Иҷрои Фармони Президент

Қарзи фарзандиро адо мекунанд

№49 (3529) 14.04.2016

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд дар рӯзи нахустин нақшаи даъвати баҳории навас­карон ба хизмати ҳарбиро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро намуданд. Бино ба қавли Бузургмеҳр Умаров — сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ, мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар даъвати баҳории  ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз ноҳия 26 нафар сафарбар шудаанд.

Ба ин муносибат дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, — шаҳраки Меҳрон чорабинии идона бо ҳузури волидайни наваскарон барпо шуд.Муҳаммадҷобир Раҷабзода — раиси ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ифтихор ва шараф барои ҳар фарди бонангу номус хонда, нав­аскаронро даъват кард, ки бо сари баланд ва номи нек ин рисолатро анҷом диҳанд.

 Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»