Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - наҷотбахши миллат

Асоси марҳилаи навини давлатдорӣ

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ифтитоҳ ёфт. Дар рафти баргузории Иҷлосияи мазкур, ки то 2 декабри соли 1992 идома дошт, депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳиму тақдирсози сохтори давлатӣ ва ҳаёти ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла дар ҳамин Иҷлосия  бо натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

«Вай дар ҳузури аъзои парлумон сухан карда, ба онҳо барои бовариашон миннатдорӣ намуд ва гуфт, ки натиҷаи овоздиҳӣ нишонаи ҳамфикрии аҳли Иҷлосия мебошад. Ман, пеш аз ҳама, барои муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо меҷӯям» («Садои мардум», №215 аз 24 ноябри соли 1992).

Воқеан ҳам Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои ин ваъдаи додаи худ, яъне ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар кӯшиши беандоза кард.

Оид ба фаъолияти пурсамари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ояндаи ваҳдату тақдири миллат асос гузошт, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров чунин ибрози андеша намудааст: «Аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат будан Эмомалӣ Шарифович барои ҳал кардани мушкилоти ҷиддии кишвар ва содиқона ба мардуми шарифи тоҷик хидмат кардан камари ҳимматро мустаҳкам баста, дар атрофи худ беҳтарин ақлҳои кишварро ҷамъ оварданд. Он кас амиқ дарк намуданд, ки рафъи мушкилоти мавҷударо бе шахсони кордону ташаббускор ва меҳнатӣ бартараф намудан мушкил аст» («Садои мардум», №79 аз 5 октябри соли 2001).

Яке аз масъалаҳое, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо буд.

Ба рӯзномаи Иҷлосия масъалаи мазкур таҳти унвони «Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо» пешниҳод шуд. Баъди баррасии ин масъала дар Иҷлосия 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» қабул гардид. Қонуни мазкур вобаста ба вазъи кишвар қабул ва мавриди амал қарор гирифт.

Бо қабули чандин санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла қарорҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тарз ва муҳлати татбиқи қонуни мазкур муқаррар шуда буд. Ин масъала дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи кишвар аз 12 декабри соли 1992 низ зикр гардида буд.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани ҳолати ноороми мамлакат, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ба созиш омадани тарафҳо чандин санадҳои ҳуқуқӣ қабул шуданд. Чунончӣ, дар Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» қабул гардид. Ин қонун баъди 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон татбиқи пурра ва амалии худро ёфт.

Ин раванд дар таърихи давлатдории тоҷикон ба идеологияи ваҳдати миллӣ асос гузошт. Кишвари мо дар марҳилаи рушди тамоми соҳаҳо, фазои сулҳу ороми ҷомеа қарор дорад, ки ба он Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузоштааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»