд, бояд дар тарбияи онҳо китобхониро дар мадди аввал гузоранд. Фарзанди солеҳ ва солеҳа онест, ки соҳибзаковату донишманду хушгуфтор мебошад.

Барҳақ «ҳусни сухан дар китоб нуҳуфта аст», — гуфтаанд. Эътироф бояд кард, ки дар замони муосир, ки тарақкиёти техникӣ босуръат пеш мераваду ҷавонон ба интернету компютер майли бештар доранд, ҷалб кардани онҳо ба китобхонӣ кори осон нест. Сарфи назар аз ин, фаъолиятро дар ин самт бояд беш аз пеш тавсеа бахшид. Зеро миллати тоҷик табиатан китобдор ва китобхон буда, ҳифзи ин арзиш қарзи виҷдон ва рисолати инсонии мост.

Зебо ХОЛОВА, омӯзгори фанни забон ва адабиёти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Душанбе