Вақти сиёҳро аз сафед фарқ кардан расидааст

№112 (3413) 21.08.2015

Имрӯзҳо аз саросари кишвари азизамон мардуми Тоҷикистон дар расонаҳои хабарӣ оид ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маводҳо чоп карда, андешаҳояшонро иброз дошта истодаанд. Аз ҳамин лиҳоз, ман ҳамчун як фарди комилҳуқуқ бетараф буда наметавонам. Мехоҳам фикру андешаҳои худ ва сокинони деҳоти «Чӯянгарон»-и шаҳри Ваҳдатро, ки сарвариашонро ба уҳда дорам, дар робита ба ин иброз намоям. Ҳар шахси солимфикр хуб медонад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар давоми фаъолияташ баҳри ободонӣ, бунёдкорию созандагии Ватан хизмати назаррасеро  анҷом надодааст.

Баръакс, сарварони ин ҳизб даст ба иғвою тафриқаандозӣ зада, заҳматҳою ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои аз вартаи  нестшавӣ баровардани миллат, пойдории сулҳу субот нодида гирифта, мехоҳанд вазъи сиёсиро ноором созанд. Вақт довари зиндагист, ба ҳама чиз баҳо медиҳад ва сафедро аз сиёҳ ҷудо мекунад. Худ шоҳид будам ва бо чашмонам дида, бо гӯшҳоям шунидам, ки дар маъракаи пешазинтихоботии президентии соли 2010 намояндагони ҲНИТ мардумро ба гумроҳӣ бурда, «касе ҲНИТ-ро хат мезанад, кофир мешавад ва хонааш ҳаром аст», — мегуфтанд. Агарчӣ 98 фоизи мардуми Тоҷикистон мусулмон ва мусулмонзода бошанд ҳам, фирефтаи найранги ин ҳизб нашуданд. Дар натиҷа, ҲНИТ овози ночизе гирифт.

Деҳоти «Чӯянгарон»-и дар минтақаи ба пойтахт – шаҳри Душанбе наздик, дар масофаи 12 км дур аз шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст. Аҳолии он дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ азобу уқубати зиёде кашида буданд. Тамоми дастаҳои бо ном муҷоҳидин дар ин ҷо панаҳ бурда буданд. Дараи Ромит паноҳгоҳи онҳо гардида буд. Солҳои 1992-1993 Фронти халқӣ дар ин ҷо ситоди худро дошт ва назоратгоҳҳо гузошта буд. Гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ таъсисёфта мардумро азобу машаққат медоданд. Гуруснагӣ, пиёда омадурафт кардан дилгирашон карда буд. Қатли одамони бегуноҳ зиёд ба чашм мерасид. Оилае набуд, ки аз ин ҷанги бемаънӣ зарар надида бошад.

Дар ҳамаи вохӯриҳо ва суҳбатҳое, ки дар деҳаҳо мегузаронам, пайваста аз он рӯзҳо ёдовар мешавам. Бахусус, ба ҷавонон, ки он рӯзҳои мудҳишро надидаанд, азобу вазнинии он рӯзҳои мудҳишро мефаҳмонам. Душманон асосан ба ҳамин гурӯҳи аҳолӣ, бахусус ҷавонони ноогоҳу камсавод такя мекунанд. Инро мо медонем ва кӯшиш менамоем, ки бештар дар байни ҷавонон ва занҳо корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ барем. Натиҷаи кори доимӣ ва панду насиҳати пирони рӯзгордида аст, ки нафаре аз деҳоти мо ба ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро шомил нагардидааст. Ин боиси ифтихор ва сари баланди мост.

Мардум акнун дӯстро аз душман фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Имрӯз нафарони пастфитрат ва тамаъҷӯе пайдо шудаанд, ки ҷавонони ноогоҳро фирефта, ба гурӯҳи бо ном «давлати исломӣ» шомил менамоянд. Боиси бадбахтии падару модар ва аҳли хонадон мешаванд. Пайваста мардумро мефаҳмонем, ки дар як қатор мамлакатҳои мусалмонӣ ҷанг рафта истодааст. Дар ҳамаи ин давлатҳо гурӯҳҳои ифротгаро дини Исломро маккорона ба манфиатҳои худ истифода бурда, онро доғдор мекунанд. Худи сарвари «давлати исломӣ» Абубакр–ал–Бағдодӣ, ки номи аслиаш Шимун Албут мебошад, дар асл яҳудӣ аст. Пас ин ҷангҳо ба хотири бадном кардани дини Ислом бо дасти душманони ин дин аст.  Магар яҳудӣ ғами мусалмонро мехӯрад ва пуштибони дини Ислом аст? Амали ин гурӯҳҳо ғайриинсонӣ буда, ба фармудаҳои Қуръон  ягон умумияте надоранд. Барои мусалмон Қуръон қонун ва ҳам оиннома аст. Мусалмони комил бояд аз нишондоди он берун набарояд.

Боиси ифтихор аст, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Қуръони Карим» бо забони тоҷикӣ ва бо алифбои кириллӣ чоп ва матни он дар фита сабт гардида, ройгон дастраси мардум карда шуд. Ҷаноби Олӣ барои мардуми мусулмон имконият фароҳам овард, ки Қуръонро хонда, мутобиқи он амал намоянд ва фирефтаи дигарон нашаванд.

Бо пешниҳоди фаъолони деҳоти «Чӯянгарон» 9 июли соли 2015 маҷлиси васеи Ҷамоат баргузор гардид, ки дар он фаъолон, раисони маҳаллаҳо, сарварони муассисаву корхонаҳои ҳудуди деҳот, имомхатибҳои масҷидҳои панҷвақта иштирок доштанд. Дар ҷамъомад шахсони рӯзгордида баромад карда, иброз доштанд, ки ҳамаи мо бояд дар атрофи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  ҷамъ омада, баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва оромию осудагии мардумамон саъю кӯшиш намоем. Инчунин дар ҷамъомад ба унвони роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ Муроҷиатнома қабул гардид, ки дар он гуфта мешавад: «Агар Шумо, воқеан ҳам худро тоҷику тоҷикистонӣ мешуморед, барои қатъ намудани фаъолияти ҳизбатон розигӣ диҳед, то ки бори дигар мардумро ба нооромӣ набаред ва боиси бадбахтии мардум нашавед. Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад…».

Сайдалӣ ҲАКИМОВ, раиси Ҷамоати деҳоти «Чӯянгарон»