Ҷиноят ва ҷазо

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст

№14 (3494) 02.02.2016

ё чӣ тавр шаҳватпарастон аз тифли маъсум халос шудан мехостанд

Сокини деҳоти «Комсомолобод»-и ноҳияи Нуробод Марҷонаи Файзулло ба шуъбаи корҳои дохилӣ бо гиряву алам арз кард, ки марди ниқобпӯше ба хонаи ӯ бо мақсади дуздӣ даромада, чизи мувофиқе наёфта, фарзанди ёздаҳмоҳаашро бо худ гирифта рафт.

Барои муайян ва дастгир кардани марди ниқобпӯш аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт гурӯҳи фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ ташкил карда шуд. Кормандони милитсия тафтишро аз ҷойи ҳодиса оғоз намуданд. Аз суҳбат бо Марҷонаи Файзулло маълум гардид, ки дузди ниқобпӯш, ба ҷуз рабудани тифли ӯ дигар чизеро нагирифтааст. Дар ҷараёни тафтиш кормандони милитсия маҳорату кордонӣ нишон дода, муайян намуданд, ки ин саҳнаро худи модари кӯдак — Марҷонаи Файзулло таҳия кардааст. Рафтори на чандон боварибахши Марҷона шубҳаовар буд. Ба дузд тифли навзод чӣ лозим? Чаро аз хона ҳеҷ ашёеро бо худ набурдааст?

Аз нобарор анҷом ёфтани амали дуздии бофта «ҷабрдида» Марҷонаи Файзулло ноилоҷ ба кормандони милитсия асли воқеаро баён кард. Марҷонаи Файзулло соҳиби ду фарзанд мебошад. Зани дуюм аст. Шояд ин ба ӯ имкон додааст, ки дар рафтори худ нисбатан озод бошад. Бо Нуралӣ Розиқов ном марде, ки баъди адои ҷазо (бо ҷурми дуздӣ гунаҳгор дониста шуда буд) ба озодӣ мебарояд, шинос мешавад. Муносибати маҳрамонаи онҳо як моҳ идома меёбад. Ба вохӯрии ин шаҳватпарастҳо гӯё Мавзунаи ёздаҳмоҳа, ки ҳоло забон набаровардаву роҳ рафта наметавонад, халал мерасондааст. Нуралӣ Розиқов ба «маъшуқааш» пешниҳод мекунад, ки тифли маъсумро нобуд кунад, то ба вохӯрии маҳрамонаашон халал нарасонад. Магар ин тифли оҷиз метавонист ба онҳо халал расонад? Барои мард шояд бетафовут бошад. Охир, тифл барояш бегона аст. Аммо барои модар — чӣ? Оё ӯ метавонад пешниҳоди бераҳму разилонаи мардеро, ки бо ӯ вай танҳо муносибати маҳрамона доранд, қабул намояд?

Ҳамчун модар метавонист, ки ба рӯи он мард туф кунаду алоқаашро канад ва тифлакашро дар оғӯш бо меҳри модарӣ навозиш карда, ба воя расонад? Метавонист, аммо накард, баръакс, пешниҳоди мардро қабул намуд. Хунсардона ва бедудилагӣ. Якҷоя нақшаи чӣ тавр аз Мавзунаи ёздаҳмоҳа халос шуданро кашиданд. Нақша хеле одӣ, аммо бераҳмона, берун аз меҳру шафқати инсонӣ буд. Бо маслиҳати пешакӣ кӯдакро берун аз деҳа бурданд. Кӯдак шояд аз гуруснагӣ ё сардӣ бошад, ки мегирист. Ё шояд аз рафтори модари бераҳмаш огоҳ буду ба ҷойи сухан гуфтан бо нолиш ва гиря эътироз мекард?

Вале гиряи мададхоҳонаи тифл дар дили сангини модар раҳму шафқатро натавонист бедор кунад. Онҳо кӯдакро аз баландӣ ба нишебие сар доданд ва рӯи ӯ хору хас қарор гирифт.

Баъд барои рӯйпӯш намудан ва раҳо ёфтан аз ҷазои чунин амали бераҳмона, модар ба шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Кормандони милитсия дар давоми ҳамон рӯзи муроҷиати зан кӯдакро пайдо карда, аз марг наҷот доданд. Тири ҷинояткорон хок хӯрд.

Ҳоло Прокуратураи ноҳияи Нуробод нисбат ба ин ду ҷинояткор аз рӯи талаботи моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ) ва 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Чунин амали бераҳмона дар моддаи 104 қисми 2 банди «в» низ пешбинӣ шудааст: «Кӯдаки хурдсол ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ ба гунаҳгор айён аст».

Ҳолати оҷизӣ ва нотавонии тифли ёздаҳмоҳаро гунаҳгорон ба хубӣ медонистанд. Инчунин медонистанд, ки тифл ба ҳаёт, аниқтараш ба муносибати маҳрамонаи онҳо ҳеҷ хатаре эҷод карда наметавонист. Аммо онҳо дидаю дониста, ҷиноят содир карданд. Подоши ҷиноят ҷазост.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»