Ванҷ. Кӯчаи «8 март» ба номи рӯзноманигор Хушбахти Ҳайдаршо гузошта шуд

№115 (3909) 22.09.2018

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ яке аз кӯчаҳои шаҳраки Рохарви маркази ноҳияро ба номи адиб ва рӯзноманигор шодравон  Хушбахти Ҳайдаршо гузошт.

- Пос доштани хотираи неки фарзандони арҷманди кишвар, ки баҳри пойдории ҳукумати конститутсионӣ ва оромиву осудагии мамлакат заҳмат кашида, аз дасти душманони халқи тоҷик ҷони худро аз даст додаанд, яке аз вазифаҳои муҳим ва пуршарафтарин ба ҳисоб меравад, — мегӯяд раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова. — Яке аз он фарзандони Бадахшон, ки дар даврони муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ  аз ҷониби ашхоси бадгуҳар, бераҳму сангдил бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар овони ҷавонӣ ба ҳалокат расонида шуд,  зодаи деҳаи Ускроғи деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, рӯзноманигори варзида ва адиби хушсалиқа Хушбахти Ҳайдаршо буд. Хурду калони ин диёр аз он қаноатманданд, ки кори неку номи неки ин журналисти ватандӯст,  ҳақгӯй ва донишманд дар қалби ҳамдиёрон, ҳамкорон ва дӯстон  боқӣ мондааст ва хотираашро гиромӣ медоранд.

Ёдовар мешавем, ки  Хушбахти Ҳайдаршо, баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаби миёна дар зодгоҳаш деҳаи Ускроғ ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  ҳамчун рӯзноманигор -  корманди масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва дигар рӯзномаҳо  дар навиштаҳояшон Ватан — модар, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамонро васф мекард. Аммо фаъолияти ватандӯстонааш ба ашхоси ғаразнок ва бадтинат,  хиёнатпешаву моҷароҷӯй, роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ   ва дигар бадбинони халқу давлати тоза­истиқлол  маъқул наафтод ва  сад ҳайф,  ки ӯро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.

Имрӯзҳо дар доираи  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути  дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи генералии азнавсозии маркази ноҳияи Ванҷ қабул шудааст. Аллакай дар асоси  он амалҳои ободонӣ ва бунёдкориҳои  зиёде   ба ҷо оварда шудаанд. Ҳоло  кӯчаи ба номи Хушбахти Ҳайдаршо низ ба мисли дигар роҳҳо, кӯча ва майдонҳои  маркази шаҳраки Рохарв аз ҷониби ширкати сохтмонии «Роҳсоз»и-шаҳри Душанбе бо кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия азнавсозӣ, гулпӯшу сабзпӯш  ва чароғон гардида истодааст.

Сироншоҳи ДИЛОВАР