Ду хабар аз ВМКБ

№75(3376) 01.06.2015

Ҷавонон бояд баҳаёти оилавӣ омода бошанд

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ дар мавзӯи «Сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар наврасону ҷавонон ширкат варзиданд. Иштироккунандагони мизи мудаввар оид ба мавзӯи пешниҳодгардида изҳори андеша намуда, омилҳои асосии вайроншавии оилаҳоро дар омода набудани ҷавонон ба хонадоршавӣ ва паст будани сатҳи одоби оиладории онҳо маънидод карданд. Таъкид гардид, ки барои ҳифзи оилаҳои ҷавон ва солимии наслҳои оянда бояд аз баъзе зуҳуроти зараровари ҷомеа, ба монанди никоҳи хешутаборӣ, пешгирӣ карда шавад. Мизи мудаввар ба «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 бахшида шуда буд. Ба гуфти роҳбари Маркази ҷавонон – Сураҷ Чоршанбиев, гузаронидани чунин вохӯриҳо аз аҳамият холӣ нест ва аз тарафи муассиса дар давоми соли ҷорӣ боз якчанд чорабиниҳои марбут ба тарбияи ахлоқии ҷавонон ва омода кардани онҳо ба ҳаёти оилавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Анҷумани географии Россия дар Помир

Анҷумани географии Федератсияи Россия экспедитсияи мототсиклсаворонро ба Помир сафарбар намудааст. Экспедитсия рӯзи 30 апрел аз  назди бинои Анҷумани географии Россия, воқеъ дар шаҳри Санкт-Петербург, ба сафар баромад. Саёҳатро ҷаҳонгард ва нависандаи маъруфи рус Павел Кобяк роҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати экспедитсия се нафар сайёҳон ва инчунин суратгир ва наворбардор шомил ҳастанд.

Экспедитсияро ширкаткунандагони он «Помир – Боми Ҷаҳон» ном ниҳодаанд. Дар давоми сафар сайёҳон ҳамарӯза аз рафти саёҳат гузориш ва дар бораи воқеоти ҷолиб хабар медиҳанд. Боиси зикр аст, ки иштирокчиёни экспедитсия масофаи тӯлонии ин сафарро бо мототсиклҳо тай хоҳанд намуд. Ташкилкунандагони экспедитсия зиёда аз шаш моҳ омодагӣ дидаанд ва тибқи нақша масофаи умумии саёҳат 14000 км-ро ташкил хоҳад дод. Хатти сафари экспедитсия тавассути ҳафт кишвар – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон мегузарад. Гурӯҳи сайёҳон ният доранд, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дидан намоянд.

Моҳияти экспедитсияро Павел Кобяк чунин шарҳ додааст: «Халқҳои Осиё дорои таъриху фарҳанги бою рангин мебошанд ва мо ният дорем, ки бо ҳаёту маданияти онҳо аз наздик шинос шавем. Ин кӯшиши ғӯта хӯрдан ба ҷаҳони дигар мебошад ва мо маҳз барои ҳамин меравем».

Аз рӯи натиҷаҳои экспедитсияи мазкур Павел Кобяк китоби чоруми ҷаҳонгардии худро таҳия мекунад. Дар ин сафар аз тарафи гурӯҳи касбии наворбардорон оид ба Помир филми мустанад низ сабт хоҳад гардид.

 

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»