№50 (3196) 16.05.2014

Гурӯҳҳои  корӣ дар пайи тарғиби Паём

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҳисоби кормандони дастгоҳ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву минтақавӣ ва адибону ашхоси шинохта бо мақсади тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, тӯли як ҳафта меҳмони сокинони шаҳру навоҳии минтақа шуданд. Онҳо дар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ ва корхонаву ташкилотҳои гуногун оид ба муҳтавои ин ҳуҷҷати муҳими раҳнамунсоз мулоқотҳо баргузор намуданд.

Кишти баҳорӣ дар арафаи анҷомёбист

РӮДАКӢ. (М. ЗОКИР, «Садои мардум») Дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 3600 хоҷагии деҳқонӣ ва ҷамоавӣ фаъолият дорад. Алҳол дар хоҷагиҳои ноҳия  кишти баҳорӣ  дар арафаи анҷомёбист. Аҳли заҳмат то имрӯз  дар майдони 506 гектар картошка, 570 гектар сабзавот, 24 гектар  полезӣ, 1827 гектар  зироати равғандори зағир, кунҷит ва офтобпараст  кишт карданд, ки 91 фоизи  нақшаро  ташкил медиҳад. Деҳқонон майдони  кишти тирамоҳию баҳории ғалладонаро  ба 13734 гектар расониданд. Бо истифода аз ҳавои мусоид хоҷагидорон дар майдони 750 гектар кишти пунбадона гузарониданд.

Иҷрои қонун ҳатмист

Хуҷанд. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар вилояти Суғд татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хуб ба роҳ монда шудааст.

Давоми семоҳаи аввали соли равон дар қаламрави вилоят роҷеъ ба ҳолати иҷрои қонуни мазкур 1062 санҷишу рейдҳои муштарак гузаронида, 60 қонуншиканӣ ошкор шуд.

Ба иттилои Абдуҳаким Шарипов – мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра хатнасури хайриявии 497 нафар кӯдак аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат, инчунин тӯйи домодию арӯсии 12 ҷуфт навхонадорон  доир гардид.

Замин ба омӯзгорон

НОСИРИ ХУСРАВ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо дастгирии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба беш аз 20 нафар омӯзгорони ҷавон, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои кор омаданд, қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Ҳамчунин ба онҳое, ки хоҳиши таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии худро доранд, низ қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Ба омӯзгорон дар бунёди манзил ва пешбурди корҳои деҳқонӣ дар заминҳои наздиҳавлигиашон кумак мерасонанд. Айни ҳол дар ноҳия 25 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст. ва 600 нафар омӯзгорон ба 8 ҳазор нафар толибилмон аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд.

 Омӯзиш барои пешрафти кор

ТУРСУНЗОДА. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони воҳидҳои сохтории ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб  ва Файзобод оид ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва ташкилу ба роҳ мондани корҳои назоратӣ семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар он роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, ташкили  назорати вазъи экологӣ, дар ин замина дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ  суҳбати ошкор ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокдорон дар ин бобат оид ба рафъи мушкилоти мавҷуда пешниҳодоти зиёд баён карда, мутахассисон ба кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.

Роҳҳо обод мешаванд

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар кӯчаи марказии ба номи Октябри шаҳри Истаравшан кори асфалтпӯшии  роҳ оғоз ёфт. Дарозии ин роҳ зиёда аз 1,5 километрро ташкил карда, маблағгузории он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд тибқи қарори раиси вилоят «Соли 2014 — Соли роҳҳои обод» эълон гардидааст. Ба ин муносибат давоми семоҳаи аввали соли равон дар қаламрави вилоят ба масофаи 227 километр роҳҳои шаҳру навоҳӣ ва марказии он таъмиру барқарор шудаанд.

 Вохӯрии судманд

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо муовини якуми вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ  доир гардид. Ҷонибҳо доир ба таърихи халқу миллат, урфу одат, фарҳангу тамаддуни кишвари худ  маълумот дода, ҳамчунин вобаста ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соҳаи маориф ва илм ибрози андеша намуданд. Дар поёни мулоқот  ҷонибҳо тафоҳумномаҳоро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илми ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ барои  вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дидан намуд.

Матбааи нав ба кор омода мешавад

ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Дар маркази шаҳраки Восеъ матбааи замонавӣ омодаи кор мешавад. Бинои ин матбаа бар ивази  бинои куҳнаи он аз ҷониби соҳибкор Авазхон Кабиров  бунёд мешавад. Барои матбааи нав, бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ, ки аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷудо карда шудааст, таҷҳизоти чопии хитойӣ харидорӣ ва дастрас шуд. Алҳол ин таҷҳизотро мутахассисони маҳаллӣ насб ва ба кор омода менамоянд. Дар назар аст, ки баъди ба кор сар кардани матбаа рӯзномаҳои маҳаллии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Темурмалик низ дар ин ҷо ба  табъ хоҳанд расид.

 Ёде аз оҳангсози маъруф

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 100- солагии яке аз оҳангсозони маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Диловар Латифов конфронсро ифтитоҳ карда,  мухтасар аз хизматҳои З. Шаҳидӣ дар рушди санъати тоҷик ёдовар шуд. Роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти оҳангсози номӣ устодон ва донишҷӯён низ ибрози назар карданд. Ҳузури духтари Зиёдулло Шаҳидӣ-Фирӯза  Шаҳидӣ, ки бо пайроҳаи падар қадам зада, дар соҳаи санъат фаъолият мекунад, ҷамъомадро ҷолиб гардонид

Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.