Аз ҳаёти парлумонҳои ҷаҳон

№107 (4057) 05.09.2019

Маликаи Британия парлумони кишварро ба танаффус фиристод

OLYMPUS DIGITAL CAMERAБино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ҳафтаи гузашта маликаи Британия Елизавета II розӣ шуд, ки бо дархости сарвазир Борис Ҷонсон фаъолияти парлумонро қатъ кунад. Танаффус дар кори он аз ҳафтаи дуюми моҳи сентябр шурӯъ шуда, то 14 октябри соли равон давом мекунад.

Ба ин тартиб, ҳукумати Борис Ҷонсон имкон пайдо мекунад бидуни муқовимати вакилон аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад, ки гуфта буданд, намегузоранд кишварашон бе созиш аз Иттиҳоди Аврупо берун равад.

Ҳукумати Британия аз малика хоста буд, ки фаъолияти парлумонро аз 10 сентябр қатъ кунад. Тавре Борис Ҷонсон гуфтааст, паёми малика, ки тибқи одат нақшаҳои марбут ба қонунгузории ҳукуматро эълом мекунад, 14 октябр, яъне, ду ҳафта пеш аз санаи хориҷшавии Британия аз Иттиҳоди Аврупо, баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, Британия 31 октябр аз Иттиҳоди Аврупо берун шавад. Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон мегӯяд, ки ба танаффус фиристодани парлумон ба хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупо рабт надорад.

Ҷон Беркоу, раиси маҷлиси авом, ин амали ҳукуматро «истибдоди конститутсионӣ» унвон кард. «Инро ҳар гуна, ки шарҳ диҳанд, комилан рӯшан аст, ки ҳадаф як аст — монеъ шудан, то вакилон Брекзит (аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шудани ­Британия)-ро баррасӣ накунанд ва масъулияташонро дар муайян кардани самти ҳаракати кишвар иҷро нанамоянд… Ин суиқасд ба раванди демократия ва ҳаққи қонунгузорон ҳамчун намояндагони интихобшудаи мардум аст», — гуфт вай.

Мухолифон тасмим доранд, ки аз ин амали ҳукумат ба додгоҳ шикоят баранд. Аксари вакилони парлумони Британия низ зидди ба тундӣ хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.

Ҷонсон — яке аз роҳбарони маъракаи Брекзит, моҳи июли соли ҷорӣ баъди он сарвазир таъин гардид, ки дар интихоботи дохилии Ҳизби консерваторон баъди истеъфои Тереза Мэй пирӯз шуд. Мэй бо Иттиҳоди Аврупо ба созиш расид, вале онро парлумон қабул накард ва ӯ маҷбур шуд истеъфо диҳад.

Ҳоло Ҷонсон пофишорӣ дорад, ки Британия дар ҳар сурат 31 октябр аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад шуд. Ҳатто эҳтимол бидуни созиш. Вале пеш аз ба танаффус рафтан, вакилони парлумон чанд рӯз дар ихтиёр доранд, то аз хориҷшавии бидуни созиш пешгирӣ кунанд.

Британия бино бар натиҷаҳои раъйпурсии соли 2016, мебоист 29 март аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад, аммо парлумон се маротиба созишномаи хориҷшавиро рад кард.

Дмитрий Разумков раиси парлумони Украина интихоб гардид

Парлумони Украина номзадии Алексей Гончаруки 35-соларо ба мақоми сарвазири ин кишвар тасдиқ кард. Дар ин бора «Интерфакс-Украина» хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, номзадии ӯро, ки ҷавонтарин раиси ҳукумат дар таърихи кишвар аст, ба мақоми сарвазирӣ Президенти Украина Владимир Зеленский ва ҷиноҳи ҳокими «Ходими мардум» пешниҳод карданд. «Ходими мардум» ҷиноҳи аксарият дар парлумон буда, вазифаи эътилофи ҳокимро иҷро мекунад.

Ҳамчунин, роҳбари ҳизби «Ходими мардум» Дмитрий Разумков раиси парлумони Украина интихоб гардид. Руслан Стефанчук (аз «Ходими мардум») ва Алена Кондратюк (аз ҷиноҳи мухолифи «Баткившина») муовинони ӯ таъин шуданд.

Президенти Украина низ дар ҷаласаи парлумон сухан карда, гуфт, ки мардуми кишвараш аз вакилони нав интизории зиёд дорад. Агар ин интизориҳо бароварда нашаванд, омодааст, парлумонро як сол пас пароканда эълом кунад.

Нахустин ҷаласаи парлумони нави Украина 29 август дар шаҳри Киев баргузор шуд, ки зимни он 424 вакил савганд ёд карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи нави парлумонии Украина ҳизби Владимир Зеленский 43 дарсади овозҳоро соҳиб шуд.

«Садои мардум»