Ҷаласаи васеи кории Маҳмадсаид Убайдуллоев

№105 (3406) 05.08.2015

Городская ума палатаСеюми августи соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти боздидҳои шахсии худ аз мавзеъҳои сохтмонию рушди инфрасохторӣ ва хизматрасониҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳр, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилотҳои пудратии бунёду азнавсозӣ ва таъмири ҷории роҳҳо ва каналу селпартоҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузоришавандаро  ба сифати корҳои сохтмонӣ, мақсаднок азхудкунии маблағҳо ва дар муҳлатҳои лоиҳавӣ мавриди ба комиссияи қабул пешниҳод намудани ҳар кадоме аз иншоот нигаронида, дастур дод, ки вобаста ба таъиноти иншоот раисии комиссияҳои қабули иншоот ба зиммаи раисони комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи худ ва роҳбарияти шаҳр барои иштироки васеи роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар сабқати созандагии эълондоштаи Раиси шаҳр ҷиҳати таъмири роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузари ноҳияҳо арзи сипос намуда, гуфт, ки ширкатҳои пудратчии иншооти роҳсозии шаҳр нисбати эҳсонкории анҷомдодаи худ дар ин сабқат ба Раиси шаҳр то якуми сентябри соли ҷорӣ маълумот манзур созанд.

Инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолатҳои ҷойдоштаи савдои кӯчагӣ ва то ба охир хотима набахшидан ба ин раванд, афзудани фарҳанги бегона, қабл аз ҳама талбандагӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётӣ, изҳори нигаронӣ намуда, ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе супориш дод, ки дар ин самт амалисозии тадбирҳои андешидашудаву профилактикиро пурзӯр намояд.

Ҳамзамон бо вуҷуди он ки пас аз мавриди вокуниши шадиди Раиси шаҳр қарор гирифтани ҳолати нигаҳдошт ва сифати ғизоии ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва муассисаҳои томактабии шаҳр пешниҳодшаванда ва комилан ислоҳ шудани вазъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сардори Раёсати маорифи шаҳр супориш дод, ки мудирони боғчаҳои дар ин самт ба камбудию саҳлангорӣ роҳдодаро аз вазифа сабукдӯш ва барои ишғоли вазифаашон озмун эълон намояд.

Ҷиҳати аз байн бурдани норасоии катҳои хоб дар муассисаҳои томактабӣ ва васеъ намудани имконияти фарогирии кӯдакон ба ин гуна муассисаҳо, ҳолати сохтмони 12 иншооти хусусии томактабӣ, ки дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар минтақаҳои гуногуни шаҳр амалӣ карда мешавад, бо иштироки фармоишгарони иншоот баррасӣ гардида, барои тезонидани суръати корҳои сохтмонии лоиҳавӣ дастурҳо дода шуданд.

Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, тибқи дастури Раиси шаҳр  барои пурзӯр намудани чораҳои ҷаримабандӣ ба хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, шурӯъ аз 29 июли соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаи партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шудааст.

Дар ҷаласа баҳри татбиқи сартосарии ин дастур ва аз рӯи лоиҳаҳои аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳияшуда бунёд кардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар мавзеъҳои таъиншудаи шаҳраку маҳаллаҳо қарор дода шуд, ки ин иқдом то 31 августи соли ҷорӣ таҳти масъулияти раисони ноҳияҳо бо ҷалби сокинону аҳли ҷамоатчигӣ амалӣ карда шавад.

Бобати нигоҳдошт ва ҳифзи фонди манзил дар шаҳр, ки ба истиснои ҳолатҳои алоҳида комилан хусусӣ гардонида шудааст, масъулин муваззаф карда шуданд, ки муоинаи техникии биноҳои истиқоматиро анҷом дода, барои тадбирандешӣ  маълумот манзур намоянд. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати ду ҳафта баҳри раҳнамоии сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳудуди фарогири марзи маъмурии шаҳрро дар минтақаҳои ҳаммарзи ноҳияҳои атроф аломатгузорӣ намоянд.

Дар  ҷаласа  нақшаҳо оид ба омодагӣ ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида, барои пурмуҳтаво ва муосир намудани хизматрасониҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр ба масъулин супоришҳо дода шуданд.

Дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи динӣ дар шаҳр аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо такя ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон дастуру роҳнамоиҳои мушаххас ироа гардиданд.

Ш. САИДОВ